joomla

11:06, 26th April 2019
Апрел 2019
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
free templates joomla

Оинномаи АИ ҶТ

 

Ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 1 июли соли 2011 №339

тасдиқ шудааст

 

ОИННОМАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

I. Муқаррароти умумӣ

1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Академияи илмҳо) муассисаи олии худидорашавандаи давлатии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, гузаронидан ва рушди таҳқиқоти бунёдиву амалиро таъмин менамояд ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои таҳсилоти олии касбиро ҳамоҳанг месозад. Академияи илмҳо дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои дигари меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд ва ин Оиннома фаъолият менамояд.

2. Академияи илмҳо аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаро, ки  Маҷлиси умумии Академияи илмҳо интихоб менамояд ва ҳамчунин кормандони илмӣ ва мутахассисонеро, ки дар муассисаҳои Академияи илмҳо кор мекунанд, муттаҳид месозад.

Академияи илмҳо дар таркиби худ ташкилот (муассиса)-ҳои илмӣ, ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ дорад.

3. Ба сохтори Академияи илмҳо шӯъбаҳо, филиалҳо, марказҳои илмӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, шӯъбаҳои мустақили илмӣ ва муассисаҳои дигари илмӣ, корхонаву ташкилотҳо, ки бо тартиби муқарраркардаиқонунгузорӣ таъсис ёфтаанд, дохил мешаванд.

Дар Академияи илмҳоҷамъиятҳои илмӣ, шӯроҳои илмӣ, кумитаҳо, комиссияҳо, фондҳо, ки бо тартиби муқаррагардида созмон дода шудаанд, вуҷуд дошта метавонанд.

4. Академияи илмҳо дорои ҳуқуқи идораи фаъолияти худ, ҳуқуқи таъсиси ташкилотҳои нав, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои тобеъи худ мебошад. Мақомоти идоракунандаи Академияи илмҳо Маҷлиси умумӣ ва Раёсати Акаде­мияи илмҳо мебошанд, ки онро президенти Академияи илмҳо сарварӣ менамояд.

5. Академияи илмҳоҳар сол оид ба таҳқиқоти илмии анҷомдода, натиҷаҳои илмӣ ва илмӣ-техникии бадастомада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.

6. Академияи илмҳо шахси ҳуқуқӣ мебошад. Номи пурраи муассиса - Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон ва номи мухтасари он АИ ҶТ аст.

Суроғаиҳуқуқӣ ва маҳаллиҷойгиршавии Академияи илмҳо: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33.

 

II.  Мақсад, вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти

Академияи илмҳо

 

7. Мақсадҳои асосии Академияи илмҳо инҳо мебошанд:

-рушди таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар  самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ;

-дастгирии самтҳои ояндадори таҳқиқоти илмӣ, ки барои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат муҳиманд;

-ҳамоҳангсозии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ, амалӣ намудани сиёсати ягонаи илмӣ-техникӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор;

-омӯзиши дастовардҳои илм ва техноло­гияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-муайянсозӣ ва дастгирии муҳаққиқони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ.

8. Академияи илмҳо роҳбарии умумиро дар таҳқиқоти муҳимтарин масъалаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ амалӣ намуда, самтҳои асосии таҳқиқотро муайян мекунад ва корҳои илмӣ-таҳқиқотиеро, ки муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иҷро мекунанд, ҳамоҳанг месозад.

9. Барои муваффақ гардидан ба мақсадҳои худ Академияи илмҳо:

- дар ташкил ва татбиқи сиёсати давлатии илмию технологӣ, таҳияи пешгӯиҳои тараққиёти илмию технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;

-самтҳои асосии афзалиятдори таҳқиқоти бунёдиро дар илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ муайян мекунад;

- иҷрои барномаҳои давлатии таҳқиқоти бунёдӣ, нақшаҳои ояндабинӣ ва ҳарсолаи муҳимтарин корҳои илмию таҳқиқотиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия, тасдиқ ва ташкил менамояд;

-масъалаҳои таъсис ва барҳам додани муассисаҳои илмӣ, табдили воҳидҳои сохтории институтҳо ва ташкилотҳоии дигари ёрирасонро бо тартиби муқарраргардида ҳал менамояд;

-самтҳои таҳқиқоти бунёдиеро муайян менамояд, ки тавассути муттаҳид гардонидани нерӯҳои воҳидҳои илмии академӣ, мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва соҳавӣ ба даст овардани натиҷаҳои комилан нави илмӣ-технологиро таъмин карда метавонанд;

-ҳамроҳ бо мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таъсис додани маҷмаъҳои илмию таҳсилотӣ дар заминаи институтҳои Академияи илмҳо ва мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок менамояд;

-ҳамроҳ бо мақомоти давлатӣ тавсияҳоро барои истифодаи самарабахши дастовардҳои илмӣ-технологӣ чиҳати рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон таҳия менамояд;

