Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмиву тадқиқотӣ

  

joomla

03:58, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмиву тадқиқотӣ

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 (Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ)

Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси  «Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996 тасдиқ шудааст ва «Қоидаҳои ташаккул, экспертиза,тасдиқ, маблаѓгузорӣ ва амалисозии барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва  илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓгузорӣ мешаванд», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №525 тасдиқ шудааст, амалӣ менамояд.

Вазифаҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ

инҳо мебошанд:

  • таҳия тавсияҳои ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблаѓгузориҳои афзалиятноки барнома ва лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, сафари назар аз тобеъияти онҳо, дар самти  банақшагирӣ ва иҷрои таҳқиқот оид ба самтҳои асосии илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ;
  • ҷамоварии маълумот оид ба рафти иҷрои таҳқиқоти  илмӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ.

Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ тибқи вазифаҳои ба зимма

доштаи худ:

дар муайян кардани самтҳои афзалиятдоштаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ дар солҳои наздик ва солҳои минбаъда дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок менамояд;

дар таҳияи пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди батартибоварӣ ва рушди минбаъдаи шабакаи  муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ иштирок менамояд;

масъалаҳоро оид ба проблемаҳои муҳими илм, ки хусусияти байниидоравӣ доранд, мувофиқа намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

 

Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТҳуқуқ дорад, ки:

  • тартиб ва мӯҳлатҳои таҳияи лоиҳаҳои самтҳои корҳои илмию таҳқиқотиро дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ барои вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи номбурда таҳқиқоти илмӣ мегузаронанд мақаррар намояд;
  • ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳоро оид ба маблағгузории афзалиятноки барномаву лоиҳаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки барои рушди иқтисодиёт, маориф ва фарҳанг аҳамияти муҳим дошта, аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, вазорату идораҳо,муассисаҳои таҳсилоти  олӣ пешниҳод гардидаанд, ирсол намояд;.

рафти иҷрои нақшаи корҳои илмию таҳқиқотиро аз тарафи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ оид ба илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ санҷад, гузоришоти роҳбарои муассисаҳои зикршударо баррасӣ намояд ва ба таври таъҷилӣ оид ба таъмини иҷрои супоришҳои нақшавӣ чораҳои зарурӣ андешад;

 

бо тартиби муқарраргардида оид ба ҳолат ва рафти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар мамлакат анҷуман ва машваратҳо даъват намояд;

дар мувофиқа бо ташкилотҳои дахлдор олимон ва мутахассисонро барои гузаронидани арзёбии экспертии фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҷалб намояд;

ба беҳтарин лоиҳаҳои корҳо озмун ташкил карда, лоиҳаҳои пешниҳодшударо аз экспертизаи мустақил гузаронад.

 

ҲАЙАТИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ КИТ

 

Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ аз олимони пешсафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳое, ки дар тобеъияти худ  институтҳои илмию таҳқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти  олӣ доранд, иборат мебошад.

Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ ва Раёсати онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ  президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон  раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ  президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Қодирович Раҳиомв аст.

Мақоми олии Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ   Анҷуман (сессия)-и Шӯро аст, ки дар як сол як маротиба даъват карда мешавад.

Дар давраи байни Анҷуманҳо роҳбарии кори Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ-ро Раёсати Шӯро амалӣ менамояд.  

Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ   масъалаҳои ҷориро дар ҷаласаҳои Раёсат ва Бахшҳои Шӯро баррасӣ менамояд. Миқдор ва ҳайати Бахшҳо ва Комиссияҳои экспертӣ, раисони онҳо ва котибони илмиро Раёсати Шӯро тасдиқ менамояд.

Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ   се   Бахш дорад:

  • Бахши илмҳои физикаю математика, химия, геологияю минерология ва техникӣ;
  • Бахши илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ;
  • Бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ.

 

Дар Бахшҳои Шӯро 12 Комиссияҳои экспертӣ кор мекунанд:

Комиссияи экспертии 1    – илмҳои техникӣ;

Комиссияи экспертии 2  – химия ва геологияю минералогия;

Комиссияи экспертии 3   – илмҳои физикаю математика;

Комиссияи экспертии 4   – биология;

Комиссияи экспертии 5   – тибб;

Комиссияи экспертии 6   – кишоварзӣ;

Комиссияи экспертии 7  – таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ;

Комиссияи экспертии 8   – фалсафа, ҳуқуқ, сотсиология ва сиёсатшиносӣ;

Комиссияи экспертии 9  – иқтисодиёт;

Комиссияи экспертии 10 – забон ва адабиёт;

Комиссияи экспертии 11 – педагогика и усулҳои таълим;

 Комиссияи экспертии 12 – шарқшиносӣ. 

