joomla

01:01, 24th October 2018
Октябр 2018
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
free templates joomla

Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳоинави АИ ҶТ

ОИННОМАИ
Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноват- сионии илм ва технологияҳои нав»-и
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон



Душанбе -2012

I.Муқаррароти умумӣ 1. Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2011, №394 ва қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011, №140 таъсис дода шудааст. 2. Марказ воҳиди сохтории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – АИ ҶТ) мебошад. 3. Роҳбарии илмию методии фаъолияти Марказро Шӯъбаҳои АИ ҶТ амалӣ менамоянд. 4. Марказ ташкилоти илмии зертобеъи АИ ҶТ – муассисаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 5. Маблағгузории Марказро АИ ҶТ тибқи нақшаи тасдиқшудаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории буҷетӣ амалӣ менамояд. 6. Марказ суратҳисоб ва ҳисобҳо, аз ҷумла ҳисоби арзӣ (валютӣ), тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифодаи номи пурраи худро бо забони давлатӣ (забони тоҷикӣ), штамп, бланк ва реквизитҳои дигари шахси ҳуқуқиро, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ ва ба қайд гирифта шудаанд, соҳиб аст. 7. Марказ дар фаъолияти худ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи АИ ҶТ, қарорҳои Маҷлиси умумии АИ ҶТ, қарорҳо ва амрҳои Раёсати АИ ҶТ ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад. 8. Марказ амволи давлатиеро, ки АИ ҶТ ба он вобаста кардааст ва барои идора супурдааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи АИ ҶТ ва Оинномаи Марказ соҳибӣ мекунад, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд. 9. Марказ ҳуқуқ дорад аз номи худ шартномаву созишномаҳо бандад, ҳуқуқҳои амволӣ ва шахсии ғайриамволиро ба даст оварад ва истифода намояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвогар ва ҷавобгӯй дар суд бошад. 10. Марказ масъулияти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои натиҷаҳои фаъолияти молиявии худ ва иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди молики амволи давлатӣ, буҷет, шахсони дигари ҳуқуқӣ ва воқеӣ бар дӯш дорад. 11. Марказ аз рӯйи ӯҳдадориҳои худ ба маблағҳои пулӣ ва амволе, ки аз ҳисоби маблағҳои аз фаъолияти Марказ бадастомада соҳиб гардидааст, ҷавобгӯй мебошад. 12. Дар доираи ваколатҳои Раёсати АИ ҶТ Марказ таҳқиқоти байнифаннии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамоҳанг месозад. 13. Мансубияти ҳуқуқ ба объектҳои моликияти ақлонӣ ва натиҷаҳои дигари фаъолияти илмию техникие, ки Марказ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба даст овардааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 14. Номи пурраи Марказ бо забони давлатӣ (забони тоҷикӣ)-Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо забони русӣ – Государственное научное учреждение «Центр инновационного развития науки и новых технологий» Академии наук Республики Таджикистан, бо забони англисӣ - State Scientific Institution “Center of Innovation Development of Science and New Technologies” of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan мебошад. Номи мухтасари Марказ бо забони давлатӣ – МРИИТН АИ ҶТ, бо забони русӣ – ЦИРНТ АН РТ, бо забони англисӣ - CIDS NT AS RT аст. 15. Макон ва нишонии Марказ: 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 299/3. II.Мақсадҳо, самтҳои фаъолият ва вазифаҳои асосии Марказ 16. Мақсади асосии Марказ ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин корҳои амалӣ дар соҳа таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва технологияҳои наве мебошад, ки барои рушди мамлакат аҳамияти муҳим доранд. 