-дар таҳияи стратегия ва тактикаи сиёсати ҳифзи табиат дар қаламравиҶумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

-барои ҳалли масъалаҳои ҷомеъ дар илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ шӯроҳои илмӣ ва ҳайатҳои муваққатии эҷодӣ таш­кил менамояд;

-барои амалӣ намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва татбиқи амалии таҳқиқоти илмӣ воҳидҳои ҳисоби хоҷагӣ, худмаблағгузор ва тиҷоратӣ таъсис медиҳад;

-тарбияи олимон, мутахассисон ва такмили тахассуси онҳоро аз ҷумла дар марказҳои илмии хориҷӣ амалӣ менамояд;

-санҷиши илмии муҳимтарин барномаҳои илмӣ, илмию технологӣ ва лоиҳаҳои инноватсиониро мегузаронад;

-ба тарғиби дастовардҳои илм ва густариши донишҳои илмӣ мусоидат менамояд;

-барои баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани самарабахшии онҳо, масъалаҳои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иҷлосия, конференсия ва машваратҳои илмӣ доир ме­намояд;

-ба мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти худ дар масъалаҳои минтақавии илм робитаҳоро бо академияҳои соҳавӣ, ташкилот ва муассисаҳои дигари илмӣ-таҳқиқотӣ, вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ҷамъиятҳои илмӣ ва илмӣ-техникии ҷумҳурӣ барқарор менамояд;

-робитаҳои илмиро бо Академияи илмҳо ва муассисаҳои дигари илмии мамлакатҳои хориҷӣ инкишоф медиҳад, олимони Тоҷикистонро дар иттиҳодияҳо, шӯро ва ассосиатсияҳои илмии байналмилалӣ муаррифӣ менамояд, конгресс, конференсия, симпозиум ва машваратҳои илмии байналмилалӣ баргузор мекунад;

-бо тартиби муқарраршуда нақшаҳои маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии таҳқиқоти илмӣ, инчунин маблағгузории асосии тараққиёти ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи илмҳоро таҳия ва пешниҳод менамояд.

10. Академияи илмҳо барои дастовардҳои барҷастаи илмӣ медалҳо, нишонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳо таъсис ва эҳдо мекунад.

 

III. Аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фахрӣ ва

 хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби интихоби

аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

11. Аъзои Академияи илмҳо аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва хориҷии Академияи илмҳо мебошанд, ки онҳоро Маҷлиси умумии Акаде­мияи илмҳо интихоб менамояд.

12. ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раёсати Академияи илмҳо шумораи умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳоро муайян мекунад.

13. Интихобот дар Академияи илмҳо дар асоси Оинномаи мазкур ва Низомномаи интихобот дар Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон, ки онҳоро Маҷлиси умумии Академияи илмҳо тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад.

14. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо олимоне интихоб карда мешаванд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Аъзои пайваста (академикҳо)-и Акаде­мияи илмҳо аз ҷумлаи аъзои вобастаи Ака­демияи илмҳо интихоб карда мешаванд, ки илмро бо асарҳои барҷастаи илмӣ ғанӣ гардонидаанд.

Аъзои вобастаи Академияи илмҳо аз ҷумлаи олимони дорои унвони доктори илм ин­тихоб карда мешаванд, ки илмро бо асарҳои калони илмӣ ғанӣ гардонидаанд.

Аъзои фахрии Академияи илмҳо он шаҳрвандониҶумҳурии Тоҷикистон интихоб мешаванд, ки дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг ва маорифи миллӣ саҳми бузург гузоштаанд.

Аъзои хориҷии Академияи илмҳо он олимони барҷастаи хориҷӣ интихоб мешаванд, ки дар илм ва фарҳангиҷаҳонӣ саҳм доранд.

Аъзои Академияи илмҳо якумрӣ интихоб карда мешаванд.

15. Интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо на камтар аз як бор дар се сол дар доираи ҷойҳои холӣ ва ё дар мавриди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани ҷойҳои холии нав гузаронида мешавад.

Вақти гузаронидани интихобот, номгӯи ихтисосҳо ва миқдориҷойҳои холӣ дар ҳар ихтисос аз тарафи Раёсати Акаде­мияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

16.       Иттилооти Раёсати Академияи илмҳо дар бораи гузаронидани интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо на дертар аз ду моҳ то гузаронидани интихобот дар матбуоти ҷумҳурӣ эълон мешавад.

Тағйири номгӯи ихтисосҳо, аз нав тақсим кардани онҳо дар байни шӯъбаҳо ва тағйири миқдори ҷойҳои холӣ ба ҳар як ихтисос баъди нашр гардидани иттилоот дар бораи гузаронидани интихобот манъ аст.

