joomla

22:19, 16th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

Маркази инноватсионии биология ва тиб

МАРКАЗИ ИННОВАТСИОНИИ БИОЛОГӢ ВА ТИББИИ

АКАДЕМИЯИ  ИЛМҲОИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

        Фаъолияти  илмӣ-тадқиқотии Марказ аз рўйи 2 мавзўъ иҷро мешавад. Мавзўи якўм № ҚД 01011TD119 «Меъёрҳои биотехнологии инноватсионие, ки  хусусиятҳои системаҳои зиндаро муайян мекунанд», мўҳлати иҷроиш солҳои 2012-2016 ва мавзўи дуюм № ҚД 0113TJ00325 «Бехатарии биологӣ – равандҳои инноватсионии омўзиши хусусиятҳои системаҳои зинда», мўҳлати иҷроиш солҳои 2013-2015 мебошад.

     Директор ва роҳбари  мавзўҳои илмииМарказ: Яқубова Муҳиба Муҳсиновна, д.и.б., профессор, академики АИ ҶТ.

     Кормандони масъули илмии Марказ:

     Саидмуродов Ш.Д., н.и.б., дотсент, муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълим;

     Қодирова Д.Х., н.и.б., дотсент, котиби илмӣ;

     Курбонов М.К., н.и.х., и.в. мудири озмоишгоҳи биологияи тиббӣ ва биотехнологияи маводҳои доруворӣ;

 

       Эшонова З.Ш., н.и.к.-в., и.в. мудири озмоишгоҳи бехатарии биологӣ;

       Мавзўъҳои илмии Марказ ба мақсад ва вазифаҳои Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020  Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015, Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2020, Барномаи амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2009-2015 ва Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2009-2019 мувофиқ аст.

       Равияҳои илмии Марказ ба номгўйи  самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқотҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 пешниҳод шуда, аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. 

Ба мақсади тақвият бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти бехатарии биологӣ ва озуқаворӣ, усулҳои ташхису табобати бемориҳои  сирояткунанда, коркарди маводҳои доруворӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ бо ду қарори Раёсати Академияи илмҳои ҶТ охири соли 2014 ва аввали соли 2015 сохтори Марказ аз нав дида баромада шуд ва ба он 5 воҳиди корӣ  илова шуд. Аз ин давра дар Марказ 19 воҳиди корӣ  ба таври расмӣ мавҷуданд.  

       Марказ аз ду озмоишгоҳ иборат аст, яке «Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ» ва дигаре бошад «Озмоишгоҳи биологияи тиббӣ», ки он дар аввали соли 2015 аз нав номгўй карда шуд.  Номи ҳозираи озмоишгоҳ - «Озмоишгоҳи биологияи тиббӣ ва биотехнологияҳои маводи доруворӣ» мебошад. Тағйир додани номгўи озмоишгоҳ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти коркарди маводҳои доруворӣ аз ашёи маҳалии шифобахш ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав мебошад.

 

Ҳадаф ва самтҳои таҳқиқоти илмии Марказ

      Ҳадафи стратегии Марказ ин рушд ва такмили равишҳои инноватисионии бехатарии биологӣ, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

      Бо назардошти  гузариши илм ба самти рушди инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав ба истеҳсолот тадқиқотҳои илмию таҷрибавии Марказ дар соли 2015 дар самтҳои зерин такмил меёбанд:

  • Омўзиш ва санҷиши хавфи экологӣ доштани растаниҳои аз ҷиҳати  генетикӣ тағйирдодашуда.
  • Омўзиши таъсири омилҳои гуногуни муҳити зист ба ҳосилнокӣ ва сифати дони зироатҳои ғаладонагӣ мутобиқ ба дигаршавии иқлим.
  • Такмилдиҳии технологияҳои инноватсионии зироаткории органикӣ ва коркарди партовҳои органикӣ.
  • Таҳқиқи растаниҳои шифобахше, ки хусусиятҳои баланд кардани масунияти гепатопротекторӣ ва паст намудани миқдори чарбу холестиринро дар организми одам доранд.
  • Коркарди омехтаҳои махсус аз растаниҳои шифобахш барои табобати  бемориҳои ҷигар, талхадон, диабети қанд ва пешгирии фарбеҳшавӣ ва пешниҳод намудани онҳо ҳамчун иловаҳои фаоли биологӣ (БАД).

