joomla

21:42, 19th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

Институти астрофизика

734042, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Бухоро, 22,

т. (99237) 227-46-14 

Илми муосири астрономия дар Тоҷикистон аз рӯзи таъсиси Расад-хонаи Тоҷикистон – 13 ноябри соли 1932 бо Қарори Шӯрои Комиссарияти халқии ҶШС Тоҷикистон оғоз гардидааст (соли 1948 он Расадхонаи Сталинобод номгузорӣ шудааст). Бо қарори КМ ҲК ва Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 17 январи соли 1958 Расадхонаи Сталинобод ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуд.

Ин институтро тайи солҳои гуногун олимони зерин роҳбарӣ намудаанд: П.Б.Бобоҷонов (солҳои 1959-1971, 1992-2003), академик О.В.Добровол-ский (солҳои 1971-1977), узви вобастаи АИ ҶТ М.Н.Махсумов (солҳои 1977-1992), узви вобастаи АИ ҶТ Х.И.Ибодинов (аз соли 2003 то айни замон).

Дар институт мушоҳидаи объектҳои табиӣ ва сунъии кайҳонӣ, аз ҷумла тибқи лоиҳаву барномаҳои байнал-милалӣ иҷро карда шудаанд. Таҳқиқи амиқи бунёдии метеорҳо ва атмос-фераи болоии Замин, кометаҳо ва астероидҳо, ситораҳо ва голактика гузаронида шудааст. Таҳти роҳбарии академикҳо П.Б.Бобоҷонов ва О.В. Доброволский мактабҳои машҳури илмӣ оид ба моддаи метеорӣ ва физикаи кометаҳо ташаккул ёфтанд. Институт бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (соли 1969). Иттиҳоди байналмилалии астро-номӣ (МАС) саҳми институтро дар рушди илми астрономия хеле баланд баҳодиҳӣ намуда, 7 сайёраи хурдро ба номи 7 олимони институт гузошта, 2 сайёраи дигарро «Таджикистан», «ГисАО» номгузорӣ кард.

Ҳоло дар Институти астрофизика 3 расадхона дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр фаъолият мекунанд: Расадхонаи Ҳисор (баландӣ – 730 м), расадхонаи «Санглох» (баландӣ – 2300 м) дар ноҳияи Данғара ва бахши он – расадхонаи «Помир» (баландӣ – 4350 м) дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ. Ба ҳайати институт воҳидҳои зерини илмӣ дохил мешаванд: шӯъбаи кометаҳо ва астероидҳо бо гурӯҳи астрофизикаи таҷрибавӣ, шӯъбаи астрономияи метеорҳо, гурӯҳи ионосферӣ, гурӯҳи астрономия, гурӯҳи ситораҳои тағйир-ёбанда ва гурӯҳи сохтор ва динамикаи системаҳои ситоравӣ.

Дар солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон институт нерӯи асосии илмии худ, расадхонаҳо ва таҷҳизоти асосиро ҳифз намуда, таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии кометаҳо, моддаҳои метеорӣ ва объектҳои табиӣ ва сунъии наздизаминӣ, ситораҳои тағйирёбанда, комплексҳои ситораҳосилшавӣ, голак-тикаҳо ва падида (эффект)-ҳои сейсмоионосфериро идома дод. Институт ба барқарорсозӣ ва такмил додани расадхонаҳои худ оғоз намуд. Рефлектори 60 см ширкати Карл Сейс дар расадхонаи «Санглох» насб ва мавриди истифода қарор дода шуда, аз соли 2007 татбиқи техникаи нав (асбобҳои системаи зарядӣ – ПЭС) ва технологияи компютерии мушоҳида-ҳои астрофизики объектҳои кайҳонӣ оғоз гардид. Ин ба институт имкон дод, ки дар лоиҳаҳои Маркази байналмилалии илмию техникӣ, Барномаи байналмилалии ПУЛКОН, лоиҳаҳои Соли Байналмилалии Астро-номия, ЮНЕСКО ва СММ иштирок намояд. Ҳамкориҳои фаъол бо Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ (сол 1993 ҶТ ба узвияти он пазируфта шуд), бо Кумитаи байналмилалии таҳқиқоти кайҳон (КОСПАР), бо Ҷамъияти астрономии Аврупою Осиё ва ташкилотҳои дигари байналмила-лии илмӣ мустаҳкам карда шуд.


Телескопи АЗТ-8 РА Ҳисор

Расадхонаи астрономии Ҳисор. 40-см астрограф

Расадхонаи астрономии «Санглох».
Рефлектори 60-см ширкати Карл Цейс.

Расадхонаи астрономии «Помир».  Телескопи 70-см

Институт ҳамкориро бо муассисаву ташкилотҳои илмии хориҷӣ низ қавӣ намуд. Созишномаҳо оид ба ҳамкории илмию техникӣ бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Институти математикаи амалии Академияи илмҳои Россия, Расадхонаи Академияи миллии илмҳои Украина, Расадхонаи Донишгоҳи миллии Киев, Ураноскопи Фаронса баста шуданд. Бо дархости Ҷамъияти байналмилалии астрономӣ ба Расад-хонаи «Санглох» ва бахши дар Помирбудаи он мақоми расадхонаи байналмилалӣ дода шуд. Олимон аз Россия, Украина ва Фаронса якҷоя бо олимони Тоҷикистон дар Расадхо-наҳои Тоҷикистон ба корҳои муштарак оғоз намуданд. Кормандони ҷавони илмии Тоҷикистон тахассуси худро дар расадхонаи ин мамлакатҳо баланд мебардоранд. Ҳамкориҳо бо муасси-саҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ватанӣ низ хеле мустаҳкам гардид. 

