joomla

01:16, 13th November 2018
Ноябр 2018
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
free templates joomla

Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

734025, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ, 21,

т. 221-70-30 

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ яке аз муассисаҳои кӯҳантарини илмӣ дар АИ ҶТ мебошад. Таъсиси он бо ташкили Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС марбут аст. Бо Қарори Раёсати АИ ИҶШС аз 17 марти соли 1932 дар ҳайати Пойгоҳи тоҷикистонӣ бахши таъриху забошиносӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ба иҷрои тадқиқоти филологӣ дар Тоҷикистон вуруди як гурӯҳ олимони маъруфи шарқшиноси рус ва ширкати фаъоли онҳо дар кори бахш мусоидат намуд: Е.Э.Бертелс, И.С.Брагинский, А.А.Семенов, М.С.Андреев, В.С. Расторгуева, А.З.Розенфелд, И.М. Оранский, В.А.Лившитс, А.П.Смир-нова, И.Эделман, Р.Л.Неменова, Л.В. Успенская, Н.Н.Ершов ва дигарон.

Соли 1940 дар заминаи бахши таъриху забоншиносӣ Институти таърих, забон ва адабиёт таъсис дода шуд, ки ҳамчун муассисаи мустақили илмӣ ба таркиби Шӯъбаи тоҷи-кистонии АИ ИҶШС дохил гардид.

Пас аз таъсиси АИ ҶШС Тоҷикистон дар соли 1951 бо қарори Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Институти забон ва адабиёти мустақил бо чор бахши илмиву тадқиқотӣ ташкил карда шуд: забон, адабиёти классикӣ, адабиёти шӯравӣ ва луғатҳо. Аз с. 1955 дар назди институт қисмати нав – осорхонаи Садриддин Айнӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Соли 1958 ба муносибати 1100-солагии таваллуди бунёдгузори адабиё-ти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба институт номи ӯ гузошта шуд.

Олимони маъруфи ҷумҳурӣ узви вобастаи АИ ҶТ, номзади илмҳои филологӣ М.Ф.Фозилов (1952-1958), доктори илмҳои филологӣ, профессор Х.М.Мирзозода (1958-1959), узви вобастаи АИ ҶТ, номзади илмҳои филологӣ Н.А.Маъсумӣ (1959-1972), узви вобастаи АИ ҶТ, номзади илмҳои филологӣ А.М.Маниёзов (1972-2000), узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои филологӣ Д.Саймиддинов (2000-2005), доктори илмҳои филологӣ С. Назарзода (2005-2011) сарвари институт буданд.

Институт дорои фондҳои ғанӣ мебошад, ки дар онҳо маводи нодир оид ба шеваҳои забони тоҷикӣ, забони ҳозираи тоҷик, эҷодиёти даҳонии халқи тоҷик ва мероси бойгонии адибони асри XX тоҷик ҷамъоварӣ шудааст. Масалан, фонди фолклори институт аз феҳристе иборат аст, ки як миллион баргаро дар бар мегирад ва сарчашмаи таҳқиқоти илмӣ мебошад. Дар институт ҳамчунин фонди устодони барҷастаи сухан, амсоли А.Лоҳутӣ, М.Раҳимӣ, М.Аминзода, А. Деҳотӣ, П.Толис, Ҳ.Юсуфӣ, Ҷ.Икромӣ, Ф.Ниёзӣ, С.Улуғзода таъсис ёфтааст, ки дар асоси онҳо осори адибони мазкур ба нашр омода карда шудаанд.

Дар назди институт Иттиҳодияи осорхонаҳои адабӣ амал менамояд, ки осорхонаи С.Айнӣ, осорхона-манзили А.Лоҳутӣ, хона-музейи М.Турсунзода, осорхонаи М.Раҳимӣ, осорхонаи М. Аминзода дар шаҳри Хуҷандро дар бар мегирад.

Китобхонаи институт дорои ду фонди китобҳо мебошад: фонди асосӣ, ки беш аз 10 ҳазор нусха китоби бадеӣ, илмӣ ва илмиву оммавӣ дорад ва фонди мубодила, ки аз ҳазор нусха китоб иборат аст.

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба таърихи адабиёт, раванди муосири адабӣ тадқиқоти муҳимро анҷом додааст, таърих, навъҳо ва хусусиятҳои эҷодиёти даҳонии халқ омӯхта шудааст, осори адабӣ ба нашр омода гардида, масъалаҳои робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ таҳқиқ шудаанд, рушди таърихии забони тоҷикӣ ва вазъи ҳозираи он мавриди таҳлил қарор гирифтааст, луғатҳои дузабона, тафсирӣ, соҳавӣ, истилоҳот тартиб дода шудаанд, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ барои мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ ба табъ расонида шудаанд.