 

Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ   дастгоҳи корӣ дорад, ки қисме аз дастгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он корҳои илмию ташкилиро гузаронида, иҷрои қарорҳо ва тавсияҳои Шуроро назорат мекунад. Дар айни замон котиби илмии Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ   номзади илми химия Рано Абдураҳмоновна Бухаризода, кормандони пешбари Шӯро Хайринисо Мирзоевна Азизова, Нигора Раҳмонқуловна Ҷураева  мебошанд.

 

САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ШӮРО

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №525 «Дар бораи Қоидаҳои ташаккул, экспертиза,тасдиқ, маблағгузорӣ ва амалисозии барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатии ҶТ маблағгузорӣ мешаванд» дар солҳои 2007-2010 аз тарафи Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ ва нашр карда шуданд:

 

 

  • «Низомнома оид ба экспертизаи барномаву лоиҳаҳои илмӣ, илмию техникӣ,ки барои маблағгузорӣ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст» (соли 2007 );
  • «Низомнома оид ба  экспертҳо ва комиссияҳои экспертии Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( соли 2007 );
  • «Роҳнамо оид ба омода, пешниҳод ва баррасӣ намудан ва расмиёти амалисозии барнома ва лоиҳаҳо» (солҳои 2007, 2009).

 

 

 

 

ЛОИҲАҲО 

Миқдори лоиҳаҳои КИТ, ки дар солҳои  2008-2012  иҷро карда  шудаанд

 

 

Миқдори экспертҳои мустақил, ки ба гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳои нав дар солҳои 2008-2012  ҷалб карда шудаанд

 

Миқдори лоиҳаҳои КИТ, ки аз тарафи муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои  2008-2012  иҷро карда шудаанд

  

 

ИШТИРОК ДАР ИДОРАКУНИИ БАРНОМАҲО

 

Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ дар идоракунии барномаҳои зерин иштирок менамояд: Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015; Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015; Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015; Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020; Барномаи рушди инноватсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020. Дар вазифаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ  иштирок дар таҳияи Барномаҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои  2011-2015  низ дохил мешавад. 

Дар айни замон  вобаста ба гузаронидани таҷдиди сохторӣ дар соҳаи илм ва зарурати дар низоми ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ равона намудани таваҷҷӯҳи махсус ба ташаккули барномаву лоиҳаҳои серсамар оид ба самтҳои афзалиятноки илмӣ ва илмию техникӣ,  Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ  ба таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили кори Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ, ворид намудани тағйиру иловаҳо дар Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ  машғул аст. Пешбинӣ мегардад, ки мақоми Шӯро васеъ карда шуда, ваколати он дар низоми интихоб ва ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию инструкторӣ дар миқёси тамоми ҷумҳурӣ аниқ карда мешавад ва ба зиммаи он масъулияти гузаронидани на танҳо экспертиза ва интихоби барномаву лоиҳаҳо барои маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ, балки инчунин корҳо оид ба арзёбии аҳамияти амалии натиҷаҳои таҳқиқот ва самаранокии татбиқи онҳо низ вогузор карда мешавад. 

 

Шахси масъул ҷиҳати омода ва нашр намудани буклет –  котиби илмии Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ 

 Бухаризода Р.А.

 

П Р О Т О К О Л И  № 2

ҷаласаи  Раёсати Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ

ва ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

10 апрели соли 2015                                                                           ш. Душанбе

                                           

Иштирок карданд:

Президенти АИ ҶТ                                                                           - Раҳимӣ Ф.

Ноиби президенти АИ ҶТ                                                        - Одинаев С.О.

Ноиби президенти АИ ҶТ                                                             -Якубова М.М.

Ноиби президенти АИ ҶТ                                                         - Олимов К.О.

Саркотиби илмии АИ ҶТ                                                            - Саидов А.С.

Котиби илмии Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ                         - Азизова Х.М.

Президенти Академияи илмҳои тибби 

назди ВТ ва ҲИА ҶТ                                                             - Файзуллоев Н.Ф.

Президенти Академияи Таҳсилоти Тоҷикистон                      - Бобиев Ғ.Б

Муовини аввали Вазири маориф ва илми ҶТ                - Мирбобоев Р.М.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ    - Бобохоҷаева Л.С.  

Муовини аввали Директори маркази

 патенту иттилооти  ВРИ ва С ҶТ                                         - Бурҳонов З.Ш.

Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию

фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми ВТ ва ҲИА ҶТ           -Исупов С.Ҷ.

Сардори  Раёсати департаменти буҷет ва

соҳаҳои иҷтимоии Вазорати молияи ҶТ                        -Абдуҷабборов С.