Вазифаҳо

1)      Таҳқиқи  хусусиятҳои  таъсирбахши растаниҳои  аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба гуногунии биологӣ ва агробиологӣ дар навъҳои гандуми мулоимдона ва инчунин зироатҳои полезии (пиёз, помидор ва дигарҳо) таҳҷоӣ, хориҷӣ ва ёбоӣ, инчунин дар намудҳои ёбоию мутантии растании Арабидопсис (эҳтимолияти гардолудшавии дутарафа, дараҷаи рақобатпазирӣ ва тағйирёбии динамикаи популятсия).

2)      Омўзиши  таъсири шароитҳои гуногуни иқлим, аз ҷумла баландии аз сатҳи баҳр (баландкўҳ, миёнакўҳ, дашт), инчунин таъсири шарту шароитҳои гуногуни нуриандозӣ (нурии органикии «биогумус», нуриҳои минералӣ), заминҳои лалмӣ ва обёришаванда ба ҳосилнокӣ, тезпазӣ, устуворӣ ба касалиҳо ва хамшавӣ дар навъҳои гуногуни гандуми мулоимдона ва сахтдона.

3)      Корҳои интихоби аломатҳои селексионӣ дар навъ ва намудҳои гандуми мулоимдона ва офаридани навъҳои тезпаз, мёнапаз, серҳосил, тобовар ба касалиҳо ва хамшавӣ.

4)       Омўзиши таъсири маводҳои идоракунандаи сабзиш (регуляторы роста) ба суръти инкишоф, маҳсулнокии дон ва дигар аломатҳои миқдорию сифатии навъҳои селексияи маҳалию хориҷии гандуми мулоимдона.

5)      Коркарди технологияҳои азхудкунии партовҳои органикӣ ва дар асоси он тайёр намуднаи нуриҳои органикии босамар – биогумус, биокомпост, вермокомпост.

6)      Муайян намудани минтақаҳои мамлакат, ки дар он растаниҳои шифобахши мақсаднок мерўянд.

7)      Муайян намудани захираи растаниҳои шифобахше, ки барои омўзиш лозиманд.

8)      Муайян намудани растаниҳои шифобахши омўхташаванда  барои интродуксия.

9)      Ошкор намудани пайвастаҳои фаъоли биологӣ  дар растаниҳои шифобахш ва интихоби растаниҳое, ки фаолияти баланд намудани масъуният, гепатопротекторӣ ва  гиполипедемӣ доранд.

10) Коркарди омехтаҳои гепатопротекторӣ ва гиполипедемӣ ва пешниҳоди онҳо ба истеҳсолот ҳамчун иловаҳои фаъоли биологӣ (БАД).

 

Натиҷаҳои мунтазирӣ

1. Барои омўзиш ва баҳодиҳии  ҳолати таъсирбахши растаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба муҳити атроф, гуногунии биологӣ ва агробиологӣ дар Марказ  ташаккул ва зиёд намудани захираҳои генетикии зироатҳои кишоварзии ҳам маҳалӣ ва ҳам бурунмарзӣ давом меёбад.