17. Ҳуқуқи пешбарии довталабонро ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои во­бастаи Академияи илмҳо аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳо, муассисаҳои илмӣ,  мактабҳои олӣ  доро мебошанд. Пешбарии довталабон аз тарафи муассисаҳо ва ташкилотҳо дар маҷлисҳои Шӯроҳои илмӣ ва илмию техникӣ, коллегияҳо ё раёсатҳо аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Довталабоне пешбарӣ шуда ҳисоб мешаванд, ки на камтар аз 50 фоиз овоз гирифтаанд.

Номҳои довталабон ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо дар муддати як моҳ аз рӯзи нашри эълони интихобот дар матбуот бо далелномаҳои марбута ба таври хаттӣ ба Раёса­ти Академияи илмҳо ирсол мешаванд.

Номҳои шахсоне, ки чун довталаб ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо сабт шудаанд, 15 рӯз пеш аз интихобот дар матбуоти ҷумҳуриявӣ чоп мешавад.

Раёсати Академияи илмҳо бо пешниҳоди бюрои шӯъбаҳо барои баррасии маводи тавсифкунандаи довталабони сабтшуда ба аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо, тартиб додани хулосаҳо дар бораи ҳамаи довталабон ва тавсияи шоистатарини онҳо барои инти­хоб Комиссияи экспертиро таъйин мекунад.

18. Вазифаи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо бо дастовардҳои нав ғанӣ гардонидани илм тавассути таҳқиқоти шахсан анҷомдодаи илмӣ, ташкил кардан ва роҳбарӣ намудан ба таҳқиқоти дастаҷамъии масъалаҳои муҳим, мусоидат ба истифодаи дастовардҳои илм дар иқтисодиёт ва фарҳанг, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ҳам дар муассисаҳои Академияи илмҳо ва ҳам дар муассисаҳои дигар, иҷрои супоришҳои алоҳидаи Раёса­ти Академияи илмҳо ва шӯъбаи дахлдор, иштироки фаъолона дар кори Маҷлиси уму­мии Академияи илмҳо ва маҷлиси умумии шӯъбаи дахлдор мебошад.

Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо ҳақ доранд, ки масъалаҳои илмӣ ва илмиву ташкилиро барои баррасӣ ба Раёсати Академияи илмҳо ва шӯъбаҳои шомилбудаашон пешниҳод намоянд ва ҳамчунин тавассути Раёсати Академияи илмҳо ва бюрои шӯъба чунин масъалаҳоро барои баррасӣ ба Маҷлиси умумии Академияи илмҳо ва маҷлиси уму­мии шӯъба пешниҳод намоянд, вале қаблан дар ин бора бояд бюрои шӯъба ва ё Раёсати Академияи илмҳоро ба таври хаттӣ огоҳ кунанд.

19.       Ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо барои унвонҳои академӣ унвонпулӣ (гонорар) муққаррар карда мешавад.

Унвонпулӣ (гонорар) ба унвони академӣ ба аъзои Академияи илмҳо, ки барои сукунати доимӣ ба мамлакатҳои дигар рафтаанд, дода намешавад ва ҷойи онҳо холӣ эълон карда мешавад.

20.       Ҳар як узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳо мувофиқи ихтисоси илмиаш узви яке аз шӯъбаҳои Академияи илмҳо мебошад

Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо метавонанд ба шӯъбаи дигари Академияи илмҳо гузаранд. Қарор дар бораи гузариш аз тарафи ин шӯъбаҳо қабул карда мешавад. Он аъзои Академияи илмҳо, ки ба як шӯъба шомил мебошанд, метавонанд бо розигии аксарияти аъзои шӯъбаи дигар дар кори он иштирок намоянд ва аз ҳуқуқҳои аъзои ин шӯъба истифода кунанд, ба истиснои ҳуқуқи овоз ҳангоми интихоботи номзадҳо ба аъзои Ака­демияи илмҳо, бюрои шӯъба.

21. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо ҳар сол ба шӯъбаи дахлдори Академияи илмҳо оид ба фаъолияти худ, аз ҷумла дастовардҳои шахсӣ дар анҷом додани таҳқиқоти илмӣ, маълумот дар бораи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва нашри илмӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Ҳисоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо дар ҷаласаҳои бюро ва маҷлисҳои умумии шӯъбаҳо баррасӣ ва муҳокима мегарданд.

 

 

 

 

IV. Мақомоти идораи Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

22. Мақоми олии роҳбарикунандаи Ака­демияи илмҳо Маҷлиси умумии Академияи илмҳо мебошад. Ба ҳайати он аъзои пай­васта (академикҳо) ва аъзои вобастаи Ака­демияи илмҳо шомил мебошанд.

