joomla

01:56, 24th October 2018
Октябр 2018
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
free templates joomla

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

734025, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ, 33,

т. (99237) 221-37-42

Институт дар соли 1951 таъсис ёфта, кӯҳантарин муассисаи илмии АИ ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Аввалин директори он таърихшинос ва шарқ-шиноси маъруфи рус, академики АИ ҶШС Тоҷикистон А.А.Семенов буд. Баъд институтро академикҳо З.Ш. Раҷабов (1959-1962) ва Б.И.Искандаров (1962-1988) сарварӣ намуданд. Аз соли 1988 то имрӯз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Донишро академик Р.М.Масов роҳбарӣ мекунад.

Богив-маъбади оташ

 

Аз замони таъсиси худ институт муассисаи илмии бисёрсоҳа буда, масъалаҳои таърихи халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то рӯзҳои мо баррасӣ менамояд.

Дар айни замон дар сохтори институт шаш шӯъба мавҷуд аст: таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав; таърихи навтарин; бостоншиносӣ; мардумшиносӣ; илму техника; таърихи фарҳанг ва ҳунар. Институт инчунин дорои пойгоҳҳои бостоншиносии Қубодиён, Тегузак, Панҷакенту Саразм мебошад, ки охирӣ дар соли 2010 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

Ҳоло таҳқиқоти илмӣ дар институт аз рӯи ҳафт мавзӯъ, ки ҷанбаи бунёдӣ доранд, ба иҷро мерасанд: таърихи халқи тоҷик, қонуниятҳои умумӣ ва махсусиятҳои раванди таърихӣ (давраи қадим, асрҳои миёна, замони нав ва навтарин); омӯзиши бостоншиносии Тоҷикистон; мардумшиносии тоҷикон ва халқҳои дигари Тоҷикистон; таърихи илм ва техникаи Тоҷикистон аз замонҳои қадим то рӯзҳои мо; таърихи фарҳанг ва ҳунари халқи тоҷик; маҷмӯи ёдгориҳои таърих ва фарҳанги ҶТ.

Натиҷаи муҳимтарин ва ҷомеи фаъолияти институт дар 20 соли охир таҳияи монографияи бунёдии шаш-ҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» таҳти роҳбарии академик Р.М.Масов мебо-шад, ки бо ҷалби натиҷаҳои навтарини таҳқиқотҳо дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дар институт ба анҷом мерасад. 

Ҳулбук 1, асрҳои  IX-XI м. 

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии ҶТ дар институт даҳҳо монография таҳия шудааст, ки ба масъалаҳои ҷудогонаи муҳими таърих бахшида шудаанд. Дар байни онҳо силсилаи иборат аз се китоби академик Р.М.Масов ба яке аз масъалаҳои муҳими таърихи минтақа – тақсимоти миллию марзии Осиёи Миёна ва сарнавишти халқи тоҷик дар ин раванд бахшида шудааст: «Таърихи табартақсим» (1991); «Тоҷикон: таърих бо мӯҳри «комилан махфӣ» (1995); «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассимилят-сия» (2003) ва ниҳоят дар соли 2008 трилогияи асарҳои мазкур – «Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллӣ» (2008) чоп гардиданд.

Дар тӯли солҳои зиёд институт ҳамроҳи Институти шарқшиносии АИР, Эрмитажи давлатӣ (Санкт-Петербург) ва Институти таърихи фарҳанги назди АИР, инчунин бо бостоншиносони Олмон, Франсия, Италия, Япония ва Чин таҳқиқоти бостоншиносӣ мегузаронад. 

Ҳулбук 3, асрҳои  IX-XII м.

Аз ҷониби  бостоншиносон маҷмӯи масоили марбут бо пайдоиш ва рушди инсоният ва ҷомеаи ибтидоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар давраи қадимтарини таърих ба таҳқиқ расид. Дар Помири Шарқӣ аз ҷониби онҳо бошишгоҳҳои баландкӯҳии асри сангӣ кашф карда шуданд, фарҳанги авоили неолитии ба худ хос омӯхта шуданд. Қариб бист бошишгоҳ ҳафриёт шуда, ҳамаи давраҳои асри санг – аз як миллион то 5 ҳазор солро дарбар мегиранд.