  1. 2.  Барои муайян намудани таъсири растаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба гуногуннамудии биологӣ ва агробиологӣ, аз он ҷумла таҷрибаҳо оид ба муайян намудани дурагашавии дутарафаи озод дар байни навъҳои таҳҷоию хориҷии гандуми мулоимдона, намудҳои ёбоию  мутантии арабидопсис, ки онҳо дар соли 2014 дар кишти омехтаю тоза (як намуд) дар шароити шаҳри Душанбе (баланди аз сатҳи баҳр 800 м.) парвариш шуда буданд давом меёбанд. Аз он ҷумла насли дуйўми (F2) растаниҳои омўхташаванда тобистони соли 2015 дар шароити баландкўҳ (стансияи илмӣ-таҷрибавии «Сиё-Кўҳ») кишт карда мешаванд ва дар давоми сабзишу инкишоф мавҷудияти таҷзия аз рўи аломатҳои миқдорӣ муайян карда мешавад.       Омўзиши рақобатпазирӣ дар киштҳои омехта ва тозаи навҳои таҳҷоию хориҷии гандуми мулоимдона, намудҳои ёбоию  мутантии арабидопсис гузаронида мешавад. Дар ин таҷрибаҳо дараҷаи рақобатпазирӣ ва тағйирёбии динамикаи популятсия муайян карда мешавад. Тадқиқот бо навъҳои гандум ба мо натиҷаҳои назаррас оид ба таъсири зироатҳои  аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба нигоҳдории гуногуннамудии агробиологии растаниҳои худгардолудшаванда ва инчунин тадқиқотҳо дар растании арабидопсис ба мо ҳолати баҳамтаъсиркунии мутант, (организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда) бо намуди ёбоии маҳалли ин намуд растанӣ равшан менамояд.

  1. 3.  Корҳои интихоби аломатҳои селексионӣ дар навъ ва намудҳои гандуми мулоимдона гузаронида мешавад:

      - линияҳои изогении гандуми мулоимдонаи аз ҳамдигар бо аломатҳои  аёнӣ фарқкунанда, ки дар чорчўбаи ҳамкорӣ аз Институти цитология ва генетикаи Академияи илмҳои Руссия ш. Новосибирск дастрас шуда буданд ва инчунин навъҳои селексияи Институти зироаткории АИКТ, ва дигар навъҳои селексияи маҳалию хориҷӣ дар қитъаҳои гуногуне, ки аз ҳамдигар бо шароитҳои иқлим фарқ мекунанд  омўхта мешаванд ва аз байни онҳо фардҳои тезпаз, мёнапаз, серҳосил, тобовар ба касалӣ ва устувор ба хамшавӣ ҷудо карда мешаванд;

      - дурагакунии навъҳои маҳалию хориҷӣ барои ихтироъ намудани навъҳои нави дорои аломатҳои тезпазӣ, серҳосилӣ ва устувор ба касалиҳо ва хамшавӣ, омўзиши наслҳои F1, F2 ва волидайнҳои онҳо, интихоби навҳои  беҳтаринро гузаронида барои корҳои ояндаи селексионӣ пешниҳод мешаванд ва ҳамчун навъоварии кашфиёт барои гирифтани патент пешниҳод мешаванд.

     4. Таҳқиқотҳо оид ба омўзиши таъсири маводҳои идоракунандаи сабзиш (регуляторы роста) ба монанди «ЯК» (янтарная кислота) ва «ПОХН» (пара окси хинолин) ба суръти сабзишу инкишоф, маҳсулнокии дон ва дигар аломатҳо зина ба зина ва бо консентрацияҳои гуногун дар навъ ва намудҳои гандуми мулоимдона гузаронида мешаванд. Да асоси ин тадқиқотҳо маводҳои идоракунандаи сабзише, ки натиҷаҳои хуб медиҳанд интихоб намуда ҳамчун навъоварии кашфиёт барои гирифтани патент пешниҳод мешаванд.

     5. Тадқиқотҳо оид ба омўзиши таъсири омилҳои гуногуни муҳити атроф ба ҳосилнокӣ, сифати дон, устуворӣ ба касалиҳо, хамшавии зироати гандум дар шароити баланкўҳ (Стансияи илмӣ-таҷрибавии «Сиё-Кўҳ», баландӣ аз сатҳи баҳр 2500 м.) ва заминҳои лалмию обёришаванда (қитъаи заминҳои Институти зироаткории АИКТ, Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон) давом дода мешаванд ва таҳлилу баҳодиҳии муқоисавӣ гузаронида мешавад.