23. Маҷлиси умумии Академияи илмҳо:

-Оинномаи Академияи илмҳо, Низомномаи интихобот дар Академияи илмҳо ва тағйироту иловаҳоро ба онҳо қабул мекунад;

-бо пешниҳоди Раёсати Академияи илмҳо дар бораи таъсис, навсозӣ ва барҳам додани шӯъбаҳо, филиалҳо ва марказҳои илмии Академияи илмҳо қарор қабул менамояд;

-гузоришҳои ҳисоботии Раёсати Акаде­мияи илмҳоро тасдиқ мекунад;

-ҳисоботи солонаи иҷрои маблағгузории асосии буҷетии Академияи илмҳоро тасдиқ менамояд;

-равияҳо ва самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмиро муайян мекунад;

- Раёсати Академияи илмҳоро интихоб мекунад, аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи илмҳоро ин­тихоб мекунад; гузоришоти шӯъбаҳо, филиалҳо ва марказҳои илмӣ, муассисаҳои Академияи илмҳо ва олимони алоҳидаро баррасӣ менамояд, масъалаҳои муҳими илмӣ ва илмиву ташкилиро муҳокима мекунад.

24. Маҷлиси умумии Академияи илмҳо аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳо дар семоҳаи якуми сол даъват карда мешавад. Масъалаҳоеро, ки дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳо мавриди муҳокима қарор мегиранд, бюрои шӯъбаҳо, шӯроҳои илмии муассисаҳои илмӣ, аъзои Академияи илмҳо ба Раёсати Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Раёсати Академияи илмҳо рӯзномаи Маҷлиси умумиро бо назардошти пешниҳодҳои воридгардида тартиб медиҳад.

25. Ҳуқуқи овоздиҳиро дар Маҷлиси уму­мии Академияи илмҳо ҳамаи аъзои Акаде­мияи илмҳо истифода мекунанд, ба истиснои мавридҳое, ки ин Оиннома тартиби дигари иштироки аъзои Академияи илмҳоро дар овоздиҳӣ пешбинӣ кардааст.

26. Маҷлиси умумии Академияи илмҳо дар сурате салоҳиятдор дониста мешавад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати рӯйхатии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо ҳузур дошта бошанд.

27. Қарорҳо дар Маҷлиси умумии Акаде­мияи илмҳо бо аксарияти овозҳои аъзои дар маҷлис ҳузурдоштаи Академияи илмҳо қабул карда мешаванд.

28. Раёсати Академияи илмҳо дар ҳайати 9 нафар -президент, ноибони президент -раисони шӯъбаҳои Академияи илмҳо, саркотиби илмӣ ва аъзои ди­гар таъсис меёбад.

Президенти Академияи илмҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод кар­да мешавад.

Ҳайати Раёсати Академияи илмҳоро Маҷлиси умумии Академияи илмҳо бо пешниҳоди президенти Академияи илмҳо инти­хоб менамояд.

Ноибони президенти Академияи илмҳо аз тарафи Маҷлиси умумии Академияи илмҳо аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳо интихоб кар­да мешаванд.

Саркотиби илмии Академияи илмҳоро Маҷлиси умумии Академияи илмҳо аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва ё аъзои вобастаи Академияи илмҳо интихоб мекунад.

Аъзои дигари Раёсати Академияи илмҳоро Маҷлиси умумии Академияи илмҳо аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва ё аъзои вобастаи Академияи илмҳо интихоб менамояд.

29. Интихоботи ноибони президент-раисони шӯъбаҳои Академияи илмҳо, сар­котиби илмӣ ва аъзои дигари Раёсати Академияи илмҳо бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ бо аксарияти оддии овозҳои аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо ҳамзамон як бор дар 5 сол гузаронида мешавад.

Дар ҳар як интихоботи нав Раёсати Ака­демияи илмҳо оид ба фаъолияти панҷсолаи худ ба Маҷлиси умумии Академияи илмҳо ҳисобот пешниҳод менамояд.

Раёсати Академияи илмҳо тақсими вазифаҳоро дар байни аъзои Раёсати Акаде­мияи илмҳо анҷом медиҳад.

30. Президенти Академияи илмҳо:

-Академияи илмҳоро сарварӣ менамо­яд ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академияи илмҳо вогузоршуда шахсан масъул мебошад;

-Академияи илмҳоро дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳо, ҷамъиятҳо, ассосиатсияҳо ва иттиҳодияҳои ватаниву байналмилалӣ намояндагӣ менамояд;

-кори Раёсати Академияи илмҳоро сарварӣ менамояд ва дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;

-дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳо раисӣ мекунад;

-аз рӯи мансаб (вазифа) раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ мебошад;

-дар ҷаласаҳои ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

-ҳар сол ба ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи илмҳо гузориш пешниҳод менамояд.

31. Раёсати Академияи илмҳо қарорҳои Маҷлиси умумии Академияи илмҳоро иҷро ва дар давраи байни Маҷлисҳои умумӣ фаъолияти Академияи илмҳоро сарварӣ менамояд.

