joomla

10:52, 19th January 2019
Январ 2019
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
free templates joomla

Институти химияи ба номи В.И. Никитин

734063, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Айни, 299/2,

т. (99237) 225-80-95 

Санаи таъсиси Институти химия 1-уми сентябри соли 1946 дониста мешавад. Он дар заминаи Озмоишгоҳи аналитики шаҳри Ленинобод ва Озмоишгоҳи химиявӣ дар шаҳри Сталинобод ташкил карда шудааст. Яке аз ташкилкунандагон ва нахуст-директори институт дар муддати 25 сол, шогирди олими намоёни рус А.Е.Фаворский – доктори илми химия, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, корманди хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, профессор В.И. Никитин буд. Ҳукумати ҷумҳурӣ хизматҳои В.И.Никитинро ба назар гирифта, соли 1977 Институти химияро ба номи ӯ гузошт. Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии институт дар ин давра омӯзиши ҷиҳатҳои химиявии захираҳои табии Тоҷикистон ва истифодаи натиҷаҳои бадастомада барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ буд. Дар институт самтҳои таҳқиқот ба чунин масъалаҳое монанди синтези тунуки органикӣ (академики АИ ҶТ В.И. Никитин) химияи пайвастагиҳои табиӣ (академик К.Т.Порошин, номзади илми химия С.Б.Давиднс), равандҳои металлургӣ (узви вобастаи АИ ҶТ И.А.Глухов, номзади илми химия С.М.Баситова), равандҳои физикию химиявии ғанигардонии канданиҳои фоиданок (академик П.М.Соложен-кин), химияи нафт (академик  И.У. Нумонов), химияи газ (профессор З.А.Румянцева) равона карда шуда буд. Мавзӯи асосии институт дар тамоми давомоти мавҷудияти он тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ буд. Ба ин мақсад ҳар сол барои гузоштани тайёрии илмӣ даҳҳо коромӯзон ва аспирантҳо ба муас-сисаҳои илмии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Новосибирск, ҳамчунин ба муассисаҳои илмии ҷумҳуриҳои иттиҳод дар шаҳрҳои Тошканд, Киев, Минск ва шаҳрҳои дигар ба сафарҳои хизматӣ фирис-тонида мешуданд. Бо ҳамин гуна мақсад дар ибтидои солҳои 70-ум бахши химияи Академияи хурди илм-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби ҳарсолаи химия барои мактаббачагони болаёқат ташкил карда шуда буданд. Дар тайёр кардани кадрҳо олимони намоёни АИ Иттиҳоди Шӯравӣ ба мисли академикҳо В.А.Коргин, Н.А. Платэ, Г.Г.Девятых, М.Д.Машковский, Б.П.Жуков, Ю.А.Буслаев, Ф.А.Кузне-сов, профессор Т.Н. Дымова ва ғайра иштирок намуданд.

Дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ нақши бузургро дар назди институт якҷоя бо олимони Қирғизистон таъсис додани шӯрои махсусгардонидашудаи минтақавӣ оид ба дифои рисолаҳо (1975-1992, раиси шӯро – академик И.У.Нӯмонов), ҳамчунин ду шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмии доктори илм (раис – академик Ӯ.М.Мирсаидов) ва дараҷаи номзади илм (раис – узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Х.Холиқов) бозиданд, ки онҳо тайи солҳои 1992-2000 фаъолият намуданд. Маҳз ҳамин кӯшишҳо буданд, ки дар ин давра барои институт 25 доктори илм ва бештар аз 200 номзади илм тайёр карда шуд ва худи институт ба маркази тайёр кардани мутахассисони соҳаи химия барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ҳамчунин барои як қатор давлатҳои ИДМ, Афғонистон, Сирия, Гвинея, Иордания ва монанди ин табдил ёфт.

