joomla

16:37, 19th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ

ДОРАНДАИ  ОРДЕНИ   ДЎСТИИ  ХАЛҚҲО

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ШЎЪБАИ ИЛМҲОИ ҶАМЪИЯТШИНОСИИ

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе, х. Рўдакӣ, 33, тел: (992 372) 227-54-80, 221-32-23 

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ 

Раиси Шўъба – ноиби президенти АИ ҶТ, академик Олимов Кароматулло.  Телефон: 227-54-80 к., E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Муовини раиси Шўъба – узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон. Телефон: 221-56-89 к.

Котиби илмии Шўъба - Умарова Шодигул, номзади илми филология.  Телефон: 221-32-23 к.

                                          Аъзои Бюрои Шўъба

Олимов Кароматулло  – академики АИ ҶТ, ноиби президенти АИ ҶТ, раиси  Шўъба. Телефон: 227-54-80 к. 

Масов Раҳим Масович - академики АИ ҶТ. Телефон: 221-37-42 к.

Қаюмов Нуриддин Қаюмович - академики АИ ҶТ. Телефон: 221-67-50 к.

Салимов Носирҷон Юсуфович - академики АИ ҶТ. Телефон: 224-13-83 к.

Тоҳиров  Фозил Тоҳирович – академики АИ ҶТ. Телефон: 221-65-72 к.

Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич   – академики АИ ҶТ. Телефон: 221-77-11 к.

Исломов Саъдулло Ибодович – узви вобастаи АИ ҶТ. Телефон: 221-67-50 к.

Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон - узви вобастаи АИ ҶТ. Телефон: 221-56-89 к.

Саймиддинов Додихудо - узви вобастаи АИ ҶТ. Телефон: 227-29-07 к.

Умарова Шодигул -  котиби илмии Шўъба, номзади илми филология.  Телефон: 221-32-23 к.

                                       Аъзои Шўъба

Диноршоев Мўсо – академики АИ ҶТ, мушовири Раёсати АИ ҶТ.

Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич – академики АИ ҶТ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Телефон: 221-77-11 к.

Қаюмов Нуриддин Қаюмович - академики АИ ҶТ, мудири шўъбаи таҳлили макроиқтисодӣ ва минтақавии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ. Телефон: 221-67-50 к.

Масов Раҳим Масович - академики АИ ҶТ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, узви Раёсати АИ ҶТ.  Телефон: 221-37-42 к.

Маҳмудзода Маҳкам Аъзам - академики АИ ҶТ, раиси Суди Конститутсионии ҶТ, узви Раёсати АИ ҶТ. Телефон: 221-61-96 к.

Назаров Талбак Назарович - академики АИ ҶТ, узви Раёсати АИ ҶТ.  Телефон: 224-25-70 к.

Олимов Кароматулло – академики АИ ҶТ, ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шўъба, узви Раёсати АИ ҶТ.  Телефон: 227-54-80 к.

Отахонова Хуршеда - академики АИ ҶТ, сарходими илмии шўъбаи адабиёти нав ва навтарини Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси  хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ. Телефон: 227-29-07 к.

 Раҳимов Рашид Каримович - академики АИ ҶТ, мудири шўъбаи назарияи иқтисодии Институти иқтисодиёт демографияи АИ ҶТ.  Телефон: 221-67-50 к.

Раҳмонов Абдуҷаббор Азизович - академики АИ ҶТ, Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.

Салимов Носирҷон Юсуфович - академики АИ ҶТ, ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С,Айнӣ. Телефон: 224-13-83 к.

Тоҳиров  Фозил Тоҳирович – академики АИ ҶТ, мудири шўъбаи ҳуқуқи исломии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ. Телефон: 221-65-72 к.

Турсунов Акбар – академики АИ ҶТ, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси  хаттии  ба номи Рўдакии АИ ҶТ. Телефон: 227-29-07 к.

Ашўров Ғаффор – узви вобастаи АИ ҶТ, сарходими илмии шўъбаи  таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ.

Додихудоев Хаёлбек– узви вобастаи АИ ҶТ, сарходими илмии шўъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ. Телефон: 221-56-89 к.