Дар фаъолияти худ Раёсати Академияи илмҳо тобеъи Маҷлиси умумии Академияи илмҳо мебошад. Раёсати Академияи илмҳо оид ба муҳимтарин қарорҳои дар давраи байни Маҷлисҳои умумӣ қабулшуда ба Маҷлиси умумии Академияи илмҳо гузориш медиҳад.

Маҷлиси умумии Академияи илмҳо метавонад дар бораи пеш аз мӯҳлат озод намудани тамоми ҳайати Раёсати Академияи илмҳо ва ё аъзои алоҳидаи Раёсат, ки вазифаҳои ба зиммаашон вогузоршударо иҷро карда натавонистаанд ва ҳамчунин оид ба интихоб кардани ҳайати нави Раё­сат ё аъзои нави Раёсат ба мӯҳлати боқимондаи ваколати Раёсати Академияи илмҳо пешниҳод манзур намояд.

32. Раёсати Академияи илмҳо:

-Маҷлиси умумии Академияи илмҳоро даъват менамояд;

-тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъ­сис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои дигари Академияи илмҳо қарор қабул мекунад;

-Оинномаҳои муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои дигари Академияи илмҳоро тасдиқ менамояд;

-доир ба масъалаҳои муҳими ҷомеъ шӯроҳои илмӣ, кумитаҳо, комиссияҳо таъ­сис медиҳад;

-барномаҳои ҷомеъ илмӣ-техникӣ ва ҳамчунин лоиҳаҳои муҳимтарин корҳои илмӣ-таҳқиқотиро, ки шӯъбаҳо ва муассисаҳои илмии Академияи илмҳо таҳия намудаанд, баррасӣ карда, онҳоро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ме­намояд;

-доир ба рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ назорат мебарад;

-дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқииҶумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;

-тарбияи кадрҳои илмӣ ва баланд бардоштани тахассуси кормандони илмиро сарварӣ мекунад;

-иҷлосия, конференсия ва машваратҳои илмӣ баргузор менамояд;

-ҳисоботи солонаро дар бораи фаъолияти Академияи илмҳо барои муҳокима ва тасдиқ ба Маҷлиси умумии Академияи илмҳо пешниҳод менамояд;

-самти кор ва тахассуси муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳоро муайян мекунад;

-робитаҳои илмии байналмилалии Академияи илмҳоро ба нақша мегирад, бо академияҳои илмҳо ва муассисаҳои дигари илмии мамлакатҳои хориҷӣ робитаҳои илмӣ барқарор месозад;

-доир ба истифодаи амалии натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ чораҳо меандешад;

-муҳаррирон, ҳайати таҳририяи маҷаллаҳо ва ҳамчунин шӯроҳои илмии табъу

нашрро тасдиқ мекунад, фаъолияти табъу нашрро назорат менамояд;

- таъйини вазифаҳоро дар асоси феҳрист (номенклатура)-и муқаррарнамудаи Раёса­ти Академияи илмҳо тасдиқ мекунад;

-масъалаҳои рушди иҷтимоии Акаде­мияи илмҳоро ҳал менамояд.

33. Раёсати Академияи илмҳо фаъолияти воҳидҳои сохтории зерини Академияи илмҳоро сарварӣ менамояд:

-шӯъбаҳои Академияи илмҳо;

-филиал ва марказҳои илмӣ;

-шӯрои илмии табъу нашр;

-нашриёти «Дониш»;

-китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳо ба номи Индира Ганди;

-шӯроҳои илмӣ, кумитаҳо, комиссияҳо, ҷамъиятҳои илмӣ;

-корхона ва ташкилотҳои Академияи илмҳо.

34. Раёсати Академияи илмҳо дастгоҳи корӣ дорад, ки он дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Раёсати Академияи илмҳо амал мекунад.

 

V.  Шӯьбаҳои Академияи илмҳо

 

35. Шӯъбаи Академияи илмҳо маркази илмӣ ва илмиву ташкилӣ буда, муассисаҳои илмии як ё якчанд соҳаҳои илмро муттаҳид месозад.

Вазифаҳои асосии шӯъбаҳои Академияи илмҳо инҳо мебошанд:

-инкишоф додан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаҳои дахлдори илм;

-роҳбарии илмиву методӣ ва илмиву ташкилии муассисаҳои илмие, ки дар ҳайати шӯъба мебошанд;

-таҳияи пешниҳод оид ба татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот;

-густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ.

Шӯъбаи Академияи илмҳо дар фаъолияти худ тобеъи Маҷлиси умумии шӯъба ва Раёсати Академияи илмҳо мебошад.

36. Мақоми олии шӯъбаҳои Академияи илмҳо Маҷлиси умумии шӯъба мебошад, ки он аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи шомили шӯъба ташкил меёбад.