  

Полимерҳои таъйиноти тиббӣ 

Дар соли 1971 ба вазифаи директори институт олими намоён дар соҳаи химияи нафт, доктори илми химия, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор И.У.Нӯмонов интихоб гардад. Дар ин замон дар институт 12 озмоишгоҳ ва як сектор вуҷуд доштанд, ки дар онҳо таҳқиқот дар самтҳое монанди поли-мерҳои нахҳосилкунанда (профессор И.Я.Калонтаров), геохимия ва химияи аналитикӣ (академик Д.Н.Почоҷонов), металлургияи металҳои фавқултоза, хӯлаҳои пресизионӣ (профессор А.В. Ваҳобов), ғанигардонии канданиҳои фоиданок (академик П.М.Соложен-кин), синтези органикӣ (узви вобастаи АИ ҶТ Е.М. Глазунова), равандҳои плазмохимиявӣ (номзади илми химия Ю.В.Валибеков), унсурҳои нодир ва пароканда (узви вобастаи АИ ҶТ И.А.Глухов), фармокалогия (академик К.Ҳ.Ҳайдаров), химияи нафт (академик И.У.Нӯмонов; профессор И.М.Носиров), химияи пайвастагиҳои табиӣ (доктори илми химия В.К. Буриченко), химияи ангишт (профес-сор З.А.Румянсева) ва маводҳои тозаи фторидӣ (профессор Ҷ.Ҷ.Икромӣ) гузаронида шуданд. Дар ин давра ба рушди як қатор самтҳои муҳим токони тоза дода шуд, аз ҷумла: химияи гидридҳои ғайриорганикӣ (академик Ӯ.М.Мирсаидов), маводҳои зангна-зананда (академик И.Н.Ғаниев), маводҳои бадгудохташаванда (доктори илми химия М.Н.Абдусаломова) пай-вастагиҳои гетеросиклӣ (профессор И.М.Носиров), полимерҳои тиббӣ-биологӣ (узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Х. Холиқов), химияи нахи пахтагӣ (ном-зади илмҳои техникӣ Қ.М.Махкамов). Олимони институт дар рушди ҷиҳатҳои бунёдии соҳаҳои гуногуни химия саҳми назаррас гузоштанд, аз ҷумла дар назарияи хлоролудагардонии метал-лҳои чандвалента (узви вобастаи АИ ҶТ И.А.Глухов, номзади илми химия С.С.Елисеев), ки боиси коркарди тех-нологияи хлоролудагардонии пастҳа-рорати маъдансовҳои камволфрам ва каммолибден, консентратҳои ғайри-конденсӣ (ғализнашуда) ва маҳсулоти мобайнии ғанигардонӣ гардид. Усул-ҳои ҷудо кардан ва тоза намудани фторидҳои унсурҳои ишқорӣ ва иш-қорзаминӣ (доктори илми химия Д.Ҷ. Икромӣ) коркард шуданд, ки онҳо дар намуди монокристалл хосиятҳои ба-ланди оптикӣ доранд. Маводҳои ним-ноқилӣ ва магнитӣ дар асоси стабидҳо, антимонидҳо ва висмутинҳои унсур-ҳои нодирзаминӣ синтез карда шуданд (доктори илми химия М.Н.Абдусало-мова; доктори идми химия В.Г.Абул-хаев). Дар асоси мукаммал сохтани назария ва амалияи гудозиши мин-тақавӣ технологияи ҳосил кардани металлҳои фавқултоза (доктори илм-ҳои техникӣ А.В.Ваҳобов, узви вобас-таи АИ ҶТ И.Н.Ғаниев, номзади илм-ҳои техникӣ Ф.И.Обидов), хӯлаҳо дар асоси алюминий, барий, стронсий ва металлҳои дигар коркард шуданд. Равандҳои нави технологии ғанигар-донии канданиҳои фоиданок коркард шуданд, ки онҳо ба вуҷуд овардани тарзи флотатсияи маъдансовҳои сим-обу сурмаи аҳамияти саноатидоштаро боис гардиданд (академик П.М. Соложенкин, номзади илмҳои техникӣ З.А.Зинченко, номзади илми химия Г.Ю.Пӯлодов, номзади илми химия З.Р.Баротова). Конҳои мису висмутии Тоҷикистон ба таври муфассал омӯхта шуданд (академик Д.Н.Почоҷонов, номзади илми химия Ю.Л.Валиев), ҳамчунин тарзҳои синтез ва татбиқи азорангкунандаҳо дар таҳлили миқ-дори ками металлҳо дар таҳқиқи биохимиявӣ ва гидрохимиявӣ коркард шуданд (номзади илми химия М.Ю.Юсупов, номзади илми химия А.Алихоҷаев). 