Дастоварди калони олимони инсти-тут таҳия ва нашри асарҳои бунёдии илмиву таҳқиқотӣ, амсоли «Таърихи адабиёти советии тоҷик» дар 6 ҷилд, «Куллиёти фолклори тоҷик» дар 35 ҷилд, «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд, «Очеркҳои таърихи адабиёти тоҷик» дар 12 ҷилд, «Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» дар панҷ ҷилд, «Луғати тоҷикӣ ба русӣ», «Луғати русӣ ба тоҷикӣ», «Луғати шуғнонӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони ҳозираи тоҷик», силсилаи тадқиқот дар бораи таърихи забони тоҷикӣ, нашри акаде-мии осори С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ ва дигар шоиру нависандагони тоҷик, инчунин намояндагони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик мебошад. Нашри «Имлои забони тоҷикӣ»-и нав мар-ҳилаи муҳиме дар фаъолияти илмии олимони забоншиноси институт буд.

Натиҷаҳои корҳои илмии олимони институт на танҳо барои таҳияи асарҳои бунёдӣ дар соҳаҳои забоншиносиву адабиётшиносӣ замина мегузоранд, балки дар амалияи таълими мактабҳои олӣ, дар лексияву курсҳо ва семинарҳои махсус, ҳангоми омода кардани китобҳои дарсиву дастурҳои таълимӣ барои мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ, дастурҳои методӣ, тавсияномаҳо барои такмили сатҳи таълим дар Тоҷикистон истифода мешаванд.

Соли 1958 дар АИ ҶШС Тоҷикистон Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ таъсис ёфт, ки он соли 1970 ба Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуд. Бунёд-гари ин маркази шарқшиносӣ акаде-мик А.Мирзоев буд, ки дар рушди шарқшиносӣ дар Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст. Соли 1977 академик М.Осимӣ директори Институти шарқшиносӣ таъйин гардид.

То ибтидои солҳои 80-уми асри XX мутахассисони шарқшиноси баландих-тисос дар самтҳои зиёди шарқшиносӣ тайёр карда шуданд. Осори илмии А.Мирзоев, А.Афсаҳзод, Р.Ҳодизода, К.С.Айнӣ, З.Аҳрорӣ, А.Алимардонов, А.Ғаффоров, М.Муллоаҳмадов, А. Зуҳуриддинов, Д.Саидмуродов, Ҷ.Дод-алишоев, С.Сиддиқов, С.Шохуморов ва дигарон на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам нашр шуданд.

Дар соли 1986 роҳбарияти институт иваз шуд ва доктори илмҳои фалсафӣ А.Турсунов директори институт таъйин гардид ва соли 1992 узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ.Назаров директори институт интихоб шуд.

Соли 1993 Институти шарқшиносии АИ ҶТ барҳам дода шуд.

Солҳои охир узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Назриев (1993-2007), доктори илми таърих Ш.Имомов (2007-2008), узви вобастаи АИ ҶТ К.Олимов (2008-2010) роҳбарони институт буданд.

Бо назардошти муҳим будани таҳқиқоти шарқшиносӣ ва зарурати муттаҳид кардани мутахассисон дар як марказ барои таҳқиқи масъалаҳои муҳими шарқшиносии муосир, инчу-нин тавсиаи робитаҳои илмӣ бо марказҳои шарқшиносии кишварҳои хориҷии наздику дур бо қарори Раёсати АИ ҶТ аз 2 апрели 1998, №48 Институти мероси хаттӣ ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ номгузорӣ шуд. Мутахассисони шарқшинос ба кор ҷалб шуданд, тағйироти сохторӣ ба амал омад, шӯъбаву бахшҳои нав ташкил гардиданд, таҳқиқи масъалаҳои шарқшиносӣ ба роҳ монда шуд, пояҳои моддии институт мустаҳкам карда шуда, барои рушди суннатҳои шарқ-шиносии тоҷик тадбирҳо андешида шуданд.