Тавассути кори якҷоя бо замин-шиносон дар Тоҷикистон бори аввал дар Осиёи Миёна ёдгориҳои асри санг ба ҷузъу томҳои стратиграфии плей-стотсен вобаста карда шуданд. Ин таҳқиқотҳо имкон фароҳам оварданд, ки даврабандии якуми палеолити Тоҷикистон ва Осиёи Миёна асоснок карда шавад.

Дар натиҷаи ин корҳо дар илми бостоншиносӣ чунин муқаррароти назариявӣ устувор карда шуданд – тақсимбандии саноеи палеолитии Осиёи Миёна ва ғарбию шарқӣ; тасаввурот дар бора иду муҳоҷирати бузурги қабилаҳои ибтидоӣ; корбурди усули риёзию оморӣ дар бостон-шиносии асри санг. Ба В.А.Ранов инчунин коркарди замонбандӣ ва стратиграфияи «палеолити зардхок» - самти ҷадид дар бостоншиносии асри санг тааллуқ дорад.

Таҳқиқотҳои мазкур феҳрасти ёдгориҳои асри санги Тоҷикистонро пурра карда, далолат медиҳанд, ки дар авохири ин давра муқимишавии одамони ибтидоӣ дар ҳудуди масоҳати мазкур сурат гирифтааст. Хулосаҳои қаблан ироа кардашуда дар бораи он ки фарҳанги неолитии ҳисорӣ, ки дар минтақаҳои хокзарди Тоҷикистон густариш ёфта буд, бар хилофи ду ҷомеаҳои таърихию фарҳангии он замон дар Осиёи Миёна бо роҳи хоси худ рушд кардааст. Навоварии ин таҳқиқот дар он воқеият аст, ки дар ёдгориҳои таҳқиқшуда бархе аз тафовутҳо дар нишондодҳои техникию типологӣ қайд карда шуданд ва онҳо асос ироа намуданд, ки нусхаҳои маҳаллии саноеъ дар фарҳанги ҳисорӣ ҷудо карда шавад. Дар айни замон нишон дода шуд, ки дар ёдгориҳои дар ғайри минтақаҳои зардхок воқеъ гардида саноеъ ба неолити даштҳои Амударё моил мебошад.

Тахти Сангин 1 

Дафинаи ғании авоили асри биринҷӣ, ки бори аввал кашф шуда буд, имкон фароҳам овард, ки шикофи ҳазорсолаи дар байни фарҳангҳои авохири асри сангӣ ва аҳди биринҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ вуҷуд дошта коҳиш дода шавад. Ин имконият дод, ки ёдгориҳои асри биринҷии Тоҷикистони Ҷанубӣ қадимтарин қаламдод карда шавад ва бо ҳазорсолаи III қ.а.м. замонбандӣ карда шавад.

Дар натиҷаи таҳқиқотҳои якҷояи дарозмуддати Тоҷикистону Франсия имконият ба вуҷуд омад, ки дар маркази маданияти заминдории қадими байнаннаҳрайни осиёмиёнагии Саразм (нимаи дуюми ҳазорсолаи I - нимаи якуми ҳазорсолаи II қ.а.м.) сатҳи нави умумияти тамаддунҳои қадимаи Осиёи Миёна ва кишварҳои Шарқи Наздик мушаххас карда шавад.

Гиждовак 1, ҳаз. II ҳ.ам. 

Дар асоси маводи хеле зиёди бостоншиносӣ, ки дар натиҷаи таҳқиқот дар ҳудуди ВМКБ дар тӯли 50 соли охир ҷамъоварӣ карда шуда буд, аз ҷониби М.А.Бубнова «Харитаи бостоншиносии Помир» (2008) таҳия шуда ба чоп расид. Дар ҳоли ҳозир «Харитаи бостоншиносии Помири Шарқӣ» барои интишор омода шуда истодааст.

Кашфи савмааи буддоӣ дар ҷануби Тоҷикистон – Аҷина-Теппа ҳангомаи воқеӣ ба шумор мерафт. Бозёфти муҷассамаи нодири «Буддо дар нирвана» таваҷҷӯҳи ҷомеаи илмиро ба худ ҷалб намуд. Аҳамияти он дар ин буд, ки имкон фароҳам овард ҷадидан ба марҳалаҳои алоҳидаи таърихи халқҳои маскуни ин ҷойҳо, равобити онҳо бо тамаддунҳои кишварҳои ҳамсоя равшанӣ андохта шавад.

