Маркази илмии Хатлон

  

joomla

03:59, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

Маркази илмии Хатлон

735360, ш. Кӯлоб, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Гулбоғ 1,

т. (9923322) 2-36-36  

Раёсати Академияи илмҳои Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ба мақсади гузаронидани корҳои илмию таҳқи-қотии комплексӣ, ки ба рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва самаранок ба манфиати хоҷагии халқ истифода кардани захираҳои имкон-пазири вилояти Хатлон нигаронида шудаанд, соли 1999 оид ба таъсиси Маркази илмии Хатлони АИ ҶТ дар ш. Кӯлоб қарор қабул намуд. 

Намудҳои нодир ва маҳвшавандаи растаниҳои Тоҷикистони Ғарбӣ дар қитъаи таҷрибавии Боғи ботаникии Кӯлоб 

Заминаи илмию таҳқиқотӣ барои гузаронидани таҳқиқоти биологии Марказ Боғи ботаникии ш. Кӯлоб мебошад. 

Лолаи олӣ – Тulipa  subpraestans Vved 

Аз соли 1999 то айни замон Марказро комзади илмҳои биологӣ Т.Б.Бобоев роҳбарӣ мекунад.

Фаъолияти илмию таҳқиқотии Маркази илмии Хатлон ба омӯзиши гуногуншаклии биологӣ, аз ҷумла намудҳои нодир, эндемикӣ ва зери маҳвшавӣ қарордоштаи растаниҳо, ҳамчунин хосиятҳои мутобиқшавии намудҳои гуногуни растаниҳои алафӣ нигаронида шудааст.


Сичи бухороӣ -
EremurusbucharicusRegel 

Аз тарафи кормандони марказ тухмиҳои намудҳои нодир ва маҳвшавандаи растаниҳои Keyserlingia mollis, Ostrovskia magnifica ҷамъоварӣ карда шудаанд, ки онҳо ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шуда, дар Боғи ботаникии Кӯлоб ва дар маҳаллҳои сабзиши табиии онҳо кошта шудаанд. Ҳамчунин миқдори зиёди тухмиҳо, бехиҳо ва растаниҳои зинда ҷамъоварӣ гардида, дар қитъаҳои таҷрибавии Боғи ботаникӣ барои интродуксияи минбаъда дар шароити минтақаи Кӯлоб кошта ва шинонида шуданд. 

Шифраки Королков - Сrосus korolkowii Regel et Maw 

Маркази илмии Хатлон дар чорабиниҳое, ки вобаста ба кабудизоркунӣ ва ободгардонии ш. Кӯлоб ва маҳалҳои аҳолинишини вилояти Хатлон гузаронида мешаванд, фаъолона иштирок менамояд. Бо ташаббуси Боғи ботаникии Кӯлоб ҳар сол намоишгоҳ–фурӯши ниҳолҳои дарахтон, буттаҳо ва растаниҳои гулдор гузаронида мешавад.