17. Вазифаҳои асосии Марказ инҳоанд: -гузаронидан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти илмӣ оид ба самтҳои афзалиятноки бунёдӣ ва амалии илм ҳамчун асос барои рушди фаъолияти инноватсионӣ; -таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки барои рушди мамлакат аҳамияти муҳим доранд; -ҳавасмандгардонии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ; -мусоидат ба ҳамкории илмию техникии байналмилалӣ дар соҳаи инноватсияҳо; -таҳкими алоқаҳои байни илм ва маориф, иштирок дар фаъолияти таҳсилотӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию омӯзгорӣ, иштирок дар фаъолияти нашрӣ ва илмию маърифатӣ; -ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои ташкилотҳои академӣ бо муассисаҳои илмию таҳкиқотии соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар соҳаи инноватсияҳо; -таҳкими алоқаҳои байни илм ва истеҳсолот ба мақсади амалисозии коркардҳои илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ; -таҳияи барномаҳо ва таълифи воситаҳои таълимӣ оид ба технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ; -коркард, ба вуҷуд овардан ва татбиқи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ, истифода ва рушди самтҳои нави забоншиносии компютерӣ барои омӯзиши забони тоҷикӣ ва васеъ намудани имконияти татбиқи амалии онҳо. 18. Барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда Марказ корҳои зеринро анҷом медиҳад: -лоиҳаҳои илмию таҳқиқотиро аз рӯйи соҳаи фаъолияти худ таҳия намуда, онро барои ворид намудан ба рӯйхати лоиҳаву барномаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ба Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад; -таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро мегузаронад, коркардҳои илмию техникӣ ва барномаҳои инноватсиониро ҳамоҳанг месозад; -бо тартиби муқарраргардида иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои илм ва фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ ташкил менамояд; -корҳои ташкилии алоқаманд ба фаъолияти Марказро иҷро менамояд; -ба татбиқи амалии натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии ба анҷом расида мусоидат менамояд; -масъалаҳо ва пешниҳодҳои мансуб ба фаъолияти Марказро омода намуда, онро бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Раёсати АИ ҶТ мебарорад; -дар таҳияи лоиҳаҳои асноди меъёрӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Марказ иштирок мекунад; -роҳбарии фаъолияти нашрии ба фаъолияти Марказ мансуббударо амалӣ менамояд; -масъалаҳо оид ба тағйироти тахассуси воҳидҳои илмии Марказ ва самтҳои корҳои онҳоро баррасӣ ва ҳал намуда, оид ба ташкили воҳидҳои нав, таҷдид ё барҳамдиҳии воҳидҳои мавҷуда пешниҳод ворид месозад; -фаъолияти шӯрои илмӣ, комиссияҳо ва ҷамъиятҳоеро, ки дар назди Марказ ташкил шудаанд, роҳбарӣ менамояд, дар зарурат шӯрову комиссия ва ҷамъиятҳои нав ташкил дода, шӯрову комиссия бо ҷамъиятҳои мавҷударо барҳам медиҳад; -барои гузаронидани анҷуманҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, конференсияҳо ва машваратҳо, ташкили намошгоҳҳо, мактабҳо барои олимони ҷавон, озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ ва технологияҳои нав пешниҳод медиҳад; -бо тартиби муқарраргардида дархостҳоро ба мутахассисони ҷавон барои Марказ ба Раёсати АИ ҶТ пешниҳод менамояд; -тайёр кардани кадрҳои илмиро тавассути аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ба роҳ монда, корҳоеро оид ба баланд бардоштани тахассуси кормандони илмӣ пеш мебарад; -номаҳо, пешниҳодҳо, дархосту шикоятҳои шаҳвандонро, ки ба АИ ҶТ оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Марказ ворид шудаанд, баррасӣ намуда, ба онҳо ҷавоб ва хулосаҳои дахлдор медиҳад. 