Институти илмҳои гуманитарӣ

  

joomla

04:00, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

Институти илмҳои гуманитарӣ

736002, ш. Хоруғ, ВМКБ Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Холдоров, 1,

т. (9923522) 2-36-49

Институти илмҳои гуманитарӣ соли 1991 бо қарори Раёсати АИ ҶТ дар заминаи Шӯъбаи помиршиносӣ ва Шӯъбаи таҳқиқоти иҷтимоиву иқтисо-дии Пойгоҳи дар Помир будаи АИ ҶТ бо мақсади тавсиаи минбаъдаи таҳқи-қоти бунёдии забонҳо, фарҳанги хоси маънавӣ, таърих, иқтисод ва шуури ҷамъиятии мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони ҶТ таъсис ёфтааст.

Нахустин директор-ташкилотчии институт доктори илми фалсафа Х.Додихудоев (солҳои 1991-2000) буд. Аз соли 2000 то имрӯз доктори илмҳои филологӣ Ш.Юсуфбеков директори институт мебошад.

Институт аз қисматҳои зерини илмиву таҳқиқотӣ иборат аст:

  • шӯъбаи забонҳои помирӣ;
  • шӯъбаи фолклор ва адабиёт;
  • шӯъбаи таърих, мардумшиносӣ, бостоншиносӣ ва фарҳанг;
  • шӯъбаи таҳқиқоти иҷтимоиву иқтисодӣ.

Самтҳои асосии тадқиқоти илмии институт аз инҳо иборат аст:

  • омӯзиши забонҳои помирӣ, навъҳои гуногунзабони фолклорӣ ва адабӣ; нигоҳдорӣ ва рушди онҳо;
  • ташкили манбаъҳои илмӣ бо роҳи ҷамъовари маводи забоншиносӣ, фолклорӣ, мардумшиносӣ, динӣ аз аҳолӣ, бунёди фондҳои илмӣ дар соҳаҳои забонҳо, осори фолклориву адабӣ, ҳунари мусиқӣ, дин, фарҳанги моддиву маънавии Бадахшон;
  • нашри матнҳои забоншиносӣ, фолклорӣ, мардумшиносӣ ба забонҳои помирӣ бо тарҷумаи илмии тоҷикиву русӣ, тавзеҳот ва феҳристҳо, то ки онҳо дастраси шарқшиносони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ гардад;
  • идомаи омӯзиши таърихӣ ва ҳозиразамони забонҳои помирӣ бо ҷанбаи муқоисавию типологӣ, муайян кардани робитаи тарафайнии онҳо ва мақомашон дар байни забонҳои дигари эронӣ, ҳинду ориёӣ (ҳиндӣ) ва ҳинду аврупоӣ;
  • таҳқиқи иҷтимоиву забоншино-сии забонҳои помирӣ, таъсири мутақобила ва ғановати онҳо аз ҳисоби забонҳои дигар;
  • тартиб додани фарҳангҳои қиёсӣ, этимологӣ, ономастикӣ ва навъҳои дигари забонҳои помирӣ, инчунин дар оянда тартиб додани атласи забоншиносии забонҳои помирӣ;
  • тартиб додан ва нашри илмии Куллиёти бисёрҷилдаи фолклори Бадахшон;
  • идомаи таҳқиқоти жанрӣ ва қиёсии фолклори Бадахшон;
  • нашри илмӣ ва тадқиқи адабиёти помиризабон ва тоҷикзабони Бадахшон; расондани ёрии илмиву методӣ дар бунёд ва мураттаб намудани бойгониҳои шоирону нависандагони муосири Бадахшон;
  • омӯзиш ва нашри адабиёти фалсафиву динии исмоилӣ, муайян кардани робитаи он бо зардуштия, тасаввуф ва буддоӣ;
  • тадқиқи мардумшиносиву фар-ҳангии мардумони помирӣ бо мақсади бунёди атласи мардумшиносии сокинони Бадахшон;
  • омӯзиши таърихи халқҳои Помир ва фарҳанги моддиву маънавии онҳо аз замонҳои қадимтарин то рӯзҳои мо;
  • тартиб додан ва нашри алиф-боҳо, китобҳои дарсӣ, луғатҳо, сарфу наҳви забонҳои помирӣ, инчунин барои омӯзиши мустақилонаи забон-ҳои помирӣ;
  • ҳамоҳангсозӣ ва робитаҳои илмӣ бо помиршиносии ИДМ, инчу-нин бо эроншиносону помиршиносони хориҷӣ бо мақсади омӯзиши муқои-савии забонҳои помирии мавҷуд дар қаламрави ВМКБ ва кишварҳои хориҷӣ, ташкили экспедитсияҳои муштараки илмии минтақавӣ, ташкили семинарҳо, конференсияҳо, симпо-зиумҳои илмӣ, ба вуҷуд овардани осори ҷомеи илмии забошиносиву фарҳангшиносӣ;
  • таҳқиқи бунёдии иҷтимоиву иқтисодии Помир ва омода кардани тавсияҳо бобати рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ ва ҷумҳурӣ.