Маҳсулоти коркарди комплексии гилҳои аргиллитӣ ва каолинии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳқиқот оид ба синтез ва омӯзиши хосиятҳои физикию химиявии гидридҳои ғайриорганикӣ иҷро карда шуданд (академик Ӯ.М.Мирсаидов, доктори илми химия М.С.Пӯлодов, доктори илми химия Р.Ф.Гатина). Дар институт корҳо оид ба коркарди комплексии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳо васеъ карда шуда (академик Ӯ.М.Мирсаидов, узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ.С.Сафиев, доктори илми химия И.Ш.Норматов, номзади илми химия Х.Э.Бобоев), тарзҳои коркарди сиенитҳои нефелиновӣ, ҳосил кардани намаки тиббӣ, безараргардонии май-дони шламии Корхонаи алюминийи Тоҷикистон коркард шуданд. Корҳо оид ба химияи атсетилен имконияти синтези спиртҳои сеатомаи секаратаро нишон доданд (академик В.И.Никитин, узви вобастаи АИ ҶТ Е.М.Глазунова, доктори илми химия М.Д.Исобоев, номзади илми химия Г.С.Санюкович), ки табдили минбаъдаи онҳо шароити ҳосил кардани эфирҳои гуногуни глитсеринҳо, аз ҷумла моддаҳои аз ҷиҳати физиологӣ фаъолро ба вуҷуд оварданд. Баҳодиҳии химиявӣ ва биохимиявии шаклҳои зайтуни Помир гузаронида шуда (узви вобастаи АИ ҶТ Е.М.Глазунова, академики АИ ҶТ К.Ҳ.Ҳайдаров, номзади илми химия Н.Д.Гачечиладзе), миқдори флавоно-идҳо муайян карда шуд ва таъсири равғани зайтун ба равандҳои бозтавлид ва табобати захми меъда омӯхта шуд. Усулҳои ҷудо кардани гистонҳо ва синтези фрагментҳои алоҳидаи он коркард шуда (академики АИ ҶТ К.Г.Порошин, доктори илми химия В.К.Буриченко, номзади илми химия Г.Ф.Қосимова, номзади илми химия Л.И.Марьяш, номзади илми химия Т.П.Копится, олигопентидҳои моделҳои сохт-синтетикии мунтазами фрагментҳои баъзе сафедаҳои табиӣ ҳосил карда шуданд, модификатсияи алколоидҳо бо ҳосил кардани моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол гузаронида шуд (номзади илми химия Ю.Д.Содиқов, номзади илми химия М.Қурбонов) Маводи васеътатбиқ оид ба оксидкунӣ ва омӯзиши маҳсулоти оксиди ангиштҳои сиёҳ ва сангӣ ба даст оварда шуда (доктори илми химия З.А.Румянсева, номзади илми химия В.Б.Гарсман), таркибаҳои гетероато-мии нетейҳои вазнин, серқатрон ва серсулфури Тоҷикистон омӯхта шуданд (академики АИ ҶТ И.У.Нӯмонов, доктори илми химия И.М.Носиров, номзади илми химия В.В.Чайко), таркиб ва табиати пайвастагиҳои сулфурорганикӣ  ва нитрогенорганикӣ аниқ карда шуда, қобилияти реак-сионии системаҳои бисиклии конденсӣ ва сулфурдори тиаинденҳо ва тиа-инданҳо синтез ва омӯхта шуданд (доктори илми химия И.М.Носиров, доктори илми химия С.Ш.Шукуров, доктори илми химия М.А.Куканиев, доктори илми химия А.Х.Қодиров, доктори илми химия Р.Усмонов) ва пайвастагиҳои нави аз ҷиҳати биологӣ фаъол синтез карда шуданд. Таҳқиқоти васеъ оид ба омӯзиши қонуниятҳои сохтвайроншавӣ (деструксия)-и термо-оксидӣ ва устуворгардонии атсетатҳои селлюлоза ва полиамидҳо (доктори илмҳои техникӣ. И.Я.Калонтаров, доктори илми химия Ф.Ф.Ниёзӣ, номзадщи илмҳои техникӣ Қ.М. Махкамов), ҳамчунин оид ба ранг-кунандаҳои фаъоли барои модифи-катсияи полимерҳои нахҳосилкунанда ва тарзи ҳосил кардани селюлозаи микрокристаллӣ (номзади илмҳои техникӣ Қ.М.Махкамов) гузаронида шуданд. Дар соҳаи офаридани полимерҳои таъйиноти тиббӣ дар асоси мономерҳои этинилпинеридол (узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Х.Холиқов, номзади илми химия Ф.Х.Сафиулина, номзади илми химия З.Б.Шарифова, номзади илми химия Л.Х.Плиева) ва моддаҳои никтинӣ (узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Х.Холиқов, номзади илми химия З.К.Муҳиддинов, номзади илми химия Х.Х.Авлоев) таҳқиқот гузаронида тарзҳои синтези сополимерҳои хаттӣ, печида ва тӯрӣ бо таъсири васеъи биологӣ коркард шуданд. 