Муовини Вазири саноат ва техналогияҳои нави ҶТ                         -Хол Ҳ.                            

Муовини Вазири фарҳанги  ҶТ                                                  - Одинаева Б.

Муовини сардори Раёсати муносибатҳои беруна,

 илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ                                    - Сафаров Ш.Ҷ.

 Сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии

 ВРИ ва С ҶТ                                                                                - Маликов Т.С.        

 

Р ў з н о м а и   ҷ а л а с а:

  1. Тасдиқ намудани Номгўи лоиҳаҳои КИТ, ки аз экспертизаи Комиссяҳои экспертӣ ба Бахшҳои Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ барои маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ аз соли 2016 гузаштаанд (иттилооти раисони Бахшҳои Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ С.Одинаев, М.М.Якубова, К.О.Олимов.)
    1. Дида баромадани мўҳлати иҷрои лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013-2017)»-и Муасисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳқиқи равандҳои инноватсионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ (2015-2019)-и Пажуишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ҳалшавандагии масъалаҳои канорӣ ва омехта барои баъзе синфҳои муодилаҳои дифференсиалӣ (2015-2019)» Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Донишкадаи полотехникии Хуҷанди  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ:  «Модернизация и внедрение  информационной системы управления учебным процессом в вузах Республики Таджикистан», «Стратегические факторы устойчивого развития региональной экономики (на примере Согдийской области РТ)», «Применения инновационной технологии для комплексной переработки хлопкового волокна в пряжу», «Коркарди тезауруси лингвистикӣ барои забони тоҷикӣ», «Разработка программного обеспечения организации и контроля систем менеджмента качества образовательного учреждения на основе Web-технологий».

 

           Ҷаласаро президенти АИ ҶТ  Ф. Раҳимӣ оғоз намуд.

Раҳимӣ Ф. – Мо бояд имрўз мувофиқи  рўзномаи ҷаласа ду масъаларо дида бароем. Масъалаи якум – тасдиқ намудани номгўи лоиҳаҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ, ки аз экспертизаи Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ ҷиҳати маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ аз соли 2016 гузаштаанд. Ҳамаи лоиҳаҳои наве, ки дар Номгў оварда шудаанд, аз экспертизаи ду эксперти мустақил гузашта, дар Комиссияҳои экспертӣ ва Бахшҳои Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ баррасӣ гардидаанд. Масъалаи дуюми рўзнома дар бораи дида баромадани мўҳлати иҷроиши лоиҳаҳое, ки дар вақташон маблағгузорӣ нашудаанд. Ин ҷо ман дар бораи лоиҳаи илмии Маркази исломшиносӣ гуфта гузаштаниам. Ду рўз пеш бо роҳбарии Абдуҷабор Раҳмонзода ва дигар шахсони расмӣ дар Маркази исломшиносӣ як ҷаласаи корӣ буд ва дар он ҷо пешниҳод шуд, ки лоиҳаи илмии Маркази исломшиносӣ дигар карда шавад. Номи лоиҳа чуни наст: «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамин мавзўъ, ки барои солҳои 2013-2017 пешниҳод шуда буд, то имрўз маблағгузорӣ нашудаст. Бинобар ин, пешниҳод шуд, ки аз соли 2015 то 2019 аз ҷониби Маркази исломшиносӣ мавзўъи нав пешниҳод гардад. Агар дар ду ё се рузи наздик мавзўъи нав пешниҳод шавад боз як ҷаласа ё ба таври пурсиш метавонем мавзўъро гузаронем. Ҳоло сухан доир ба масъалаи якуми рўзнома ба раиси Бахши илмҳои физикаю математика, химия, геологияву минералогия ва техника  Одинаев С.О дода мешавад.

Одинаев C – Ба Бахши илмҳои физикаю математика, химия, геологияву минералогия ва техника барои экспертиза ҷиҳати маблағгузории буҷетӣ аз соли 2016 ҳамагӣ 42 лоиҳа пешниҳод гардид, аз он ҷумла:

  1. Дар КЭ – 1 оид ба илмҳои техникӣ 12 лоиҳа (Муассисаи давлатии илмӣ-таҷрибавӣ ва истеҳсолии АИ ҶТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология – 2 лоиҳа тавсия карда шуд, Хадамоти геофизикӣ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, Донишкадаи политехникии Хуҷанди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ 1 лоиҳа тавсия карда шуд, 1 лоиҳа рад карда шуд, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, МД «Маркази илмӣ-таҳкиқотии ҳифзи захираҳои об» - 1 лоиҳа тавсия карда шуд, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи  «Пажуҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷўии САНИИОСП» - 2 лоиҳа тавсия карда шуд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд – 2 лоиҳа рад карда шуд, МД Институти илмию таҳқиқотии гидротехника ва мелиоратсия «ТоҷикНИИГиМ» - 1 лоиҳа рад карда шуд).
  • Тавсия карда шуд – 8 лоиҳа.
  • Рад карда шуд – 4 лоиҳа.