Дар институт 36 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 4 нафар доктор ва 11 нафар номзади илм мебошанд.

Институт бо институтҳои забон-шиносӣ, шарқшиносӣ, фалсафа, таърих ва антропологияи АИР, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия, факул-таи шарқшиносии Донишгоҳи давла-тии Санкт-Петербург, кафедраи забонҳои эронии Институти кишвар-ҳои Осиё ва Африкаи Донишгоҳи давлатии Москва ва муассисаҳои илмии АИ ҶТ робитаи илмӣ дорад. Дар соҳаи омӯзиши осори исмоилӣ институт бо Институти исмоил-шиносии Лондон ҳамкорӣ дорад.

Кормандони институт тадқиқи синх-рониву диахронии фонетика, сарфу наҳв, лексика ва луғатшиносии забонҳои помирии дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя паҳн гардидаро анҷом додааст, ки дар асарҳои зерини забоншиносон-помиршиносон инъикос ёфтааст:

 

Д.Карамшоев «Луғати шуғнонӣ-русӣ» дар се ҷилд (1989, 1991, 1999); Д.Карамшоев «Алифбои фаврии за-бонҳои помирӣ» (1994); Д.Карамшоев, М.Аламшоев «Алифбо» (1996); Ш. Юсуфбеков «Дейктикӣ дар забонҳои гурӯҳи шуғнониву рӯшонии забонҳои помирӣ» (1998); Ш.Юсуфбеков «Забони англисӣ ва ҳолати таърихиву қонунии он» (1999), Ш.Юсуфбеков, Д.И.Эделман ва диг. «Забонҳои ҷаҳон: Забонҳои эронии шарқӣ» (2000), М.Аламшоев «Системаи ҷонишинҳои забони шуғнонӣ (дар муқоиса бо забонҳои дигари гурӯҳи шуғнониву рӯшонӣ» (1994); М.Аламшоев, Д. Карамшоев «Хугнуни зив» (забонҳои шуғнонӣ барои синфҳои 1-4) (2000); Ш.Мирзоев «Дар бораи системаи синонимҳо ва лексикаи забони шуғнонӣ» (1999); М.Мамадасламов «Системаи пешояндаҳои ифодакунан-даи макону замон дар гурӯҳи шуғнониву рӯшонии забонҳои поми-рӣ» (1999);  И.Раҳимов «Вазъи таъри-хии лексикаи мардумшиносии забони язғуломӣ» (1991).

Дар соҳаи фолклоршиносӣ ва адабиёти Бадахшон таҳқиқи жанриву типологии адабиёт ва фолклори ин минтақа сурат гирифтааст:

Н.Шакармамадов «Даргилик-жан-ри махсуси фолклор» (1992); Н.Шакар-мамадов «Фолклори Помир», ҷ.1. «Зарбулмасал ва мақолаҳои сокинони Шуғнон ва Рӯшон» (1992); Н.Шакар-мамадов «Сурудҳои туйии Помир» (1993); Н.Шакармамадов «Муқаддасот – мероси таърихиву фарҳангии халқ» (2011).

Кормандони шӯъбаи фолклоршино-сӣ ва адабиёти Бадахшон «Куллиёти фолклори Помир» ҷ. 2, «Нақлу ривоят-ҳои мардумӣ», ҷ. 3 ва 4 «Афсонаҳо», ҷ. 5 «Сурудҳои помиризабон»-ро ба нашр омода намуданд.

Дар соҳаи фалсафа, дин ва сотсиология институт корҳои зеринро анҷом дод: таҳқиқи ҷомеи аҳолии исмоилӣ ва робитаи он бо зардуштия, тасаввур ва ҷараёнҳои дигари Шарқи исломӣ, ки дар осори зиёди профессор Х.О.Додхудоев ва асари А.Шохуморов инъикос ёфтаанд.

Масъалаҳои рушди ҷомеъ ва ҷобаҷогузории нерӯҳои истеҳсолкунан-даи ВМКБ таҳқиқ шуда, заминаҳои иқтисодии рушди манбаъҳои нерӯҳои истеҳсолкунандаи вилоят арзёбӣ гардидааст, вазъи имрӯзаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар шароити бозоргонӣ мавриди таҳлил қарор мегирад.