19. Дар баробари фаъолияти асосии илмӣ, ки бо тартиби муқарраргардида аз маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, Марказ барои ҳалли масъалаҳои дар ин Оиннома пешбинигардида, ҳуқуқ дорад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти зерини даромадоварандаро амалӣ намояд: -иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, аз ҷумла бо ташкилотҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои басташуда; -коркард, истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (корҳо, хизматрасониҳо), аз ҷумла намуна , дастгоҳ ва асбобҳои таҷрибавӣ; -гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳо дар шароите, ки грантдиҳанда пешбинӣ намудааст; -таҳияи маводи илмии таҳлилии дурнамо, гузаронидани экспертизаҳои илмӣ, озмоишҳои системаҳои техникӣ; -хизматрасониҳои иттилоотиву таҳлилӣ, муҳандисиву машваратӣ; -интиқоли маълумот, татбиқи системаҳои иттилоотӣ ва таъминоти барномавӣ; -гузаронидани чорабиниҳои илмию ташкилӣ (анҷуманҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо, намоишгоҳҳо , озмунҳо ва ғайра); -нашр ва паҳн кардани маҳсулоти чопӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмии Марказ, ҳамчунин маводи илмию методӣ, тавсияҳои методӣ, монографияҳо, маҷмӯи корҳои илмӣ. 20. Зимни амалӣ намудани фаъолияти худ Марказ иҷрои ӯҳдадориҳоро оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, хизмат ва тиҷоратие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, таъмин менамояд. 21. Намудҳои фаъолиятеро, ки ба иҷозатдиҳӣ (литсензиядиҳӣ) ва сертификатдиҳӣ мансуб аст, Марказ дар сурати мавҷуд будани иҷозат ё сертификати дахлдор амалӣ менамояд. III. Сохтори Марказ 22. Марказ дастгоҳи идора дорад, ки он тибқи Оинномаи АИ ҶТ ва Оинномаи мазкур ташкил ва амал мекунад. Сохтор, миқдори кормандон ва буҷети Марказро Раёсати АИ ҶТ муайян мекунад. 23. Ба сохтори Марказ шӯъбаҳои илмию таҳқиқотӣ, озмоишгоҳҳо, корхона ва пойгоҳҳои таҷрибавӣ дохил мешаванд. IV. Идоракунии Марказ 24. Сарварии Марказро директор ба зимма дорад, ки ӯро Раёсати АИ ҶТ ба мӯҳлати 5 сол таъйин мекунад. Директори Марказ: -кори Марказ ва шӯрои олимони онро ташкил ва роҳнамоӣ менамояд, вазифаҳоро байни аъзои шӯрои олимон тақсим мекунад; -иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории Марказ, супориш ва қарорҳои Раёсати АИ ҶТ-ро ташкил ва назорат мекунад; -дар ҷаласаҳои Раёсати АИ ҶТ оид ба масъалаҳои мансуб ба фаъолияти Марказ гузоришдиҳанда мебошад; -оид ба масъалаҳои дигари мансуб ба фаъолияти Марказ қарор қабул менамояд. 25. Директори Марказ ба фаъолияти он дар назди Раёсати АИ ҶТ масъулият дорад. Раёсати АИ ҶТ ҳуқуқ дорад директори Марказро аз вазифа озод намояд, агар ӯ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳояш баромада натавонад. Раёсати АИ ҶТ ҳуқуқ дорад ҳамон як шахсро ба муддати такрорӣ ба вазифаи директори Марказ таъйин намояд. V. Муовини директори Марказ оид ба корҳои илмӣ 26. Муовини директори Марказ оид ба корҳои илмиро Раёсати АИ ҶТ бо пешниҳоди директори Марказ ба мӯҳлати 5 сол таъйин мекунад. 27. Муовини директор барои ташкил кардани кори Марказ тибқи тақсимоти муқарраршудаи вазифаҳо, иҷрои нақшаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ масъулият дорад. 28. Муовини директори Марказ оид ба кори илмӣ дар мавриди ҳузур надоштани директор вазифаи ӯро иҷро мекунад. Раёсати АИ ҶТ ҳуқуқ дорад, ки муовини директор оид ба корҳои илмиро бо пешниҳоди директори Марказ аз вазифа озод намояд, агар ӯ аз уҳдаи вазифа ба зиммадоштааш набарояд. VI. Котиби илмии Марказ 29 Котиби илмии Марказро Раёсати АИ ҶТ бо пешниҳоди директори Марказ ба мӯҳлати 5 сол таъйин менамояд. 