Таҳқиқоти ёдгориҳои қадимаи авохири асримиёнагӣ, махсусан чунин ёдгориҳо ба мисли Ҳулбук, Хуҷанд ва ғайра дар омӯзиши таърихи истихроҷи маъданҳо ва обёрӣ саҳми муҳиме дар илм гузоштанд.

Мардумшиносони тоҷик омӯзиши ноҳияҳои вилояти Ғармро дар ҳавзаи дарёи Сурхоб, дар ҳудуди Қаротеғин ва Дарвоз (солҳои 1952-1957) анҷом доданд. Натоиҷи таҳқиқот дар монографияҳои ҳаҷман калони иборат аз се барориш ҷамъоварӣ шуданд: «Тоҷикони Қаротеғин ва Дарвоз», ки ҳамчун калид барои фаҳмиши масоили марбут бо этногензи халқи тоҷик ва иртиботи он бо халқҳои дигар, ки аз ҷиҳати генетикӣ ба он наздик буданд, мусоидат менамоянд.

Дар айни ҳол дар фондҳои шӯъбаи мардумшиносӣ теъдоди зиёда аз 6000 ашёи фарҳанги моддии тоҷикон мавҷуд аст. Маҷмӯаҳои мардумшиносӣ якчанд маротиба дар маъразҳои мухталиф, чӣ дар ҷумҳурӣ ва чӣ хориҷ аз он ба намоиш гузошта шуданд.

Аз лаҳзаи таъсис ёфтани Бахши таърихи ҳунари институт дар соли 1958 ҷамъоварии систематикии мавод аз рӯи таърихи фарҳанг ва ҳунари халқи тоҷик оғоз меёбад. Ба Помир, ба ноҳияҳои водии Зарафшон, Норак, Ленинобод, Ғарм ва вилояти Бухорои Ӯзбекистон экспедитсияҳои махсуси ҳунаршиносӣ фиристода шуданд, ки дар муддати кӯтоҳ маводи зиёдро оид ба ҳамаи анвои ҳунаршиносии корбурдӣ, фолклори мусиқӣ, театр ва рақси мардумӣ ҷамъоварӣ намуданд.

Дар асоси ин мавод 4 маҷмӯаи ҳунаршиносӣ ба нашр расиданд, ки ба ғайр аз маводи саҳроӣ онҳо шомили мақолаҳо оид ба таърихи ҳунари тасвирӣ, театрӣ, хунари мусиқӣ, инчунин албом оид ба ҳунари корбарӣ ва монографияҳо буданд.

Дар солҳои охир ҳунаршиноси тоҷик бо чунин асарҳои бунёдӣ, чун «Ҳунари мусиқии Помир» (ҷ. 1-3), «Ҳаёти театрӣ ва мусиқии пойтахти давлати Сомониён»-и Н.Ҳ.Нурҷонов, «Ҳунари ҳаккокии чӯби тоҷик»-и М.Рӯзиев, «Аз рӯи қонунҳои зебоӣ» (очеркҳои ҳунари зинатию корбурдии Тоҷикистон)»-и Н.Белинская, Н. Юнусова, М.Рӯзиев, «Ҳунари Осиёи Миёнаи аҳди Абӯалӣ Сино»-и Л.С.Айнӣ, «Мавригӣ»-и Н.Нурҷонов, Б.Қобилова, «Очеркҳои таърихи теат-ри тоҷик» - Н.Нурҷонов, «Таърихи эҷодиёти оҳангсозӣ дар Тоҷикистон»-и Б.Қобилова, «Ҳунари меъмории Зарафшони Болоӣ» ва «Мероси меъморию бадеии Осиёи Марказӣ» - Р.Муқимов ғанӣ гардид. 