Самтҳои асосии тадқиқоти инсти-тут: масъалаҳои муҳими таърихи фарҳанги кишварҳои Шарқи хориҷӣ (Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои араби Шарқ); тавсифи илмии Захираи дастхатҳои АИ ҶТ; тартиб додан ва нашри феҳристҳои мухтасар ва мукаммали шарқӣ, тадқи-қи эҷодиёти намояндагони барҷастаи адабиёт ва илми тоҷику форс; ҷустуҷӯ ва нашри осори онҳо; ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ тарҷума кардани ёдгориҳои муҳими таърихи фарҳанги Осиёи Марказӣ; барқарор намудани робита-ҳои байналмилалӣ ҷиҳати нашри муштараки ёдгориҳои хаттӣ.

Кормандони шӯъбаи Шарқи муосир дар самтҳои зерин тадқиқот анҷом доданд: адабиёти даризабони Афғо-нистон, адабиёти Эрон дар асрҳои XIX-XX; робитаи адабиёти тоҷик бо адабиёти Афғонистон, Эрон, Ҳиндус-тон ва Покистон; масъалаҳои рушди иҷтимоиву сиёсии кишварҳои Шарқи хориҷӣ, масъалаҳои рушди афкори иҷтимоии халқҳои Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон дар замони нав ва навтарин; мақом ва нақши халқи тоҷик дар тақдири таърихии Афғонистон. Асарҳои монографии зерин ба табъ расонда шуданд: «Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон», «Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX-XI», «Фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Сайид Ҷалолид-дини Афғонӣ», «Сабабҳои сууду қууди давлати Сомониён», «Ривояти Сулай-мон ва Билқис дар назми форсу тоҷик», «Камоли Хуҷандӣ – устоди ғазал», «Номанависӣ дар «Шоҳнома». 

«Кимиёи саодат»-и  Ғаззоли

 

Кормандони шӯъбаи матншиносӣ ва нашри осори адабӣ дар самтҳои зерин кор карданд: таҳия ва ба нашр омода кардани матни илмиву интиқодии осори классикони адабиёти тоҷику форс ва Шарқ Амир Хусрави Деҳлавӣ, Шайх Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ; ба нашри оммавӣ омода намудани осори намояндагони адабиёти форсу тоҷик Саъди Салмон, Файзи Кошонӣ, Шамси Табрезӣ, Имлои Бухороӣ; ба нашр омода кардани тазкираҳои назми тоҷику форс «Тазкиратулшуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ, «Тазкира»-и Малеҳои Самарқандӣ ва ғайра.

Дар шӯъбаи тадқиқ ва нашри осори илмӣ таваҷҷӯҳи асосӣ ба нашри маҷмӯи ёдгориҳои хаттии таърихи илму фарҳанг «Ганҷи шайгон» дар 50 ҷилд равона шуда буд. Асарҳои «Равзатуссафо»-и Мирхонд, «Тибби Акбарӣ», «Таърихи Байҳақӣ», «Таъ-рихи Табарӣ», «Захираи Хоразм-шоҳӣ», «Зодулмусофирин»-и Носири Хусрав, «Меъёруттадайюн»-и Аҳмади Дониш ба нашр омода шудаанд.

Кормандони шӯъбаи тавсиф ва феҳристсозии дастхатҳо ва шӯъбаи ҷамъоварӣ ва ҳифзи дастхатҳо тавсифи илмии дастнависҳои тоҷикиву форсиро анҷом доданд, инчунин феҳристи мухтасари дастнависҳои тоҷикиву форсии Захираи дастхатҳои шарқии АИ ҶТ дар чор ҷилд, феҳристи мухтасари дастнависҳои арабӣ дар се ҷилд тартиб дода шудааст, кори коркарди аввалия ва тармими нусхаҳои хаттӣ идома дорад.