30. Котиби илмии Марказ: -қарорҳои шӯрои олимони Марказ ва мақомоти болоиро иҷро ва назорат менамояд; -омода ва иҷрои қарорҳои шӯрои олимонро оид ба нақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳкиқотӣ, истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомёфта, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаъолияти нашр таъмин менамояд; -омодагии ташкилию техникии ҷаласаҳои шӯрои олимонро амалӣ мекунад. -Раёсати АИ ҶТ ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди директори Марказ котиби илмии Марказро аз вазифа озод намояд, агар ӯ аз уҳдаи вазифаи ба зиммадоштааш набарояд. VII. Шӯрои олимони Марказ 31. Шӯрои олимони Марказ мақоми машваратӣ дар назди директори Марказ мебошад. 32. Таркиби миқдорӣ, сохтори шӯро ва санаи гузаронидани маҷлиси умумии кормандони Марказ барои интихоби шӯро дар мувофиқа бо Раёсати АИ ҶТ муайян карда мешавад. 33. Аъзои шӯрои олимон, ғайр аз шахсони вазифадор (директор, муовини директор оид ба кори илмӣ, котиби илмии Марказ, ҳамчунин аъзои АИ ҶТ аз рӯйи ихтисос ва намояндаи Кумитаи иттифоқи касабаи институт ва шӯрои олимони ҷавон) дар маҷлиси умумии коллективи илмии Марказ бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Шахсоне интихобшуда ҳисобида мешаванд, ки ба онҳо на камтар аз нисфи иштирокдорон овоз дода бошанд. 34. Ҳайати шахсии шӯрои олимони Марказро ба мӯҳлати 5 сол Раёсати АИ ҶТ тасдиқ менамояд ва ин ҳайат ваколати худро то иваз шудани директор ва таъйин шудани директори нав аз тарафи Раёсати АИ ҶТ нигоҳ медорад. 35. Тағйирот дар ҳайати шӯрои олимони Марказро бо пешниҳоди директор Раёсати АИ ҶТ тасдиқ менамояд. 36. Раиси шӯрои олимон-директори Марказ, муовини раис-муовини директори Марказ оид ба кори илмӣ, котиби илмии шӯро – котиби илмии Марказ мебошанд. Шӯрои олимони Марказ: -самтҳои асосии фаъолияти илмии Марказро муҳокима мекунад; -лоиҳаҳои нақшаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, амалишавии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, машварат ва конференсияҳоро баррасӣ мекунад; -ҳисоботҳоро оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Марказ баррасӣ менамояд; -масъалаҳои муҳими илмӣ, гузоришҳои илмиро муҳокима мекунад; -нақшаҳои омодагии таҳрирӣ ва нашри корҳои илмии Марказро баррасӣ мекунад, корҳои илмии кормандони Марказро ба нашр тавсия медиҳад; -ҳисоботҳоро оид ба кори мудирони воҳидҳои илмию таҳқиқотӣ, роҳбарон, гурӯҳҳои таҳқиқотӣ ва кормандони илмии алоҳидаро баррасӣ менамояд; -масъалаҳои самаранокии ҳамкориҳои байналмилалии Марказ ва ҳисоботҳои кормандонро оид ба сафарҳои илмиашон ба хориҷа муҳокима мекунад; -корҳои илмӣ, кашф ва ихтирооти илмиро барои додани ҷоизаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунад; -олимони Марказро барои додани унвонҳои фахрӣ пешбарӣ мекунад; -номзадҳоро ба аъзои ҳақиқӣ (академикӣ) ва аъзои вобастаи АИ ҶТ пешбарӣ мекунад; -оид ба озмунҳо барои ишғол намудани вазифаҳои холии воҳидҳои илмию таҳқиқотӣ, сарходимҳо ва ходимони пешбари илмӣ, ходимони хурд ва калони илмӣ қарор қабул менамояд. VIII. Амвол ва воситаҳои молиявии Марказ 37. Ба таркиби амволи Марказ бинову иншоот, таҷҳизот, асбобҳо, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои алоқа, шабакаҳои компютерӣ ва амволи дигар, ки барои фаъолият ва рушди Марказ заруранд, дохил мешаванд. 