Ҷоизаҳо ва мукофотҳои АИ ҶТ

  

joomla

04:00, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

Ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатӣ ва дигар ҷоизаву мукофотҳо

О З М У Н

барои дарёфти ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илму техника дар  соли 2014

 

          Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаҳои ба номи олимони барҷаста:

          академик С.У.Умаров – дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ;

          академик Е.Н.Павловский – дар соҳаи илмҳои биологӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ;

          академик М.С.Осимӣ – дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ озмун эълон мекунад

 

1.Муқаррароти умумӣ

 

Ҷоизаҳо ба олимони мамлакат барои корҳои ҷудогонаи илмӣ, ихтироот, инчунин барои силсилаи корҳои илмӣ дар як мавзӯъ дода мешавад.

Дар мавридҳое, ки кори ба дарёфти ҷоиза пешниҳодгардида бо иштироки олимони хориҷӣ иҷро шудааст, номи ин олимон  ба ҳайати муаллифони кор дохил карда мешавад.

Корҳое, ки соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ, инчунин ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд, ба дарёфти ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста қабул карда намешаванд.

Ба олимоне, ки сазовори ҷоиза шудаанд, ҳуқуқ дода мешавад, ки ҳангоми чопи асарҳо дар сарлавҳа сабти «Соҳиби ҷоизаи ба номи……….. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли…………мебошад»-ро зикр намоянд.

 

2. Тартиби пешниҳоди кор

 

Барои баррасӣ асарҳои илмӣ дар соҳаи тадқиқотҳои бунёдӣ, ихтирооти илмӣ, корҳои ба вуҷуд овардан ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани технологияи пешқадам, масолеҳ, мошину механизмҳо, навъҳои рустаниҳои кишоварзӣ ва зотҳои ҳайвонот, ки ба инкишофи илм, техника, иқтисод ва фарҳанги ҷумҳурӣ имкониятҳои навро дар рушди илм, техника, иқтисод ва фарҳанги ҷумҳурӣ фароҳам меоранд ва барои ба сатҳи пешқадам баромадани илму техникаи ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд, пазируфта мешаванд.

Ба дарёфти ҷоиза кор ё силсилаи корҳои илмии одатан муаллифони алоҳида дар як мавзӯъ пешниҳод гардида метавонанд. Дар вақти пешниҳод кардани корҳо танҳо муаллифони сарвар пешбарӣ карда мешаванд ва зимнан шумораи онҳо дар як кори илмӣ на бояд аз се нафар зиёд бошад.

Ҳуқуқи пешниҳоди номзад барои дарёфти ҷоизаҳои Академияи илмҳо ба номи олимони барҷаста ба инҳо дода мешавад:

а) муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ;

б) ҷамъиятҳои илмӣ ва муҳандисиву техникӣ;

в) шӯроҳои илмӣ-техникии вазоратҳо, идораҳо, шӯроҳои техникии муассисаҳои саноатӣ, бюроҳои конструкторӣ.

        Қабули корҳо аз 3 январ то 31 январи соли 2014 сурат мегирад.

 

3.Қоидаҳои танзиму сабти корҳо

 

          Ташкилотҳое, ки ба дарёфти ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор пешбарӣ мекунад, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо сабти «Барои дарёфти ҷоизаи ба номи…………» ба Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (734025 ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 А) пешниҳод намоянд:

          а) пешниҳоди асоснок, ки тавсифи илмии кор, аҳамияти он барои пешрафти илм, иқтисодиёт ва фарҳангро дар бар мегирад;

          б) кори илмии чопшуда (силсилаи корҳо), ҳуҷҷатҳои ихтирооти илмӣ дар ду нусха (ҳангоми пешбарии корҳои пӯшида пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дастнавишт дар як нусха иҷозат дода мешавад);

          в) маълумот дар бораи муаллиф (номгӯи корҳои асосии илмӣ, ихтироот, ҷои кор, вазифа, нишонии хона);

г)  2-дона расми муаллиф (муаллифон) андозаи 4х6 см.

 

4. Тартиби баррасии корҳо

 

          Корҳое, ки барои дарёфти ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста пешниҳод шудаанд, аз тарафи Комиссияи ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Низомномаи ҷоизаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

 

Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон