Маводи маҷлиси умумӣ

  

joomla

03:58, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

Маҷлиси умумии АИ ҶТ

Лоиҳа

Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қ А Р О Р аз «10» январи соли 2014 №1 ш.Душанбе

Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии президенти АИ ҶТ, профессор Ф. К. Рахимовро дар бораи натиҷаҳои асосии илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ дар соли 2013 ва ҳисоботи саркотиби илмии АИ ҶТ, академик Ҳ.М. Ахмедовро оид ба натичахои асосии фаъолияти илмиву ташкилии АИ ҶТ дар соли 2013 ва вазифаҳои пешрафти илмро дар соли 2014 шунида ва баррасӣ намуда, қайд мекунад, ки фаъолияти Академияи илмҳо дар давраи ҳисоботӣ тибқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», 7 барномаи давлатии соҳавӣ бо иҷрои 103 мавзӯи илмву таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ, ҳалли масъалаҳои илмиву техникӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии барои ҷумҳурӣ афзалиятнок, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву тадқиқотӣ дар ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ҷустуҷӯ кардани маблағгузориҳои таҳқиқот аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, иҷрои созишномаҳо дар соҳаи ҳамкории илмиву техникӣ, барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технология равона шуда буд.

Дар бисёре аз самтҳои таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ натиҷаҳои нав ба даст оварда шуданд, аз ҷумла:

Дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ технологияи ба даст овардани ҳомилони маводи доруворӣ дар асоси моддаҳои пектинӣ ва тарҳи технологияи ғанигардонии маъданҳои фосфоритии кони Қаратоғ коркард шуда, консентрати фосфоритие ҳосил гардид, ки маводи пурарзиш барои истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ ба ҳисоб меравад;

технологияи саноатии истеҳсоли оддии лигатураи алюминий бо стронсий ва барий коркард шудааст;

захираи маълумот дар барномаи ГИС (системаҳои геоитиллоотӣ) барои силсиланерӯгоҳҳи обии барқӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ки имкони баҳодиҳии гуногуни хатари сейсмикӣ ва устувории нишебиҳоро муайян мекунад. Ҳамзамон баҳодиҳии эҳтимолии хатари сейсмикии ноҳияҳои ҷойгиршавии силсиланерӯгоҳҳо дар дарёи Вахш ба иҷро расонида шудааст;

бо назардошти тадқиқоти қаблӣ ва корбурди моделҳои математикӣ системаҳои идоравии ҷараёни об бо истифода аз обанборҳои нисбатан азим дар Осиёи Марказӣ – Норак, Токтогул, Қайроқум ва Андиҷон коркард шуданд;

бо истифода аз модели математикии танзими маҷмаавии ҷараёни силсила НБО-ҳои мавҷуда, ба монанди НБО-и Норак ва обанбори сохташудаистодаи НБО-и Роғун, системаҳои танзимкунандаи ҷараёни дарёи Вахш бо назардошти манфиатҳои ояндаи муштараки энергетикӣ ва ирригатсионӣ коркард ва пешниҳод гардиданд;

дар асоси мушоҳидаҳои шабакаи болидии Тоҷикистон, ки дар солҳои 2010-2012 гузаронида шудаанд, метеороидҳои ғайриоддие ба қайд гирифта шудаанд, ки ба атмосфераи Замин ворид шудаанд. Аз рӯи базаи додашудаи мадорҳои астероидҳои наздизаминӣ, ки тайи солҳои 2009-2013 кашф карда шудаанд, се астероиди бо мадорҳои наздик бо ҳам ва кометамонанд ҳаракаткунанда ошкор карда шуданд;

модели амалкунандаи “Хонаи офтобӣ” бо системаи офтобии идораи таъмини об ва энергия коркард шуда, сохтмони он бо истифодаи маводҳои ҳозиразамони сохтмонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ анҷом дода шудааст.

Дар соҳаи илмҳои биологӣ бо истифода аз домҳои аксбардорӣ дар ҳудуди Помири Шарқӣ оид ба ҷойҳои нави паҳншавии баъзе намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвонот аз қабили бабри барфӣ, гӯсфанди Марко Поло, силовсин, мурғи ҳилоли ҳимолоӣ ва тибетӣ маълумотҳои нав ба даст оварда шуданд. Дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Дарвоз мавҷудияти 6 фарди бабри барфӣ ошкор карда шудааст.

Дар қаторкӯҳи Дарвоз тавассути истифодаи домҳои аксбардорӣ нахустин маротиба паҳншавии гурбаи даштӣ ба қайд гирифта шудааст;

муайян карда шудааст, ки дар шароити Боғи набототи Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков дар баландии 2320 м, растаниҳои шифобахш ба монанди чойкаҳак, ҳуҷастаи доругӣ, мармарак қобилияти баланди сабзиши тухмӣ доранд.

Дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ таҳияи харитаҳои бостоншиносии водии Ҳисор: ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳритус ва Турсунзода ва водии Зарафшон: ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Мастчоҳ ба анҷом расонида шуд;

гурӯҳи бостоншиносон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳафриёт гузаронид, ки дар натиҷаи он асбобу анҷоми фаровон, ки ба давраи биринҷии миёна тааллуқ дорад, пайдо шуданд. Дар натиҷаи омӯзиши бозёфтҳои экспедитсияи бостоншиносӣ дар ноҳияи Фархор аз тарафи олимон (аз ҷумла, донишмандони Россия, Олмон, Италия) исбот карда шуд, ки ноҳияи Фархор таърихи зиёда аз 4000-сола дорад. Он ёдгориҳои нодире, ки дар Фархор бозёфт шуданд, бо ёдгориҳои таърихии Саразм шабоҳат доранд;

манбаъҳо ва масъалаҳои муҳимтарини тасаввуф, калом ва фалсафаи ишроқ аз давраҳои аввал то асри 15 мавриди таҳқиқ қарор дода шуданд;

таърихи фалсафаи тоҷик дар 3 ҷилд аввалин бор ба забони русӣ таълиф ва ба табъ расид;

аввалин бор дар низоми илмҳои сиёсатшиносӣ ташаккул ёфтани як соҳаи нав - назарияи муҳоҷират таҳлил гардид. Масъалаҳои зиёде, ба монанди вазифаи назарияи муҳоҷират, таҳқиқ ва тафсири қонуниятҳо, хусусиятҳои равандҳои муҳоҷират, таъсири мутақобилаи раванди муҳоҷират ба маданият ва шуури сиёсӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин мавзӯъ таҳлил гардиданд;

маротибаи аввал дар илми ҳуқуқшиносии ватанӣ масоили инкишоф ва самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Муайян карда шуд, ки рушду инкишофи муваффақонаи низоми ҳуқуқии давлат бо таҳияи консепсияи миллии сиёсати ҳуқуқӣ ва мустаҳкамгардонии он дар қонунгузорӣ робитаи бевосита дорад;

дар мавзӯъҳои «Таҳқиқи грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ», «Омӯзиш ва пажуҳиши забонҳои шарқӣ-эронии Тоҷикистон», «Баррасӣ ва таҳияи луғатҳои лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ», «Масъалаҳои фарҳангнигории забони тоҷикӣ», таҳия ва тадвини матни илмиву омавии маснавии «Тӯҳфат-ул-ироқайн»-и Хоқонии Шервонӣ, “Ҷомеъ-ул-улум”-и Фахриддини Розӣ, «Девони Бадри Шервонӣ» «Мусибатнома»-и Фариддуни Аттор, девони Соиби Табрезӣ бо луғат ва тавзеҳот корҳо анҷом дода шуданд;

таълифи бобҳои ҷудогонаи «Грамматикаи таърихии забони шуғнонӣ (морфология)» ба итмом расонида шуд; муқаррар гардидааст, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи пасти молиявии бозори Тоҷикистон бо мақсади имрӯзикунонии иқтисодиёти кишвар қарзҳои беруна ва маблағгузорӣ лозим аст, аммо ин ба афзоиши қарзи беруна оварда мерасонад.

Дар соли 2013 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1250 кори илмӣ, аз ҷумла 166 китобу монография ва 1086 мақолаи илмӣ, аз онҳо 926 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 103 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 57 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расиданд.

Дар ин давра аз тарафи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 қарори мусбат барои гирифтани патент барои ихтироот ва 1 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шудааст.

Ба вазорату идораҳо 25 коркарди муассисаҳои илмии АИ ҶТ барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод шудаанд.

Дар соли 2013 ҳаҷми умумии маблағгузориҳои буҷетӣ ба АИ ҶТ 27338000 сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми умумии маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки дар соли 2013 аз тарафи ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ва хориҷӣ ба намуди грантҳо ба муассисаҳои АИ ҶТ ворид гардид, 655697 доллари ИМА ва 70000 евро ё худ кариб 3 597915 сомониро ташкил дод. Маблағҳое, ки ба олимони АИ ҶТ аз ташкилотҳои хориҷӣ барои ширкат дар чорабиниҳои байналмилалии илмӣ дар хориҷи кишвар ҷудо гардидаанд, 810000 сомониро ташкил доданд. Аз рӯи 12 шартнома бо хоҷагиҳо 190253 сомонӣ ба даст оварда шуд.

Дар сохтмони асосӣ дар соли 2013 ба АИ ҶТ ҳиссаи маблағҳои асосии марказигардонидашуда дар ҳаҷми 1700 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд. Аз онҳо дар ин давра ба сохтмони бинои Маркази технологияҳои баландпояи АИ ҶТ 642 ҳазор сомонӣ харҷ гардид.

Дар соли 2013 АИ ҶТ бо Ҳукумати ҶТ ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бештар аз 85 пешниҳод ва хулосаҳоро оид ба ҳамкории байналмилалии илмӣ ва илмию техникӣ дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, давлатҳои аъзои ИДМ, Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё ва давлатҳои хориҷии дур ва наздик дида баромад.

Дар соли 2013 аз 11 шӯрои диссертатсионии дар АИ ҶТ мавҷуда, ба сабаби мавриди баррасӣ дар Комиссияи олии атестатсионии Федератсияи Россия қарор доштан, танҳо 1 шӯро (шӯрои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш) фаъолият намуд. Дар ин шӯро дар соли 2013 ҳамагӣ 7 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд, ки аз онҳо 1 рисолаи номзадӣ ба кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 45 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 8 конференсияи байналмилалӣ, 20 конференсияи умумиҷумҳуриявӣ ва 17 семинару мизҳои мудаввар ва курсҳои омӯзишӣ баргузор намуданд.

Дар соли 2013 кормандони Академияи илмҳои ҶТ дар бештар аз 400 чорабинии илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар 10 симпозиум, 3 форум, 175 конференсия, 50 семинар, 6 ҷаласаҳои «Мизи мудаввар»-и байналмилалӣ, 13 семинарҳои минтақавӣ, ҳамчунин 48 конференсия, 15 ҷаласаҳои «Мизи мудаввар» ва 31 семинарҳои ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар соли 2013 Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо бештар аз 84 қарор ва 243 амрҳои мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Ба мақсади самараноктар ба роҳ мондани фаъолияти Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷобаҷо гузоштани кормандон дар воҳидҳои корӣ ва муайян намудани вазифаҳои онҳо, бо қарори Раёсати АИ ҶТ сохтори нави дастгоҳи кории Раёсати АИ ҶТ тасдиқ гардида, дар он шӯъбаҳо ва бахшҳои нави зерин таъсис дода шуданд: шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, шӯъбаи ҳуқуқ ва назорат, шӯъбаи хоҷагидорӣ, шӯъбаи маркетинг ва моликият, бахши банақшагирии ва ояндабинӣ.

Маҷлиси умумӣ қайд мекунад, ки дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ монанди солҳои пешин душвориҳое мавҷуданд, ки асосан ба норасоии маблағ барои таъмири биноҳои институтҳо, харидани лавозимоти зарурии илмӣ, таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ, китобу маҷаллаҳои илмӣ, ташкили сафарҳои илмӣ ва ғайра вобастаанд. Дар иқтисодиёти кишвар коркардҳои илмии олимони АИ ҶТ ба сабаби набудани дархосту фармоишҳо хеле кам татбиқ мешаванд. Заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмии АИ ҶТ ҷавобгӯи талаботи замон намебошад. Хавасмандгардонии моддиву маънавии кормандони илм бехбуди мехохад.

Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:

1. Ҳисобот дар бораи фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 тасдиқ карда шавад.

2. Вазифаҳои асосии Раёсати АИ ҶТ, Шӯъбаҳо ва муассисаҳои илмии АИ ҶТ дар соли 2014 аз инҳо иборат дониста шаванд:

2.1. Иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2013 баён гардидаанд.

2.2. Идома додани корҳои илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ тибқи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқотҳои илмӣ дар доираи Стратегияи ҶТ дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва 7 барномаи давлатӣ.

2.3. Коркард ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳое, ки дар «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», «Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ва «Барномаи рушди инноватсионии ҶТ барои солҳои 2011-2020» ба нақша гирифта шудаанд.

2.4. Вусъат додани корҳо ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари мутахассисони ҷавон ва хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба муассисаҳои илмӣ ва аспитантураи АИ ҶТ, таъсис додани магистратураҳо дар назди муассисаҳои илмӣ ва тарбия кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ тибқи «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар ҶТ барои солҳои 2009-2015» ва «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2015».

2.5.Таъмини манбаъҳои буҷетӣ, истифодаи самараноки онҳо ва ҷустуҷӯйи манбаъҳои нави маблағгузории ғайрибуҷетӣ барои такмил додани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва дар истеҳсолот татбиқ намудани коркардҳои нави илмӣ.

2.6. Идома додани иҷрои корҳои илмӣ дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чакалтой» ва дигар созишномаҳои бо академияҳои илмҳои давлатҳои аъзои ИДМ имзонамудаи АИ ҶТ.

2.7.Иҷрои 35 чорабини илмии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва академӣ, ки дар соли 2014 аз тарафи АИ ҶТ ба нақша гирифта шудаанд.

2.8. Дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашнҳои 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 600-солагии шоир ва мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ва омодагӣ ба ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисор.

2.9. Ширкати фаъолона дар гузаронидани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дигар маросимҳои миллӣ.

3. Рафти иҷрои қарори Маҷлиси умумии солона дар ҷаласаҳои Раёсати АИ ҶТ баррасӣ гардад.

4. Дар бораи рафти иҷрои қарори мазкур дар Маҷлиси умумии солонаи АИ ҶТ гузориш дода шавад.

5. Назорати иҷрои қарори Маҷлиси умумии солона ба зиммаи Раёсати АИ ҶТ вогузор карда шавад.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Ф.Қ. Раҳимов