Микрокапсулаҳо дар асоси пектин-сафедаҳои комплексӣ

 Дар охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-ум Институти химия ҳамасола бештар аз 40 шаҳодатномаи муаллифӣ ба ихтироот ба даст овард, ки қисме аз онҳо дар Англия, ИМА, Шветсария, Фаронса патентӣ карда шуда, бисёре аз онҳо дар истеҳсолот татбиқи худро ёфтанд, аз ҷумла: истеҳсоли сӯзишвории сахти ракетӣ (академик Ӯ.М.Мирсаидов, н.и.х. М.С.Пӯлодов, д.и.х. Р.Ф.Гатина) дар заминаи Иттиҳодияи истеҳсолии  «Навоиазот» ва корхонаи гидрометал-лургии Исфара, тарзҳои безарар-гардонии партовҳо дар Корхонаи алюминийии Тоҷикистон (академик Ӯ.М.Мирсаидов, узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ.С.Сафиев). 

Коркарди озмоишгоҳи фармакология 

Тарзҳои ҳосил кардани фторидҳои барий ва литий, ҳамчунин керамикаи оптикӣ (д.и.х. Ҷ.Ҷ.Икромӣ, д.и.х. Р.Охунов, н.и.х. А.С.Парамзин, н.и.х. Г.Дадабаев) дар ГОИ ба номи С.И.Вавилов (Москва) ва дар Корхонаи «Красный химик» (Санкт-Петербург), реагенти КТАДАФ (н.и.х. М.Ю.Юсупов, н.и.х. А.А.Алихоҷаев) дар корхонаи заргарии ш. Душанбе ва корхонаҳои дигар татбиқ карда шуданд. Коркардҳои академики АИ ҶТ П.М.Соложенкин ва кормандони ӯ оид ба флотатсияи маъдансовҳо дар Корхонаҳои металлургияи кӯҳии Алмалык, Адрасмон, Корхонаи сурбу синк, хӯлаҳои алюминӣ бошад дар АЛЧСК ва АСТ-9 (доктори илмҳои техникӣ А.В.Ваҳобов, узви вобастаи АИ ҶТ И.Н.Ғаниев, номзади илмҳои техникӣ Ф.У.Обидов) дар Корхонаҳои алюминийи Новосибирск ва гидро-металлургии Исфара истифода шуданд. Доруи зиддиэпилептикии «Карботин» (узви вобастаи АИ ҶТ Е.М.Глазунова, академик К.Ҳ.Ҳайдаров, н.и.х. Н.В. Глебова) ва гемосорбенти «ИХАНТ» (узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Х.Холиқов, н.и.х. Ф.Х.Сайфулина) дар клиникаҳои шаҳрҳои шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Тифлис, Минск ва Душанбе аз озмоишҳо бомувафаққият гузаш-танд. Истеҳсоли доруи «ИХАНТ» дар сехи таҷрибавии институт, моддаҳои пектинӣ бошад (узви вобаста Ҷ.Х.Холиқов, н.и.х. З.К.Муҳиддинов) дар сехи таҷрибавии ПАПО «Шаҳринав» ба роҳ монда шудааст. Дар Корхонаи алюминийи Тоҷикистон тарзҳои ҳосил кардани ферросилитсий ва ҷӯян аз партовҳои технологияи ғайримаъмулӣ (узви вобастаи АИ ҶТ И.Н.Ғаниев) бо самараи иқтисодии қариб 1 млн. доллари ИМА татбиқ карда шудаанд. Дар ҳамин корхона истеҳсоли коагулянтҳо (узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ.С.Сафиев) барои тоза кардани обҳо ба роҳ монда шудааст. Коркардҳои институт (узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Х.Холиқов) оид ба сохтани мембранҳо дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» барои истеҳсоли ҳисобгиракҳои газӣ, тарзи тоза ва устувор гардонидани шаффофияти шароб бо бентонитҳо ва маводҳои полимерӣ (узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Х.Холиқов) дар АООТ «Душанбе» бо самараи иқтисодии 67 ҳазор сомонӣ татбиқ карда шуданд. 