 

  1. Дар КЭ-2 оид ба илмҳои химия ва геологияю минерология – 15 лоиҳа (Институти химияи АИ ҶТ – 7 лоиҳа тавсия карда шуд, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология – 4 лоиҳа тавсия карда шуд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд – 1 лоиҳа рад карда шуд, ИИТ ДМТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, ИИТ саноат – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон – 1 лоиҳа тавсия карда шуд).
  • Тавсия карда шуд – 14 лоиҳа.
  • Рад карда шуд – 1 лоиҳа.
  1. Дар КЭ-3 оид ба илмҳои физикаю математика – 15  лоиҳа (Институти математика – 3 лоиҳа тавсия карда шуд, Институти астрофизика – 2 лоиҳа тавсия карда шуд, ИФТ – 2 лоиҳа тавсия карда шуд, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, Маркази илмии Хуҷанд – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, ДД Кўлоб – 1 лоиҳа рад карда шуд, Донишкадаи политехники Хуҷанди Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ– 1 лоиҳа тавсия карда шуд,  Донишкадаи пўлод ва хуллаи Маскав дар шаҳри Душанбе – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, ИИТ ДМТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, 2 лоиҳа рад карда шуд).
  • Тавсия карда шуд – 12 лоиҳа.
  • Рад карда шуд – 3 лоиҳа.

Хангоми баррасии натиҷаҳои экспертизаҳое, ки дар ин Бахш гузаронида шуданд, қарори зерин қабул карда шуд:

  • 35 лоиҳа тавсия карда шавад;
  • 8 лоиҳа баргардонида шавад.

 

Раҳимӣ Ф. – Ба Одинаев С.О. ягон савол ё пешниҳоде ҳаст? Ман ҳаминро гуфтаниам, ки ҳамаи мавзўъҳое, ки дар бораашон Саид Одинаевич гуфта гузаштанд дар доираи самтҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва ба ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд.

Абдуҷабборов С. – Шумо ҳоло гуфта гузаштед, ки 197 лоиҳаи нав аз экспертизаи Шўро гузаштааст ва 139 лоиҳа идомаёбанда мебошад. Маълум аст, ки лоиҳаҳои нав ба Вазорати рушди иқтисод ва Савдо пешниҳод мешаванд. Чи мешуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва Савдо дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати молия лоиҳаҳои навро бо лоиҳаҳои идомаёбанда муқоиса карда, шояд дар ин ҳолат мавзўъҳои такрорӣ муайян шаванд. Дар ин асно зарурати маблағгузории мавзўъи нав бартараф мешавад.

 Раҳимӣ Ф. – Албатта маблағи ҳамаи лоиҳаҳо дар доираи буҷети давлатӣ пешниҳод мешаванд ва албатта дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва Савдо Вазорати молия бояд маблағҳои лоиҳаҳо санҷида баромада шаванд. Агар саволе набошад, сухан ба раиси Бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ Олимов К.О. дода мешавад.

Олимов К.О – Ба Бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ барои гузаронидани экспертиза ҷиҳати маблағгузорӣ аз соли 2016 55 лоиҳа пешниҳод гардид.

  1. Дар КЭ-7 оид ба илми таърих – 13 лоиҳа (ИТБваМ АИ ҶТ – 7 лоиҳа тавсия карда шуд, Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳкиқотии Вазорати фарҳанги ҶТ – 3 лоиҳа тавсия карда шуд, 1 лоиҳа рад карда шуд, Консерваторияи миллии Тоҷикистон – 1 лоиҳа тавсия карда шуд).
  • Тавсия карда шуд – 12 лоиҳа.
  • Рад карда шуд – 1 лоиҳа.

 

  1. ДАР КЭ-8 оид ба илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, сотсиология ва сиёсатшиносӣ – 7 лоиҳа ( Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ – 3 лоиҳа тавсия карда шуд, Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигории илмӣ АИ ҶТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, ДРТС – 1 лоиҳа тавсия шуд, АВКД – 2 лоиҳа тавсия карда шуд).
  • Тавсия карда шуд – 7 лоиҳа.