38. Амволи Марказ моликияти давлатӣ буда, ба ӯ барои идоракунии Марказ мансуб аст ва ба тавозуни мустақили ӯ ворид карда мешавад. Марказ дар доираи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи АИ ҶТ амволи ба ӯ барои идоракунии Марказ мансуббударо соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд. 39. Даромадҳои Марказ, ки аз ҳисоби фаъолияти дар ин Оиннома нишондодашуда ба даст меоянд, дар ихтиёри мустақили Марказ қарор дошта, барои дарёфти мақсаду ҳалли вазифаҳои пешбиникардаи Оинномаи Марказ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд. 40 Амволе, ки дар шакли хадяву тӯҳфа ба Марказ ворид шудааст, аз тарафи Марказ тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон вобаста ба он мақсад ва вазифаҳои Марказ, ки дар Оинномаи мазкур пешбинӣ гардидааст, истифода бурда мешавад. 41. Марказ ҳуқуқ дорад, ки амволи давлатии дар ихтиёрдоштаро, ки муваққатан дар истифода намебошад, аз ҷумла амволи ғайриманқулро дар асоси қарори Раёсати АИ ҶТ, ки бо мақомоти давлатӣ оид ба идора ва ихтиёрдории амволи давлатӣ мувофиқа шудааст, бе ҳуқуқи харидорӣ намудан ба иҷора диҳад. 42. Ҳуқуқҳои истифодаи қитъаҳои замине, ки ба Марказ дода шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи замин танзим карда мешавад. IX. Маблағҳои молиявии Марказ 43. Маблағҳои молиявии Марказ аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд: -маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ба Марказ бо тартиби муқаррарнамудаи Раёсати АИ ҶТ ҷудо шудаанд; -маблағҳое, ки ба сифати маблағгузории мақсадноки таҳқиқот барои иҷрои барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамчунин маблағҳои хазинаҳои давлатии илмӣ, маблағҳо аз рӯйи грантҳо ва қарзҳои ташкилот ва хазинаҳои байналмилалӣ ва ғайритиҷоратии хориҷӣ, лоиҳаҳои илмии озмунӣ, мавзӯот ва коркардҳои илмӣ; -ҳадяҳои ихтиёрӣ ва аъзоҳаққиҳои мақсадноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ва (ё) шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки тибқи шартномаҳои басташуда ба даст омадаанд, агар ин хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад; -маблағҳое, ки аз иҷорагирандагон ҷиҳати пардохти хароҷот барои истифодабарӣ хизматрасониҳои коммуналӣ ва хоҷагидории маъмурӣ ворид шудаанд; -маблағҳое, ки ба намуди дивидентҳо аз қоғазҳои қиматноки пештар бадастовардашуда, ҳамчунин даромадҳо аз фурӯши онҳо ворид шудаанд. Х. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ 44. Марказ бо тартиби муқаррарнамудаи Раёсати АИ ҶТ ҳар сол ба Раёсати АИ ҶТ оид ба фаъолияти илмию ташкилӣ ва молиявию хоҷагидории Марказ ҳисобот пешниҳод менамояд. 45. Марказ баҳисобгирии муҳосибиро ба роҳ монда, бо тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муҳосибӣ, андозӣ, оморӣ ва ғайра тартиб медиҳад ва пешниҳод менамояд. 46.Марказ риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ташкили коргузорӣ, тартибдиҳӣ, иҷрокунӣ ва нигаҳдории ҳуҷҷатҳои хизматӣ таъмин менамояд. 47. Санҷиши комплексӣ ва мақсадноки фаъолияти Марказро мақомоти дахлдори АИ ҶТ, мақомоти андоз ва мақомоти дигари давлатӣ дар доираи салоҳияташон амалӣ менамоянд. ХI. Таҷдид ва барҳамдиҳии Марказ 48. Муттаҳидкунӣ, ҳамроҳкунӣ, тақсимкунӣ, ҷудокунӣ ва табдилдиҳии воҳидҳои Марказро танҳо дар асоси қарори Раёсати АИ ҶТ амалӣ намудан мумкин аст. 49. Барҳамдиҳӣ ва таҷдиди Марказ ба тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 50. Ҳангоми барҳамдиҳӣ ва таҷдиди Марказ ба кормандони аз кор озодкардашуда риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. 51. Ҳангоми таҷдид ва барҳамдиҳии Марказ ҳамаи ҳуҷҷатҳо (идоракунӣ, молиявию хоҷагидорӣ, оид ба ҳайати шахсӣ ва ғайра) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бойгонӣ супурда мешаванд. ХII. Тартиби қабул ва ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Марказ 52. Оинномаи Марказ бо қарори Раёсати АИ ҶТ тасдиқ карда мешавад. 53. Тағйирот ба Оиннома дар асоси қарори Раёсати АИ ҶТ ворид карда мешавад.