Маҷлиси умумии шӯъба:

-самтҳои асосии рушди соҳаи дахлдори илм, татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқоти илмиро муҳокима мекунад;

-бюрои шӯъбаро аз ҷумлаи аъзои пай­васта (академикҳо) ва аъзои вобастаи шо­мили шӯъба интихоб менамояд;

-номзадҳоро барои қабул ба аъзои пай­васта (академикҳо) ва аъзои вобастаи Ака­демияи илмҳо интихоб мекунад;

-барои муҳокимаи натиҷаҳои асосӣ ва вазифаҳо оид ба масъалаҳои муҳими илмии таҳияшаванда ва масъалаҳои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаҳои дахлдори илм иҷлосия, конференсия, симпозиум ва машваратҳои илмӣ даъват менамояд;

- мудирони шӯъбаҳои мустақили тобеъи шӯъбаро ин­тихоб мекунад ва барои тасдиқ ба Раёсати Академияи илмҳо пешниҳод менамояд.

Маҷлиси умумии шӯъба бино бар зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.

37. Кори шӯъбаро дар давраи байни маҷлисҳои умумии шӯъба бюрои шӯъба роҳбарӣ мекунад, ки онро ноиби президент-раиси шӯъбаи Академияи илмҳо  сарварӣ менамоянд.

Маҷлиси умумии шӯъба муовини ноиби президент - раиси шӯъбаи Академияи илмҳо ва аъзои бюрои шӯъбаро аз ҷумлаи аъзои шӯъба интихоб мекунад.    

Интихоби муовини ноиби президент - раиси шӯъбаи Академияи илмҳо ва аъзои бюрои шӯъба бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ бо аксарияти оддии овозҳо ҳамзамон як маротиба дар 5 сол гузаронида мешавад.

Котиби илмии шӯъба бо пешниҳодиноиби президент-раиси шӯъбаи Академияи илмҳо аз тарафи Раёсати Академияи илмҳо таъйин мегардад.

Дар кори бюрои шӯъба бо ҳуқуқи овози машваратӣ директорони муассисаҳои илмии тобеъи шӯъба иштирок карда метавонанд.

Дар фаъолияти худ бюрои шӯъба тобеъи Маҷлиси умумии шӯъба мебошад. Бюро оид ба қарорҳое, ки аз тарафи онҳо дар давраи байни маҷлисҳои умумии шӯъба қабул шудаанд, ба Маҷлиси умумии шӯъба гузориш медиҳад. Ҳангоми аз нав интихоб шудан бюрои шӯъба оид ба фаъолияти панҷсолаи худ ба маҷлиси умумии шӯъба ҳисобот пешниҳод менамояд.

38. Фаъолияти шӯъбаҳои Академияи илмҳоро Низомномаи шӯъбаҳои Академияи илмҳо, ки онҳоро маҷлиси умумии Академияи илмҳо тасдиқ намудааст, танзим мекунад.

39. Ноиби президент – раиси шӯъбаи Академияи илмҳо дар ҷаласаҳои Раёсати Академияи илмҳо оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти шӯъба шахси гузоришдиҳанда мебошад, маҷлисҳои умумии шӯъбаро раисӣ мекунад ва дар фаъолияти худ тобеъи Маҷлиси умумии шӯъба ва Раёсати Академияи илмҳо мебошад.

40. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо новобаста ба он, ки шомили кадом шӯъба мебошанд, дар кори Маҷлиси умумии ҳар шӯъба иштирок карда метавонанд.

Директори институт ва мудири шӯъбаи мустақил, ки аъзои Академияи илмҳо намебошанд, дар Маҷлиси умумии шӯъбаи марбута бо ҳуқуқи овози машваратӣ иштирок мекунанд.

41. Маҷлиси умумии шӯъба дар сурате салоҳияти қабули қарорро дорад, ки агар дар ҷаласа аксарияти оддии аъзои шӯъба ҳозир бошанд. Қарорҳо дар Маҷлиси уму­мии шӯъба бо аксарияти оддии овозҳои аъзои шӯъба, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, қабул карда мешаванд.

 

 

 

VI. Филиалҳо ва марказҳои илмии Академияи илмҳо

 

42. Ба таркиби Академияи илмҳо филилҳо ва марказҳои илмӣ дохиланд, ки вазифаи асосиашон рушди таҳқиқот оид ба барномаҳои илмӣ ва илмӣ-техникии минтақавӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои муассисаҳои академӣ бо муассисаҳои таҳқиқоти илмии соҳавӣ ва мактабҳои таҳсилоти олии касбии минтақа мебошад.

43. Филиалҳо ва марказҳои илмӣ аъзои Академияи илмҳо, кормандони илмӣ ва мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳоро, ки дар минтақаҳои марбута кор мекунанд, муттаҳид менамоянд.

44. Роҳбарии илмӣ-методии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии филиал ва маркази илмӣ аз тарафи шӯъбаҳои марбутаи Ака­демияи илмҳо амалӣ карда мешавад.