Ёқубов Юсуфшоҳ – узви вобастаи АИ ҶТ.  Телефон: 221-37-42 к.

Исломов Саъдулло Ибодович  – узви вобастаи АИ ҶТ, мудири шўбаи демографияи Институти иқтисодиёт демографияи АИ ҶТ.  Телефон: 221-67-50 к.

Катаев Амир Ҳабибович – узви вобастаи АИ ҶТ.

Қаноатов Мўъминшоҳ – узви вобастаи АИ ҶТ.

Қосимова Мукаррама Набиевна – узви вобастаи АИ ҶТ, профессор-мушовири кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Мирзо Муллоаҳмад  - узви вобастаи АИ ҶТ, муовини саркотиби илмии АИ ҶТ. Телефон: 227-37-17 к.

Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон - узви вобастаи АИ ҶТ, мудири шўъбаи таърихи  фалсафаи  Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ.  Телефон: 221-56-89 к.

Назриев Ҷўрабек - узви вобастаи АИ ҶТ, мудири шўъбаи Ганҷинаи дастхатҳои ба номи А.Мирзоеви Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ.

Саймиддинов Додихудо - узви вобастаи АИ ҶТ, сарходими илмии шўъбаи забон ва шевашиносии  Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии номи Рўдакии АИ  ҶТ. Телефон: 227-29-07 к.

Табаров Соҳиб Шўҳратиевич - узви вобастаи АИ ҶТ, сарходими илмии шўъбаи адабиёти нав ва навтарини Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва  мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ.

Шоисматуллоев Шоназар - узви вобастаи АИ ҶТ, мудири шўъбаи ҷомеашиносии  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ. Телефон: 221-56-89 к.

МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ЗЕРТОБЕИ ШЎЪБАИ ИЛМҲОИ ҶАМЪИЯТШИНОСӢ 

1. Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ (директори институт - Р.М.Масов, академики АИ ҶТ).

  1.  Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ (директори институт - А.Турсунов, академики АИ ҶТ).
  2.  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ (директори институт - А.А.Шамолов, доктори илмҳои фалсафа, профессор).
  3.  Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ (директори институт  О.Б.Бобоев, доктори илмҳои  иқтисодиёт, профессор).
  4.  Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АИ ҶТ  (директори институт - Ш.П.Юсуфбеков, доктори илмҳои  филологӣ, профессор). 

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ КОРҲОИ

ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ

ШЎЪБАИ ИЛМҲОИ ҶАМЪИЯТШИНОСӢ

                                          1.  Илмҳои  таърих

        - омӯзиши таърихи мукаммали замони қадими минтақа бо дарназардошти  замина ва раванди ташаккули этногенези тоҷикон;

       - дар асоси сарчашмаҳои мўътамад ба роҳ мондани таҳқиқи воқеии мақоми тоҷикон дар замони силсиласулолаҳои бегонатабор дар асрҳои  миёна ва нав;

       - тарҷума ва чопи маъхазҳои таърихии Шарқ (форсӣ, арабӣ ва чинӣ) доир ба таърихи қадим ва давраи аввали асримиёнагии тоҷикон;

      - тарҷума ва ба табъ расонидани асарҳои шарқшиносони рус, ки бевосита ба таърихи тоҷикон иртибот доранд;

      - боздид ва таълифоти воқеъбинонаи таърихи Тоҷикистон дар замони шӯравӣ; 

      - таълифи таърихи мукаммали Ватан дар замони истиқлолияти комил, бо дарназардошти:

       а) таҳлили воқеии ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997);

       б) дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои асри навин.

                                          2.  Илмҳои  фалсафа

      - таҳқиқи ҷанбаҳои асосии таърихи афкори мантиқии халқи тоҷик (аз замонҳои қадим то кунун);

     - таҳқиқи дигаргунсозиҳо ва азнавсозиҳои иҷтимоии ҷомеаи тоҷикон;

     - таҳқиқи тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     - таҳқиқи масъалаҳои мубрами фалсафаи фарҳанги халқи тоҷик.