 

  1. Дар КЭ-9 оид ба илмҳои иқтисодӣ 10 лоиҳа (Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ – 2 лоиҳа тавсия шуд, Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ – 1 лоиҳа тавсия  шуд, Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, ИИТ ДМТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, Донишкадаи политехникии Хуҷанди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ – 1 лоиҳа рад карда шуд, Донишкадаи ҷуҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ВМваИ ҶТ – 1 лоиҳа рад карда шуд, ММПИ ВРИваС ҶТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, ИИТ меҳнат ВММваҲА ҶТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, ДСРТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд).
  • Тавсия карда шуд – 8 лоиҳа.
  • Рад карда шуд – 2 лоиҳа.

 

  1. Дар КЭ-10 оид ба забон ва адабиёт 5 лоиҳа (Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ – 5 лоиҳа тавсия карда шуд, Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ – 2 лоиҳа тавсия шуд, Институти давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти ҶТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд).
  • Тавсия карда шуд – 9 лоиҳа.

 

  1.  Дар КЭ-11 оид ба илмҳои педагогика ва услуби таълим – 12 лоиҳа (Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода  – 3 лоиҳа тавсия шуд, Пажуҳишгоҳи рушди маориф АТТ –6 лоиҳа тавсия шуд, 1 лоиҳа рад карда шуд, Донишкадаи ҷуҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ВМваИ ҶТ – 1 тавсия карда шуд, ИТТ ДМТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд).
  • Тавсия карда шуд – 11 лоиҳа.
  • Рад карда шуд – 1 лоиҳа.

 

  1. Дар КЭ-12 оид ба илмҳои шарқшиносӣ 4 лоиҳа ( Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ – 4 лоиҳа тавсия карда шуд).

 

Ҳангоми баррасии натиҷаҳои экспертизаҳое, ки дар ин Бахш гузаронида шудаанд, қарори зерин қабул карда шуд:

  • 51 лоиҳа тавсия карда шавад.
  • 4   лоиҳа баргардонида шуд.

Раҳимӣ Ф. – Сухан дар бораи мавзўъҳое меравад, ки ба талаботи пешниҳод ҷавобгў набуда, ҳатто мавзўъҳое буданд, ки аз солҳои пешин буда ва танҳо солашро иваз карда ба Шўро пешниҳод мекарданд.Марҳамат, ба Кароматулло Олимович ягон саволе ё пешниҳоде ҳаст? Нест. Ҳисоботи Бахши биология, тиб ва кишоварзӣ муаллима Якубова Муҳиба Мўҳсиновна шунида мешавад.

 

Дар Бахши илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ барои экспертиза ҷиҳати маблағгузорӣ аз соли 2016 ҳамагӣ 118 лоиҳа ворид гардид:

  1. Дар КЭ-4 оид ба илмҳои биологӣ 15 лоиҳа пешниҳод шуд (Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ –4 лоиҳа тавсия карда шуд, Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ – 4 лоиҳа тавсия карда шуд, Институти биологии Помир АИ ҶТ – 4 лоиҳа тавсия карда шуд, Маркази илмии Хуҷанди АИ ҶТ – 1 лоиҳа рад карда шуд, Маркази илмии Хатлон –1 лоиҳа тавсия шуд, Маркази инноватсионии биология ва тиб АИ ҶТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд). 
  • Тавсия карда шуд – 14 лоиҳа.
  • Рад карда шуд – 1 лоиҳа.

 

  1. Дар КЭ-5 оид ба илмҳои тиб 31 лоиҳа ворид гардид (Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон – 12 лоиҳа тавсия карда шуд, 2 лоиҳа рад карда шуд, Донишкадаи таълимоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҶТ – 6 лоиҳа лоиҳа тавсия шуд, Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон – 2 лоиҳа тавсия карда шуд, Маркази ҷумҳуриявии ғизо – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, МД Маркази Ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, Маркази илмию тадқиқотии фармасевтӣ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, МД Институти гастроэнтерология – 4 лоиҳа тавсия карда шуд, Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, Институти химияи АИ ҶТ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд).
  • Тавсия карда шуд – 29 лоиҳа.
  • Рад карда шуд – 2 лоиҳа.

 

  1. Дар КЭ-6 оид ба илмҳои кишоварзӣ  72  лоиҳа ворид гардид (АИКТ – 56  лоиҳа тавсия шуд, ДАТ – 11 лоиҳа, 10 лоиҳа тавсия карда шуд, 1 лоиҳа аз ҳисоби муттаҳид гаштани 2 лоиҳа ихтисор гардид, Донишкадаи политехникии Хуҷанди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ – 1 лоиҳа тавсия карда шуд, 1 лоиҳа рад карда шуд, МД Институти илмию таҳқиқотии гидротехника ва мелиоратсия «ТоҷикНИИГиМ» - 2 лоиҳа тавсия карда шуд,1 лоиҳа рад карда шуд).
  • Тавсия карда шуд – 69 лоиҳа.
  • Рад каода шуд – 3 лоиҳа.
  •  

Хангоми баррасии натиҷаҳои экспертизаҳое, ки дар ин Бахш гузаронида шудаанд, қарори зерин қабул карда шуд:

  • 112 лоиҳа тавсия карда шавад.
  • 6 лоиҳа рад карда шавад.