45. Филиал ва маркази илмӣ дар асоси ин Оиннома ва Оинномаи филиал ва мар­кази илмӣ фаъолият мекунанд. Оинномаи филиал ва маркази илмиро Раёсати Академияи илмҳо тасдиқ мекунад.

 

VII. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳо

 

46. Ҷузъи асосӣ дар низоми Академияи илмҳо институти илмӣ-таҳқиқотӣ ва шӯъбаи мустақил мебошанд.

Сарвари муассисаи илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳо - директори институт, сарвари шӯъбаи мустақили Академияи илмҳо – мудири шӯъба мебошад.

Директорони институтҳои илмӣ-тахқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд. 

Мудирони шӯъбаҳои мустақили Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси умумии шӯъбаи марбута аз ҳисоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобаста, докторони илм бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мегарданд. Ба вазифаи мудирони шӯъбаҳои мустақил номзадҳои илм, ки собиқаи зиёди кор  доранд, низ интихоб шуда метавонанд. Қарорҳои Маҷлиси умумии шӯъбаи марбута аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Агар интихоби мудири шӯъбаи мустақил дар Маҷлиси умумии шӯъба баргузор нагардад, Раёсати Академияи илмҳо дар бораи таъини иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи мустақил то Маҷлиси умумии ояндаи шӯъба қарор қабул мекунад.

Раёсати Академияи илмҳо ҳуқуқ дорад, ки бо пешниҳоди шӯъбаи марбутаи Академияи илмҳо мудири шӯъбаи мустақилро пеш аз мӯҳлат аз вазифааш озод намояд, агар ӯ аз иҷрои  вазифаҳои ба зиммадоштааш набарояд.

47. Институтҳои илмии таҳқиқотӣ ва шӯъбаҳои мустақили Академияи илмҳо дар асоси Оинномаи институти илмӣ-таҳқиқотӣ ва шӯъбаи мустақили Академияи илмҳо, ки онҳоро Раёсати Академияи илмҳо тасдиқ кардааст, амал мекунанд.

 

VIII. Маблағҳои молиявӣ ва амволи Академияи илмҳо

 

48. Академияи илмҳо ба амволи давлатӣ, ки онро давлат барои идора ва истифодаи рӯзмара ба вай додааст, такя карда, фаъолияти худро дар доираи қонунҳои  мавҷуда амалӣ месозад.

Фондҳои асосӣ ва амволи дигар, ҳамчунин ҳудуд ва заминҳои кишт, ки ба Акаде­мияи илмҳо ва муассисаҳои он вобаста шудаанд, бе мувофиқа бо вай барои мақсадҳои дигар ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, мусодира карда намешаванд.

49.       Манбаъи асосии маблағгузории Академияи илмҳо буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Манбаъҳои иловагӣ аз маблағҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, фондҳои хусусӣ; маблағҳое, ки тавассути қарордодҳо ва созишномаҳо бо фармоишгарон ба даст омадаанд; маблағҳое, ки тавассути грантҳо ва лоиҳаҳои ташкилотҳои хориҷӣ ба даст меоянд; тақсим аз даромади муассисаҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои хурд ва муштараки Академияи илмҳо; даромадҳо аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва маблағҳои хайрия иборат мебо­шанд.

50. Раёсати Академияи илмҳо хароҷотнома (смета)-и Академияи илмҳоро тасдиқ менамояд, мувофиқи самтҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ маблағҳои таъсисдодаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар байни муассисаҳои Ака­демияи илмҳо тақсим мекунад, дурустии хароҷоти маблағҳоро барои корҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои илмии Академияи илмҳо назорат менамояд.

51. Институтҳои илмии таҳқиқотӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетии Академияи илмҳо фаъолияти иқтисодии худро мутобиқи Оин­номаи худ мустақилона ба роҳ мемонанд.

52. Муассисаҳои ҳисоби хоҷагии Акаде­мияи илмҳо фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳо ва даромадҳое, ки аз кори хоҷагию тиҷоратӣ ба даст меоранд, анҷом медиҳанд.

53. Академияи илмҳо фаъолияти мустақилонаи истеҳсолӣ ва корҳои дигари иқтисодиро мутобиқи қонунҳоиҶумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

54. Раёсат, ташкилотҳо ва муассисаҳои Академияи илмҳо дар асоси қонунҳоиҶумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд, ки ҳаммуассис ва ширкаткунандаи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва иттиҳодияҳои дигари хоҷагӣ бошанд.

Онҳо соҳиб ва истифодабарандаи даромадҳое мебошанд, ки аз фаъолияти мазкур ва аз фурӯши натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, асбобҳои камшумор ва таҷҳизоти илмғунҷо, мавод, хадамоти илмию техникӣ ва эълону тиҷорат ба даст меояд.