                                         3  Илмҳои сиёсатшиносӣ

     - самтҳои стратегии инкишофи давлат ва ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     - масоили мубрами рушди иҷтимоию сиёсии давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон;    

    - ислом ва равандҳои исломигароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - равандҳои сиёсӣ ва этникӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон;

    - таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират ба ҷомеаи Тоҷикистон;

    - талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаллу фасли масоили энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди босуботи ҷомеа ва баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ;

     - масоили мубрами таъмини амният ва муҳофизати манофеи миллӣ;

     - сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои рушду такомули он дар марҳилаи ҳозира;

     - мақом ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми  байналмилалии муосир: ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ.

                                        4. Илмҳои  ҳуқуқшиносӣ

     - такмили усули (методология) –и таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва давлатшиносӣ;

     - таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, истиқлолияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва амният;

    - масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус коррупсия,  терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурўши одамон ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ;

   - проблемаҳои ҳуқуқи байналмилалии об, ҳуқуқи байналмилалии нақлиёт, ҳуқуқи Аврупо ва ҳуқуқи ислом;

  - масъалаҳои такмили танзими ҳуқуқии молияи давлатӣ, истифодаи мақсадноки сарватҳои табиӣ, ҳифзи рақобати озоди иқтисодӣ, дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

  - аз байн бурдани мухолифатҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои воҳиди қонунгузорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  - проблемаҳои муносибатҳои ҳуқуқии хизматӣ, меҳнатӣ ва имтиёзҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

                                         5.  Илми адабиётшиносӣ

  - такмили методологии таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ;

  - таҳқиқи мероси адабӣ ва афкори назари суханварону мутафаккирони гузашта аз дидгоҳи адабиётшиносии ростин;

 - даврабандии таърихи адабиёти тоҷик вобаста ба рушди адабиёт, таъйини марҳилаҳои такдирсози он барои миллат ва навиштани таърихи адабиёти миллии тоҷик вобаста ба даврабандии нав, таҳқиқи он аз дидгоҳи арзишҳои миллию умумибашарӣ;

  - таҳияи мероси адабиии ниёкон ба хатти кириллӣ;

  - таҳқиқи адабиёти замони Истикдолият;

  - таҳқиқи адабиёти шифоҳии халқ.

                              6. Илмҳои  забоншиносӣ

  -    таҳқиқ ва омӯзиши таърихи афкори забоншиносии тоҷиқ;

  - такмили усули таҳқиқоти илмӣ дар бахши забоншиносӣ: компаративастика ва типологияи забонҳо;

   - таҳқиқ ва омўзиши забонҳои аз байн рафтаистодаи Тоҷикистон: забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ;

   - таҳқиқ ва омўзиши ҷанбаҳои фарҳангӣ ва кишваршиносии забонҳо;

   -   таҳқиқ ва омӯзиши забоншиносии компютерӣ;

   -   таҳқиқ ва омӯзиши равияҳои нави забоншиносии муосир;

   -    истилоҳ ва масоили истилоҳшиносӣ.

                                      7.  Илмҳои фарҳангшиносӣ

   - такмили усул (методология)-и таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фарҳангшиносӣ;

   - таҳқиқи фарҳангӣ моддӣ ва маънавии миллат;

   - таҳқиқи фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ ва нақши халқи тоҷик дар офариниши он;

   - таҳқиқи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва таъйини нақши тоҷикон дар рушду нумўи он;

   - таҳқиқи таъсири мутақобилаи фарҳанг ва тамаддуни тоҷикии форсӣ бо фарҳанг ва тамаддуни башарӣ;

   -     роҳёфтҳои фарҳангпазирии ҷомеа.

                              8. Илмҳои иқтисодӣ   

   - дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда;

   - рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ. Идоракунии сармояи инсонӣ;

   - ташаккулёбии сиёсати саноатии тамоюли содиротидошта ва ивазкунандаи воридот;

    - ҷанбаҳои экологӣ-иқтисодӣ, рушди устувори минтақаҳои кишвар;

     -  афкори иқтисодии ватанӣ дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ;

     - фаъолияти иқтисодии беруна ва рушди равандҳои интегратсионӣ;

     -  такмили механизми идоракунии иқтисоди миллӣ. Менеҷменти стратегӣ ва иқтисодӣ.