 

 Абдуҷабборов С. – Муаллима бигўед, ки чанд лоиҳа дар соли 2015 ба охир мерасад ва оё лоиҳаҳои нав такрори лоиҳаҳои гузашта нестанд?

 Якубова М.М. – Ҳастанд мавзўъҳое, ки давомдор ҳастанд, лекин такрор намешаванд.

 Абдуҷабборов С. – Ин хел бошад, агар мавзўъ давомдор бошад ё ба анҷом расида бошад, бояд онҳоро ташхис карда натиҷагириашро муайян кард.

Раҳимӣ Ф. – Ҳамаи мазўъҳое, ки дар соли 2015 ба охир мерасанд, мо дар  моҳи сентябр ҳисоботашонро мешунавем.Қарор қабул карда шавад, ки аз моҳи сентябр ҳисоботҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ шунида шаванд. Лоиҳаҳое, ки ба охир мерасанд дар моҳи сентябр ҳисоботашонро дар муддати ду се ҳафта гуш мекунем ва ҳар кадоми мо метавонем савол дода ҷавоби муайяни худро гирем. Қарор ҳамин аст, баъд аз бистум шунидани ҳисоботҳои лоиҳаҳое, ки дар соли 2015 ба охир мерасанд.

Маликов Т.С. – Шумо гуфтед, ки 197 лоиҳаи нав барои маблағгузорӣ пешниҳод мешаваду 139 лоиҳа идомаёбанда мебошад. Лоиҳаҳои идомадиҳанда дар кадом ҳолат ҳастанд? Оё зарурати маблағгузорӣ кардани онҳо ҳаст ё нест. Ман хоҳиш мекунам,ки агар имконият бошад баҳодиҳии ҳамин лоиҳаҳо гузаронида шавад.

Раҳимӣ Ф. – Пешниҳод қабул аст, мо ҳисоботи натиҷаҳои лоиҳаҳоро талаб карда муҳокима мукунем ва ба Вазоратҳо мефиристем. Фақат ба иттилои шумо мерасонам, ки мавзўъҳои навро бори аввал Консерваторияи миллии Тоҷикистон пешниҳод кард ва он аз экспертизаи Шўро гузашт. Мо натавонистем мавзўъҳои илмӣ- тадқиқотие, ки аз ҷониби Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа пешниҳод шуд қабул кунем, чунки мўҳтавояш махфият дошт. Мо дар Шўро ин хел мавзўъҳое, ки сирри махфиро доранд, баррасӣ карда наметавонем.

Раҳимӣ Ф. – Мегузарем ба масъалаи дуюми рўзнома. (Номи лоиҳаҳоро, ки барои тамдид кардани мўҳлат пешниҳод шудаанд мехонад. Замима карда мешавад). Фикри ман доир ба мавзўъҳо ҳамин аст, ки онҳо бори дигар аз комисия гузаронида шаванд ва аз рўи натиҷаашон ба маблағгузорӣ пешниҳод карда шаванд. Агар розӣ бошед қарорро ҳамин тавр қабул кунем.

Буриев Қ. – Ман директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг мебошам. Лоиҳае, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи мо барои маблағгузорӣ пешниҳод шудааст, аз экспертизаи Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ гузаштааст. Мо имконияти такроран барои экспертиза пардохт кардани маблағро надорем. Хоҳиш мекунам, ки ин чизро ба инобат гиред.

Раҳимӣ Ф. – Пешниҳод шуд, ки лоиҳаҳои номбурда дар Бахшҳо аз нав дида баромада шаванд. Дар қарори ҷаласа пешниҳоди кардашуда ба инобат гирифта шавад. Ва масъалаи сеюм доир ба ду лоиҳа аст, ки аз Институти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ин ду мавзўъ аз соҳаи математика буда, роҳбари якеаш академики Академияи илмҳо  Раҷабов Н.Р.  мебошанд, ки ҳоло дар ин ҷо ҳузур доранд ва роҳбари дигари лоиҳа доктори илмҳои математика Сатторов А. аст. Ин лоиҳаҳо аз ҷониби ду эксперти мустақил ташхис шуда, дар Комиссияи экспертӣ ва Бахши Шўрои ҳамоҳангсозӣ баррасӣ гардида, қарори зерин бароварда шуд: ду лоиҳаи номбурда муттаҳид карда шуда, дар шакли лоиҳаи нави муштарак пешниҳод карда шавад. Мутаассифона ин муаммо то ба имрўз ҳалли худро наёфт. Мо чор маротиба ҳамроҳи роҳбарон вохўрӣ намудем, дар аввал роҳбарони лоиҳаҳо барои муттаҳид кардани мавзўъҳо розӣ шуданд, баъд аз чи сабаб бошад, ки аз фикрашон гаштанд. Имрўз мо ин масъаларо ба саҳми шумо аъзоёни Раёсати Шўро вогузор мекунем, то ин ки ба як қарор оем. Ҳоло сухан ба академик, доктори илмҳои математика Раҷабов Нусрат Раҷабович дода мешавад.