Монокристаллҳо дар асоси иттербий, тулий, манган ва сурма 

Барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи илм ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот кормандони институт П.М.Соложенкин, Н.И.Копится, В.С. Пунков бо ҷоизаи Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ, А.В.Ваҳобов, Ф.У. Обидов, Ҷ.Х.Холиқов, И.Н. Ғаниев, З.Б.Шарифова, З.К.Муҳиддинов, У.М. Мирсаидов ва Д.Н.Почоҷонов бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шуданд. Барои фаъолияти босамари ихтироъкорӣ ба И.Д. Калонтаров, К.Ҳ.Ҳайдаров, И.Н. Ғаниев, З.А.Зинченко ва Қ.М.Махка-мов унвони фахрии «Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шудааст:

Институти химия робитаҳои васеи илмӣ дошта, олимони он бо олимони давлатҳои хориҷӣ аз ҷумла дар доираи барномаи «Интеркосмос» ва барно-маҳои илмии НАТО, синтези тиазолҳои ҳосилавӣ ва омӯзиши фаъолияти биологии онҳо бо Инсти-тути онкологии иёлоти Мериленд (ИМА) корҳои муштарак анҷом дода, ҳамкориҳои илмии худро бо олимони давлатҳои ИДМ идома медиҳад.

Соли 1987 ба вазифаи директори институт академики  АИ ҶТ, доктори илми химия, профессор Ӯ.М. Мирсаидов (солҳои 1995-2005 прези-денти АИ ҶТ, академик) интихоб гардид. Аз соли 2003 то айни замон институтро академики АИ ҶТ Ҷ.Х. Холиқов сарварӣ менамояд.

Самтҳои асосии таҳқиқоти Инсти-тути химияи ба номи В.И.Никитин дар айни замон инҳо мебошанд:

• геохимияи раванди таҳнишастӣ, коркард ва истифодаи усулҳои атомноэмиссионӣ, электрохимиявӣ ва усулҳои дигари таҳлили маводҳои табиӣ ва техникӣ;

• коркарди такрории комплексии захираҳои ашёи хом ва партовҳои саноатӣ;

• полимерҳо бо комплекси хосиятҳои махсус;

• синтез ва таҳқиқи маводҳои синтетикӣ ва табии аз ҷиҳати биологӣ фаъол.

Тайи солҳои 1991-2011 кормандони институт мутобиқ ба самтҳои зикршуда бештар аз 110 патенти ҶТ ба даст оварданд. Дар институт шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба илмҳои химия, техникӣ ва тиббӣ фаъолият менамоянд. Дар ин шӯроҳо дар ин давра 45 рисолаи докторӣ ва 282 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд.

Дар айни замон дар институт 8 озмоишгоҳ фаъолият менамояд:

• геохимия ва химияи таҳлилӣ; коркарди такрории комплексии ашёи хом ва партовҳо;

• ғанигардонӣ (бойгардонӣ)-и маъданҳо;

• маводҳои зангназананда;

• химияи пайвастагиҳои калон-молекулӣ;

• синтези органикӣ;

• пайвастагиҳои гетеросиклӣ;

• фармокология (дорушиносӣ);

• гурӯҳ оид ба татбиқи натиҷаҳои илмӣ.

Ҳоло дар институт 100 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 5 академикҳои АИ ҶТ, 1 узви вобастаи АИ ҶТ, 18 доктори илм ва 24 номзади илм мебошанд.