Солҳои охир дастнависҳои институт хеле пурра гардид. Ҳоло дар Захираи дастнависҳои шарқӣ беш аз 5750 нусхаи хаттӣ ва тақрибан 6350 китоби чопи сангӣ ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, арабӣ, туркӣ, ибрӣ ва забонҳои дигар, ки зиёда аз 30 ҳазор рисолаву асарро дар ҳамаи соҳаҳои илму фарҳанги асримиёнагӣ дар бар мегиранд, маҳфуз мебошанд. Қадимтарини онҳо ба асрҳои XI-XII мансубанд, аз ҷумла дастнависи «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Ат-тафҳим лиавоили санъатуттанзим»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Кимиёи саодат»-и Абуҳамид ибни Муҳаммади Ғаззолӣ, «Куллиёт»-и Саъдии Шерозӣ, «Шарҳи алкофия финнаҳви»-и Размуддин Муҳаммад Астарободӣ. Дастнависҳои зиёди нодиру ҷолиб, аз ҷумла дастна-виштаҳои худи муаллифон ё нусхаҳои ягонаи китобҳо, ки то имрӯз расидаанд, мавҷуданд. Ба онҳо метавон «Луғати Алии Сафӣ»-и Фахриддин Алии Сафӣ (вафот дар соли 552) «Зафарнома»-и Бадриддини Кашмирӣ (асри XVI), «Ҷангномаи таворих»-и Миррабеъ ибни Мирниёз (асри XVIII), «Таърихи манзума»-и Имомалии Қундузи Комӣ, «Тазки-ратушшуро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллои Мӯҳтарам, «Ганҷи шойгон»-и Абдураҳим Тамкини Бухороӣ (асри XIX) ва ғайра дохил намуд. Аз рӯйи миқдори дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ ва аз лиҳози арзиши илмиву фарҳангӣ Захираи дастхатҳои шарқӣ яке аз бузургтарин захираҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад. Он барои таҳқиқоти илмии на танҳо олимони тоҷик, балки шарқшиносони хориҷӣ низ ҳамчун поя хидмат менамояд.

Сабти электронии 5680 дастнависи аслӣ омода шудааст. Дар бинои институт озмоишгоҳи тармими дастнависҳо мавҷуд аст, ки барои тармиму безаҳрсозии нусхаҳои хаттӣ аҳамияти калон дорад. Ҷилди ҳафтуми Феҳристи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ дар соли 2010 пурра ба забони русӣ ба нашр омода шуда буд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии ҶТ ба захираи дастхатҳои шарқӣ 42 нусхаи хаттӣ ва 37 нусха китоби чопии сангӣ ворид шудааст. 

Озмоишгоҳи тармими дастнависҳо 

Асарҳои Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фаридиддин Аттор, Мирзо Бархӯрдори Фароҳӣ, Зулолии Хонсорӣ, Муҳаммад Иқбол, Халилуллоҳ Халилӣ ва дигарон ба нашр расиданд.

Китобҳо аз Захираи дастхатҳои институт 

Феҳристҳои Захираҳои шарқӣ ғановати суннатҳои фарҳангиву маънавии халқи тоҷик ва мардумони кишварҳои ҳамсояро инъикос менамояд. Дар асоси маълумоти пурбаҳое, ки оид ба таърихи фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон, кишварҳои арабии Шарқ дар дастхатҳо мавҷуданд, масъалаҳои гуногуни таърих, адабиёт, забон, илмҳои табиатшиносӣ, фалсафа, дин, ҳунари халқҳои ин минтақаро омӯхтан мумкин аст. 

Тарҷумаи Қуръон ба забони тоҷикӣ

 

Китобхонаи институт ҳар сол бо китобҳо ба забони русӣ, англисӣ, арабӣ ва форсӣ пурра мегардад. Аз соли 2009 хариди дастнависҳо аз аҳолӣ аз нав шурӯъ шудааст. Аз аҳолӣ 36 дастнавис ва 41 китоби чопии сангӣ харидорӣ шудааст.

Солҳои зиёд аст, ки институт бо Институти шарқшиносӣ ва Институти забоншиносии АИР, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, марказхои шарқшиносии Олмон, Франсия, Япония, Италия, Чин, ИМА, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизис-тон, Туркманистон ва Арманистон ҳамкории зич дорад.

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4 феврали соли 2011, №36 Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ муттаҳид гардида, Институти забон, адабиёт, шарқ-шиносӣ ва мероси хатии ба номи Рудакӣ номгузорӣ шуд. Узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми фалсафа А.Турсунов директори институт таъйин гардид.

Кормандони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ дар самтҳои зерин таҳқиқоти илмӣ мебаранд: лексикография, грамматикаи забони тоҷикӣ, осори шоирони давраи сомониён, адабиёти давраи шӯравии тоҷик, таснифи навъҳои насри шифоҳӣ, феҳристнигории дастнависҳо ва китобҳои чопи сангӣ; осори адабиву таърихӣ, ёдгориҳои хаттии равияҳои гуногуни илмӣ; фарҳанг, таърих, забон ва адабиёти Эрон, Афғонистон, Ҳиндустону Покистон ва кишварҳои араб.

Дар институт шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ амал мекунад.

Дар айни замон дар институт 153 корманд кор мекунанд, ки аз онҳо 2 академики АИ ҶТ, 4 аъзои вобастаи АИ ҶТ, 17 доктори илм ва 32 номзади илм мебошанд.