Раҷабов Н.Р. – Ҳозирини мўҳтарам, ман узр мепурсам, ки вақти шуморо мегирам, аммо як нуқтаро бояд қайд кунам, ки равияи лоиҳаи мо дар илми математика нав аст, ки инро олимони на танҳо ҷумҳурии мо, балки берун аз ҷумҳурӣ низ эътироф кардаанд ва он аз лоиҳаи пешниҳод  кардашудаи устод Сатторов Абдуманнон аз ҳар ҷиҳат фарқ мекунад. Барои ҳамин, ман розӣ нестам, ки лоиҳаҳои  мо мутаҳҳид карда шуда дар шакли як лоиҳа пешниҳод шаванд.

Исупов С.Ҷ. – Баҳсу мунозираҳо гирди ин ду лоиҳа бисёр шуда истодааст ва ин тавр рафтан гирад мо ба ягон қароре намеоем. Ман як таклиф дорам. Бигузор Институти илмӣ-таҳкиқотӣ, ки ин ду лоиҳаро пешниҳод кардааст дар доираи салоҳияти худ дида баромада, хулосаи Комиссияи экспертӣ ва Бахшро ба назар гирифта ин муамморо ҳал намояд.

Раҳимӣ Ф. – Пешниҳод ба назар гирифта шуда, оиди пешниҳод қарор қабул карда шавад. Ба Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мактуб омода карда лоиҳаҳоро барои баррасӣ пешниҳод намоед. Муаллим шумо ба ҳамин пешниҳод розӣ ҳастед?

Раҷабов Н.Р. – Бале.

Раҳимӣ Ф. – Мўҳтарам аъзоёни Шўро бо ҳамин ҷаласаи имрўзаамон хотима ёфт барои иштирокатон ташаккур.

 

 

    Раиси Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ,

    президенти АИ ҶТ                                                                     Ф. Раҳимӣ

 

    Котиби илмии

    Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ                                                    Х.М. Азизова

 

ҚАРОРИ № 1

 

Раёсати Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи

илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

     

10 апрели соли 2015                                                                           Протоколи № 2

 

Дар бораи тасдиқи Номгўи лоиҳаҳои КИТ,

ки дар Комиссияҳои экспертӣ ва Бахшҳои

Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ экспертизаро

 барои маблағгузорӣ дар соли 2016 гузаштаанд

(иттилооти раисони Бахшҳои Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ С.О.Одинаев, М.М.Якубова, К.О.Олимов ва котиби илмии Шўро Х.М. Азизова)

 

Иттилооти Раисони Бахшҳои Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ (С.О.Одинаев, М.М.Якубова, К.О.Олимов) доир ба лоиҳаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки дар Комиссияҳо ва Бахшҳои Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ экспертизаи илмиро барои маблағгузорӣ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 гузаштаанд баррасӣ ва муҳокима намуда,

Раёсати Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ

 қарор мекунад:

  1. Номгўи 197 лоиҳаҳои нави КИТ барои маблағгузорӣ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Дар соли 2016 барои маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ 336 лоиҳаҳои КИТ,  аз  он ҷумла 197 лоиҳаҳои нав ва 139 лоиҳаҳои идомаёбанда тавсия карда шаванд.
  3. Номгўи лоиҳаҳои КИТ, ки ҷиҳати маблағгузорӣ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 тавсия шудаанд, то 15 апрели соли 2015 ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шаванд.
  4. То 20 сентябри соли 2015 ҳисоботи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ ҷамъоварӣ шуда, аз 20 сентябри соли 2015 мавриди баррасӣ ва муҳокима пешниҳод гарданд.

