joomla

19:06, 19th July 2019
Июл 2019
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
free templates joomla

Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский

734025, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, қ/п 70,

т. (99247) 445-30-31  

Институти зоология ва паразито-логияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи илмҳои ҶТ яке аз нахустин муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон буда, соли 1941 дар заминаи бахши зоология ва парази-тологияи Шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

Омӯзиши ҳаматарафа ва амиқи фаунаи Тоҷикистон, муайян намудани ҳолати ҳозираи гурӯҳҳои гуногуни олами ҳайвонот, муқаррар намудани нақши ҳайвонот дар биотсенозҳои мухталиф, баҳодиҳии вазъи манбаъҳои табиии касалиҳои ҳайвонот, ҳимояи наботот ва мукаммал гардонидани усулҳои биологии ба танзим даро-вардани шумораи зараррасонҳои зиро-атҳои кишоварзӣ, тадқиқи гидрофауна, ташаккулёбии реҷаи биологӣ ва маҳсулнокии обанборҳо, омӯзиши таърихи ташаккулёбии фауна дар асоси маълумотҳои палеонтологӣ, кор карда баромадани чораҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои олами ҳайвонот, аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои тадқиқоти илмии Институт ба ҳисоб мераванд.

Ба сохтори институт 4 шӯъба дохил мебошад:

  • шӯъбаи  экологияи ҳайвоноти мӯҳрадори рӯизаминӣ;
  • шӯъбаи таснифоти ҳайвоноти бесутунмӯҳра;
  • шӯъбаи паразитология;
  • шӯъбаи ихтиология ва гидро-биология.

Тӯли 70 соли фаъолият Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ ба маркази бонуфузи илмӣ мубаддал гардида, дар тараққиёти илми зоология дар Тоҷикистон саҳми бузург гузошт.

Институт дар соҳаи тадқиқоти бунёдӣ дар таркиби фаунаи Тоҷи-кистон 583 намуди ҳайвоноти сутун-мӯҳрадор ва зиёда аз 13000 намуди бесутунмӯҳра (аз он ҷумла зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳашарот)-ро муқаррар намудааст, ки дар байнашон 800 намудҳои барои илм нав ва намудҳои зиёди эндемикӣ ва субэндемикӣ қаламдод гардидаанд.

Олимони институт 18 китобро (иборат аз 13 ҷилд) аз силсилаи «Фаунаи Тоҷикистон» нашр наму-даанд, ки ба гурӯҳҳои алоҳидаи таснифотии ҳайвонот – ширхӯрон, паррандагон, хазандагон, кирмакҳои ордолуд ва сипаракҳо, ширинчаҳо, канаҳои барг ва канаҳои растанихӯр бахшида шудаанд. Ба қалами олимони институт зиёда аз 70 монография ва маҷмӯа, 30 брошюраҳои илмӣ-оммавӣ, китобҳои зиёди дарсӣ барои донишҷӯён ва хонандагон ва тақрибан 3000 мақолаҳои илмӣ тааллуқ дорад.

Институт дар соҳаи омӯзиши тасни-фоти ҳайвоноти бесутунмӯҳра саҳми босазо гузошта, аз нав ба рӯйхатгирии гурӯҳҳои алоҳидаи таснифотии ҳайво-нотро амалӣ намудааст. Олимони институт воҳидҳои нави таснифотиро дар доираи оилаҳо ва зероилаҳои ҳайвонот қаламдод намуда, дар соҳаи муносибатҳои мутақобилаи паразит ва хӯҷаин, филогенияи гурӯҳҳои алоҳидаи ҳайвоноти дар шароити ҳозира зисткунанда ва ширхӯрони мунқариз-гашта ғояҳои нави илмӣ-назариявиро кор карда баромадаанд.

Институт системаи интегратсионии ҳимояи пахта, дарахтони мевадиҳанда ва сабзавотро аз зараррасонҳои буғумпой кор карда баромадааст, ки дар хоҷагиҳои пахтакории Тоҷикистон бо самараи баланди иқтисодӣ дар амал татбиқ гардидааст. Дар бахши такмил додани усули инегратсионии ҳимояи растаниҳо аз зараррасонҳо тадқиқот-ҳои дар солҳои охир гузаронидаи олимони институт оид ба истифодаи растаниҳои хусусияти инсектисидӣ дошта бар зидди зараррасонҳо ва муайян намудани нақши растаниҳои шаҳдовар дар ҷалб намудани энтомофагҳо ва гардолудкунандаҳои фоидарасон аҳамияти калони амалӣ доранд.

Институт оид ба ҳифзи намудҳои нодири олами ҳайвонот, бо роҳи сунъӣ зиёд намудани намудҳои алоҳидаи нодир (гавазни бухороӣ, бузи пар-машох ва кобраи осиёимиёнагӣ), истифодаи оқилонаи захираҳои олами ҳайвонот, мубориза бар зидди паразитҳои хуни чорвои хонагӣ ва канаҳои иксодӣ – паҳнкунандагони касалиҳои манбаъҳои табиӣ дошта, тавсияномаҳо кор карда баромадааст. Олимони соҳаи паразитология усули ҳосил кардан ва истифода бурдани препарати иммуноглобулинро бар зидди касалии тейлериози чорвои калони шохдор кор карда баро-мадаанд.