    6. Бо ҳамкории хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инчунин марказҳои илмии ватанию бурунмарзӣ усулҳои агробиотехнологии коркарди партовҳои органикӣ ва дар асоси он тайёр намуднаи нуриҳои органикии босамар-биогумус, биокомпост такмил  меёбанд ва дар нақша аст, ки ин усулҳои коркардшуда ба истеҳсолот - хоҷагии деҳқонӣ пешкаш мешавад.

    7.  Растаниҳое, ки барои тайёр намудани  омехтаи хосияти адаптогенӣ, гепатопротекторӣ ва гиполепидимӣ доштаро муайян намуда дар шароити маҳаллӣ (Боғи марказии ботаникӣ, ш. Душанбе ва стансияи илмӣ-таҷрибавии «Сиё-Кух») интродуксия намуда парвариш ва зиёд карда мешаванд.

    8. Баъд аз омўзиши кимиёвӣ ва фармокологӣ омехтаҳое, ки аз растаниҳои шифобахш тайёр мешаванд ҳамчун иловаҳои фаъоли биологӣ(БАД) пешниҳод мешаванд.

    9. Баъд аз гузаронидани ташхиси фармакологӣ ва биохимиявии иловаҳои фаъоли биологӣ (БАД) барои гирифтани иҷозат аз кумитаи фармакологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод мешаванд. Дар оянда омўзиши клиники омехтаҳои аз растаниҳои шифобахши маҳаллӣ  тайёр кардашуда чун иловаҳои фаъоли биологӣ (БАД), ки хосиятҳои  адаптогенӣ, гепатопротекторӣ ва гиполепидимӣ дошта гузаронида мешаванд.

      Натиҷаҳои тадқиқотҳо оид ба масъалаҳои омўзиши хавфи экологӣ доштани растаниҳои аз ҷиҳати генетики тағйирдодашуда ба гуногуннамудии биологӣ ва агробиологӣ, омўзиши таъсири омилҳои гуногуни муҳити атроф ба ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, корҳои оид ба дурагакунӣ ва интихоби селексионӣ дар зироатҳо метавонанд дар курсҳои тахассусии донишгоҳҳои олӣ («Бехатарии биологӣ ва озуқаворӣ», «Гуногуннамудии биологӣ ва агробиологӣ», «Агробиотехнология», «Асосҳои селексияи растаниҳо» «Хифзи муҳити зист», «Дигаргуншавии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он») истифода бурда шаванд.

      Натиҷаҳои тадқиқотҳо оид ба омўзиши хусусиятҳои кимиёвӣ ва фармакологии растаниҳои шифобахш ва омехтаҳои онҳо, коркарди иловаҳои фаъоли биологӣ (БАД) дар дарсҳои амалии факултаи фармацевтии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абу али ибн Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимии олии ҷумҳурӣ дар фанҳои «Фармакология», «Асасҳои фарматсия», «Технологияи дорусозӣ», «Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» ва дигар фанҳои муносиб истифода бурда мешаванд.

      Иҷрошавии мақсад ва вазифаҳои Марказ бевосита бо ҳамкории марказҳои илмӣ, тандурустӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои кишварамон, инчунин марказҳо ва институтҳои илмии бурунмарзӣ мегузарад. Аз он ҷумла, вазифаҳои номбаршудаи бо ҳамкории Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, Институти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон», Институти генетика ва цитологияи АИ Белорус, Институти цитология ва генетикаи АИ Руссия (ш. Новосибирск), Институти гастроэтерологии ВТваҲИА, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абу али ибн Сино, Институти техникии физикаю химияи Синзяни Академияи илмоҳи Чин, Маркази муштараки тоҷикию хитоии экологӣ ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (ш. Душанбе), Хоҷагии деҳқонии Ғ. Мирзои ҷамоати деҳоти «Чортепа»-и ноҳияи Рўдакӣ, ва дигар марказҳои илмию истеҳсолӣ иҷро мешаванд.

     Дар Марказ 4 аспиранти таҳсили рўзона фаъолият менамоянд. Марказ дар соли 2015 қабули 2 аспиранти таҳсили рўзонаро ба нақша гирифтааст. Инчунин дохилшавӣ ва таҳсили 1 нафар корманди ҷавони Марказ дар аспирантураи кишвари хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.