 

Раиси Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ,

президенти Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Ф. Раҳимӣ

 

 Котиби илмии

 Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ                                                        Х.М.Азизова

 

ҚАРОРИ № 2

Раёсати Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи

илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ,гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    10 апрели соли 2015                                                                          Протоколи № 2

 

Дар бораи тасдиқи мўҳлати иҷрои лоиҳаҳои

илмӣ-таҳкиқотии «Мақом ва нақши ислом дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2013-2017)»-и Муассисаи

давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳқиқи равандҳои инноватсионии

 соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

шароити ҷаҳонишавӣ (солҳои 2015-2019)»-и Пажуҳишгоҳи

илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати

фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ҳалшавандагии масъалаҳои

канорӣ ва омехта барои баъзе синфҳои муодилаҳои

дифференсиалӣ (солҳои 2015-2019)» Донишкадаи соҳибкорӣ ва

хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии

Тоҷикистон  ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии

 Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

«Модернизация и внедрение информационной

 системы управления учебным процессом в вузах

Республики Таджикистан (солҳои 2015-2019)»,

«Стратегические факторы устойчивого развития региональной

экономики (на примере Согдийской области РТ(солҳои 2015-2019))»,

«Применение инновационной технологии для комплексной

переработки хлопкового волокна в пряжу (солҳои 2015-2019)»,

«Коркарди тезауруси лингвистикӣ барои забони тоҷикӣ(солҳои 2015-2019)»,

«Разработка программного обеспечения организации

и контроля систем менеджмента качества образовательного

 учреждения на основе Web – технологий (солҳои 2015-2019)»-и

 (иттилооти раиси Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ Ф.Раҳимӣ)

Шунида шуд: Иттилооти раиси Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (КИТ) Ф. Раҳимӣ дар бораи лоиҳаҳои КИТ, ки барои маблағгузорӣ дар солҳои 2013-2019 пешниҳод гардидаанд.

 

Раёсати Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ

қарор мекунад:

         Бо сабаби маблағгузорӣ нагардидан, лоиҳаҳои зерини КИТ аз нав дар Бахшҳои Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ ташхис гардида, аз буҷети давлатӣ барои солҳои 2015 ва 2016 тавсия карда шаванд:

 

  1. «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2013-2017)».Фармоишгар: Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2015.
  2. «Таҳқиқи равандҳои инноватсионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ (солҳои 2015-2019)». Фармоишгар:  Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016.
  3.  «Ҳалшавандагии масъалаҳои канорӣ ва омехта барои баъзе синфҳои муодилаҳои дифференсиалӣ (солҳои 2015-2019)». Фармоишгар: Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶумҳурииТоҷикистон аз соли 2016.
  4.  «Модернизация и внедрение информационной системы управления учебным процессом в вузах Республики Таджикистан». Фармоишгар: Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  аз соли 2016.
  5. «Стратегические факторы устойчивого развития региональной экономики (на примере Согдийской области РТ)». Фармоишгар: Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз соли 2016.
  6. «Применение инновационной технологии для комплексной переработки хлопкового волокна в пряжу». Фармоишгар: Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз соли 2016.
  7.  «Коркарди тезауруси лингвистикӣ барои забони тоҷикӣ». Фармоишгар: Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз соли 2016.
  8. «Разработка программного обеспечения организации и контроля систем менеджмента качества образовательного учреждения на основе Web – технологий». Фармоишгар: Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз соли 2016.

 

 

Раиси Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ,

президенти Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Ф. Раҳимӣ

 

 

 Котиби илмии

 Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ                                                        Х.М.Азизова

 

ҚАРОРИ № 3

 

Раёсати Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи

илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

     

10 апрели соли 2015                                                                           Протоколи № 2

 

           Тибқи қарори Комиссияи экспертӣ ва Бахши Щўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳкиқотӣ (КИТ) оид ба илмҳои физикаю математика, химия, геологияву минералогия ва пешниҳоди аъзоёни Раёсати Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ

Раёсати Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ

қарор мекунад:

 

           Лоиҳаҳои «Муодилаҳои бисёрченакаи намуди Волтерра бо ядроҳои қайд кардашудаи сингулярӣ ва суперсингулярӣ ва татбиқи онҳо ба назарияи гиперболикӣ»(роҳбари илмӣ: Раҷабов Н.Р.) ва «Тадқиқи як синфи муодилаҳои

Дифференсиалии тавлидшавандаи ҷинси ду ва татбиқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ» (роҳбари илмӣ: Сатторов А.) барои баррасии такрорӣ

ва ҷиҳати муттаҳид намудан ва ё дар шакли алоҳида пешниҳод намудани онҳо ба Институти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ирсол карда шаванд.

 

Раиси Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ,

президенти Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Ф. Раҳимӣ

 

 Котиби илмии

 Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ                                                        Х.М.Азизова

Нишонии Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ :

734025, ш.Душанбе, у.Рудакӣ, 33

Телефон: (992 37) 221-77-16

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.