55.       Кормандони илмӣ, мутахассисони институтҳо ва ташкилотҳои дигари Академияи илмҳо соҳиби ҳуқуқ ба маводи моликияти зеҳнӣ мебошанд, ки дар муассисаҳо ва ташкилотҳои Академияи илмҳо эҷод шудаанд.

Муассисаҳо ва ташкилотҳои Академияи илмҳо ба маводи моликияти зеҳнӣ тибқи тартиботи муайяннамудаи қонун, аз ҷумла тавассути қарордодҳо бо кормандони муассиса ва ташкилотҳои мазкур, ҳуқуқи моликият доранд.

 

IX. Робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳо

 

56. Академияи илмҳо шаклҳо ва воситаҳои дар амалияи байналмилалӣ қабулшудаи мубодилаи байналмилалии илмиро истифода менамояд: барои анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию ихтироотӣ ташкилотҳо, корхонаҳо ва ширкатҳои ҳавасманди хориҷиро ҷалб мекунад, ба манзури ҳалли масоили илмӣ ва техникӣ тибқи тартиботи муқарраршуда бо ҳамдастии онҳо корхонаҳои муштарак, марказҳои илмӣ, таълимӣ ва созмонҳои дигарро таъ­сис медиҳад.

57. Академияи илмҳо барои амалӣ кардани робитаҳои байналмилалии илмӣ ба тар­тиби муқарраршуда мустақилона қарор қабул мекунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои зерин ба ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол менамояд:

-дар бораи бастани созишномаҳо, қарор­додҳо ва асноди дигари ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба бо ташкилотҳои илмии хориҷӣ;

-дар бораи дохил шудан ба ташкилотҳои илмии байналмилалӣ;

-дар бораи меъёрҳои маблағгузорӣ ба олимони Академияи илмҳо, ки ба мамлакатҳои хориҷӣ ба сафари хидмати фиристода ме­шаванд;

-дар бораи ҳаҷми хароҷот барои ҳамаи навъҳои хадамот ва андозаи пардохтҳо ба олимони хориҷӣ, ки ҷиҳати корҳои илмӣ ё мақсадҳои дигар дар Академияи илмҳо пазироӣ мешаванд.

X. Ҳуқуқҳои махсуси Академияи иилмҳо

 

58. Академияи илмҳо ҳуқуқ дорад дар бойгонии худ ва бойгониҳои муассисаҳои илмии Академия дастнависҳои олимон, арбобони фарҳанг ва санъат, маводи бойго­нии муассисаҳои академия ва маводи дигареро, ки арзиши таърихӣ доранд, нигоҳдорӣ кунад.

59. Академияи илмҳо ҳуқуқи мубодилаи асарҳои чопиро бо муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, китобхонаҳо, осорхонаҳо, нашриётҳо, ҷамъиятҳои илмӣ ва муассисаҳои ҳукуматии кишварҳои дигар дорад.

60. Раёсати Академияи илмҳо, институтҳои илмии таҳқиқотӣ ва муассисаҳои дига­ри Академияи илмҳо дорои мӯҳр мебошанд, ки дар он Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, номи муассисаи марбута зикр шудааст.

 

XI. Тартиби қабул ва тағйири Оиннома. Тартиби  

азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Академияи илмҳо

 

61. Оинномаи Академияи илмҳо дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳо бо аз се ду ҳиссаи шумораи умумии овозҳои аъзои пай­васта (академикҳо) ва аъзои вобастаи Ака­демияи илмҳо аз тариқи овоздиҳии ошкоро қабул карда мешавад. Оинномаи Акаде­мияи илмҳо аз тарафи ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

62. Тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Акаде­мияи илмҳо аз тарафи Маҷлиси умумии Ака­демияи илмҳо бо аз се ду ҳиссаи шумораи умумии овозҳои аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо бо роҳи овоздиҳии ошкоро қабул карда меша­ванд. Тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Акаде­мияи илмҳо аз тарафи ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

63. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад

 

 

Мундариҷа

 

I.Муқаррароти умумӣ……………………………………………………………………

 

2

II.Мақсад,  вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти Академияи илмҳо…………..

 

2

III.Аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фахрӣ ва хориҷии

 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби интихоби аъзои

 Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон………………………………………….

 

 

 

4

IV.Мақомоти идораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон………………...

 

6

V.Шӯъбаҳои Академияи илмҳо………………………………………………………...

 

8

VI.Филиалҳо ва марказҳои илмии Академияи илмҳо……………………………….

 

10

VII.Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳо……………………………...

 

10

VIII.Маблағҳои молиявӣва амволи Академияи илмҳо…………………………….

 

10

IX.Робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳо……………………………………

 

11

X.Ҳуқуқҳои махсуси Академияи илмҳо……………………………………………….

 

12

XI.Тартиби қабул ва тағйири Оиннома. Тартиби азнавташкилдиҳӣ ва

 барҳамдиҳии Академияи илмҳо………………………………………………………..

 

12