 

Зинати пешонии Қоштилло. Хуҷанд 

Дар айни ҳол самтҳои афза-лиятноки таҳқиқотҳо дар соҳаи таърихи фарҳанг ва ҳунар омода кардани «Маҷмӯаи ёдгориҳои қадимаи таърихи фарҳанг», таҳқиқи суннати мусиқию иҷроии тоҷикон дар давраи қадим ва асри миёна, ҳамчунин таърихи ташаккули мактаби ҳунар-мандӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Дар соҳаи таърихи илм ва техникаи халқи тоҷик, дар солҳои истиқлолият омӯзиши сатҳи рушди таҳқиқотҳои риёзӣ, табиӣ, ҷирмшиносӣ ва тиббӣ дар марказҳои илмии ҷаҳонӣ ва минтақавии Шарқи асримиёнагӣ, инчунин саҳми олимони Тоҷикистон дар рушди таҳқиқотҳои бунёдӣ ва корбурдӣ дар давраи солҳои 1924-2010 анҷом ёфт. 

Либоси занона. Ғарм 

Ҳадаф аз ин кор дар ин соҳа омӯзиши сатҳи донишҳои илмӣ ва техникии тоҷикон ва аҷдодони онҳо дар давраи қадим, асри миёна, нав навтарин, шинохти авзалияти олимони тоҷик дар соҳаҳои мухталифи илмҳои дақиқ ва табиӣ дар Шарқи асримиёнагӣ, ҳамчунин саҳми илми тоҷик ба амалияи ҷаҳонӣ мебошад.

Бо вуҷуди он, ки илми таърих-шиносии тоҷик дар солҳои истиқ-лолият тамоми вазниниҳои таҳав-вулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиро аз сар гузаронд, он на танҳо нерӯи асосии илмиро нигоҳ дошт, балки ба пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳ дар омӯзиши таърихи гузаштаи халқи тоҷик ноил гардид.

Намунаи барҷастаи дастоварди илми таърихшиносии тоҷик дар ин давра ифтитоҳ ёфтани Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар соли 2011 мебошад. Дар он бозёфтҳои ҷолиб ва пурарзиш ба маъраз гузошта шудаанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон дар ним асри охир тавассути муҳаққиқон кашф шудаанд. Дар толорҳои он бозёфтҳои бостоншиносӣ дар чунин объектҳои дар ҷаҳон машҳури Саразм, Тахти Сангин, Аҷина-Теппа, димнаи Панҷакент, Шаҳристон, Куркат, Кофир-қалъа ва ғайра кашф шудаанд, ба маъраз гузошта шудаанд, ки ҳар сол бо нигораҳои нав пурра карда мешаванд. Дар соли 2007 барои таъсис додани маҷмӯаи осорхонаҳо ба ҳудуди осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон инчунин Осорхонаи мардумшиносӣ интиқол дода шуд, ки дар он ҷо ашёҳои нодири фарҳанги моддии тоҷикон аз нимаи дуюми XIX ҷамъоварӣ карда шудаанд. Дар назди осорхонаҳо озмоишгоҳи тармимию техникӣ амал мекунад.

Либоси занона. Истаравшан,  а. XIX 

Аз соли 2002 дар назди институт шӯъбаи Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC) амал мекунад, ки барои иҷрои лоиҳаҳои илмӣ дар Тоҷикистон ва табодул байни муҳаққиқон мусоидат мекунад. Ҳамин тариқ, аз ҷониби генетикҳои Тоҷикистон ва Франсия дар соли 2005 таҳқиқоти якҷояи илмӣ оид ба муайян сохтани масубияти генетикии аҳолии Тоҷикистон гузаронида шудаанд.

 Институт дорои китобхонаи ёдбудии илмии ба номи А.А.Семёнов мебошад. Дар соли 2003 аз бойгонии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба он фондҳои шахсии А.А.Семёнов ва М.С.Андреев таҳвил дода шуданд. Фонди китобхона ба таври мунтазам аз ҳисоби нашрияҳои институт пурра мешаванд.

Ҳоло дар институт 85 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 19 нафар доктори илм (аз ҷумла 1 академики АИ ҶТ, 1 узви вобастаи АИ ҶТ) ва 20 номзади илм мебошанд.

Дар назди институт шӯрои диссертатсионӣ барои дифои рисолаҳо ҷиҳати гирифтани унвони илмии доктори илми таърих амал мекунад, ки аз ҷониби ВАК-и Федератсияи Россия тасдиқ шудааст. Дар ин шӯро ба ғайр аз таърихшиносон инчунин унвонҷӯёни Россия, Қирғизистон, Эрон, Афғо-нистон ва кишварҳои дигар рисолаҳои худро дифоъ мекунанд.