Алҳол, олимони соҳаи паразито-логия дар доираи лоиҳаи Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ оид ба омӯзиши ҳамаҷонибаи хомӯшакҳои хунмак дар ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ тадқиқот мегузаронанд. Бо дастгирии ин лоиҳа дар институт лабораторияҳои ҳозиразамон оид ба муайян намудани сироятнокии хомӯ-шакҳо аз барангезандагони бемории вараҷа, тайёр намудани қиём ва маҳлул аз растаниҳои хусусияти инсектитсидӣ дошта ба мақсади омӯзиши самара-нокии онҳо дар мубориза бар зидди хомӯшакҳо, омӯзиши самарабахшии истифодаи моҳиёни фаунаи маҳаллӣ дар мубориза бар зидди дуболони хунмак ташкил карда шудааст. Барои муайян намудани сироятнокии хомӯ-шакҳои хунмак усули ELIZA татбиқ гардидааст, ки имконият медиҳад авҷгирии якбораи бемории вараҷа дар шароити Тоҷикистони Ҷанубӣ пешгӯи карда шавад.

Институт ташаббускори нашр на-мудани Китоби сурхи Тоҷикистон (муҳарири масъул, академик И.А. Абдусаломов) ба забонҳои русӣ (1988) ва тоҷикӣ (1997) ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир тавассути гузаронидани тадқиқотҳои мунтазам оид ба баҳо-диҳии ҳолати ҷамоаи табиии намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дошта маълумотҳои нав гирд оварда шудаанд, ки имконият медиҳанд нашри нави (дуюми) Китоби сурхи Тоҷикистон омода карда шавад.

Тӯли фаъолияти институт барои тайёр намудани мутахассисони илмии маҳаллӣ корҳои зиёде анҷом дода шуда, шумораи корҳои чопӣ дар соҳаҳои гуногуни зоология ва аҳамияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар хоҷагии халқи Тоҷикистон хеле афзуд. Дар институт 16 докторҳои илм ва зиёда аз 100 номзадҳои илм ба воя расидаанд. Алҳол дар Институт 53 нафар коркун, 3 доктори илм (аз он ҷумла як нафар академики АИ ҶТ) ва 16 номзади илм фаъолият менамоянд.

Тӯли 20 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаҳои илмии институт бо муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷии наздик ва дур густариш ёфт.  Институт бо Институти биологияи инкишофи Академияи илмҳои Россия, факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Москва, Институти паразитологияи тиббии Академияи илмҳои тибби Россия, Фонди байналхалқии ҳифзи табиати ИМА (WCS), ташкилоти байналхалқии «Фауна ва Флора Интернэшнл» (FFI), Музеи таърихи табиати Бритониёи Кабир, фонди байналхалқии «Пантера» ҳамкории илмӣ дорад.

Дар назди институт музеи зоологӣ фаъолият менамояд, ки гуногунии олами ҳайвонот, аллалхусус ҳайвоноти мӯҳрадори Тоҷикистон, ҷойгиршавии онҳоро дар минтақаҳои амудӣ ва мавзеъҳои табиӣ инъикос менамояд. Музей аз рӯи аҳамият беназир ва ягона музеи зоологӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Тӯли 50 соли фаъолият, музей дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои илми зоология ва ҳифзи намудҳои нодиру дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доштаи Тоҷикистон нақши мӯҳим бозидааст.    

Омӯзиши нопурраи гурӯҳҳои алоҳидаи таснифотии ҳайвоноти бесутунмӯҳра ва аҳамияти онҳо дар экосистемаҳо тақозо менамояд, ки дар оянда тадқиқотҳо дар соҳаи фауна ва таснифоти ҳайвонот яке аз самтҳои афзалиятноки тадқиқотҳои зоологӣ дар Тоҷикистон боқӣ монад. Ин самтҳо барои дар хоҷагии халқ татбиқ намудани тадқиқотҳои илми зоология дар ҷумҳурӣ заминаи воқеӣ ба ҳисоб мераванд. 

Вазифаҳои асосии институт дар ояндаи наздик аз инҳо иборат аст:

  • омӯзиши амиқи фауна ва био-логияи гурӯҳҳои нопурра омӯхташудаи ҳайвоноти бесутунмӯҳра;
  • такмил додан ва дар амал тат-биқ намудани усулҳои интегратсионии мубориза бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ дар шароити нави хоҷагидорӣ;
  • ба анҷом расонидан ва нашр намудани ҷилдҳои навбатии силсилаи китобҳои «Фаунаи Тоҷикистон»;
  • тартиб додани асарҳои ҷамъ-бастӣ ва кадастри гурӯҳҳои алоҳидаи олами ҳайвонот;
  • тайёр намудани мутахассисон-зоологҳои баландихтисос.

Экологияи ландшафтӣ ва идоракунии миқдори зараррасонандаҳои зироатҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон 


Экологияи ландшафтӣ ва идоракунии миқдори зараррасонандаҳои  зироатҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон 


Доруи глобулин бар зидди тейлериозаи ҳайвони калони шохдор 


Осорхонаи зоологии институт