Дар соҳаҳои омӯзиши ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, астероидҳо ва моддаҳои метеорӣ қону-нияти таҳаввули кометаҳои кӯтоҳдавр дар ҷисмҳои астероидмонанд, қону-нияти зоҳиршавии равандҳои фаъол дар ядроҳои кометаҳо муқаррар гардида, коҳиши кометаи кӯтоҳдаври 17Р/-и Холмс ба қайд гирифта шуд ва шартҳои коҳиши ядрои ин комета муайян карда шуд. Шароити хуруҷи чанги бузурги думи аномалии кометаҳо аз ядрои даҳҳо кометаҳо муайян карда шуданд. Қонунияти вайроншавии ядрои комета дар атмосфераи ситораҳо ва сайёраҳо аз ҷумла дар атмосфераи Замин омӯхта шуд. Ҳамчунин, суръати ҳосилшавии ионҳои мусбат ва манфӣ дар кометаҳо муайян гардида, хосиятҳои сатҳи баъзе астероидҳо низ омӯхта шуданд. 

Дар институт усул ва технологияҳои муосири мушоҳидаи метеорболидҳои дурахшон татбиқ гардида, шабакаи болидӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тасвири асосии 200 болид ба даст оварда шуда, барои 150 адади онҳо параметрҳои асосии траекторияҳои атмосферӣ, радиантҳо, суръатҳо, мадорҳо ва нишондиҳандаҳои физикӣ муайян карда шуданд.

Таҳқиқоти васеи сохтори тӯдаҳои метеоридӣ, таҳаввулоти мадори онҳо ва шароити бархӯрди онҳо бо Замин имкон доданд, ки оид ба шакли тӯдаҳои метеоридӣ ва динамикаи онҳо тасаввуроти комилан нав ҳосил карда шавад. Нишон дода шуд, ки тӯдаҳо метавонанд 4 ё 8 сели метеоридӣ тавлид намоянд. Аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқӣ ду феҳраст (каталог)-и муҳим – «Сводный каталог элементов орбит и кривых блеска метеоров, сфото-графированных в Институте астро-физики Академии наук Республики Таджикистан» ва «Метеорные потоки астероидов, пересекающих орбиту Земли» ба нашр расонида шуданд.

Таҳқиқи алоқаи аномалияҳои ат-мосферӣ (аз ҷумла ионосферӣ) ва электромагнитӣ бо ҳодисаҳои сейс-микӣ идома ёфтанд. Нишон дода шудааст, ки инъикоси чанд каратаи радиомавҷҳо аз ин падидаҳои сейсмоионосферӣ таъсир мерасонад.

Мушоҳидаҳои радифҳои геостатсио-нарии Замин ва пораҳои онҳо ва астероидҳои наздизаминӣ иҷро карда шуданд. Феҳрасти объектҳои геостат-сионарии минтақаи Ҳисор таҳия карда шуд. Бо татбиқи ПЗС – матритсаҳо ва технологияҳои компютерӣ мушоҳидаи пораҳои хурдандозаи ИСЗ то 19 бузургии ситоравӣ тавассути телес-копии АЗТ-8-и Расадхонаи Ҳисор муяссар гардид.

Дар соҳаи таҳқиқи ситораҳои тағйирёбанда аз рӯйи суратҳои бойгонии институт (70000 сурат), ки тайи чандин даҳсолаҳо ҷамъоварӣ шуданд, тағйироти квазидаврии дурахши ду ситораи ҷавони SV Сефей и СО Орион ошкор карда шуд. Оид ба полиризатсия ва нишондиҳандаҳои ранги ситораҳои тағйирёбанда нати-ҷаҳои муҳим ба даст оварда шуданд.

Таҳқиқот оид ба зоҳиршавиҳои динамикии ҳамтаъсироти муштараки ҷозибавии ситораҳо дар голактикаҳо гузаронида мешаванд. Хусусиятҳои равандҳои ситораҳосилшавии минбаъ-да муайян карда шуданд. Функсияи массаҳо ва нишондиҳандаҳои ранги комплексҳои ситораҳосилшавӣ дар галактикаҳо омӯхта шуданд.

Институт маҷаллаи илмии «Бюл-летень Института астрофизики АН РТ»-ро нашр намуда, оид ба таърихи астрономия таҳқиқот мебарад ва мутахассисонро дар соҳаи астрономия тайёр мекунад. Бо ташаббуси институт соли 1999 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисоси «Астрономия» кушода шуд. Расадхонаи Ҳисор барои тайёр кардани мутахассисон заминаи асосӣ мебошад. Дар назди институт Ҷамъияти астрономҳои Тоҷикистон амал мекунад.

Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ маркази илми астрономӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи астрономия дар Тоҷикистон мебошад.

Дар айни замон дар институт 66 корманд, аз чумла 4 доктори илм (1 академики АИ ҶТ ва 3 аъзои вобастаи АИ ҶТ) ва 10 номзади илм кор мекунанд.