joomla

01:01, 24th October 2018
Октябр 2018
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
free templates joomla

Марказҳои байналмилалии тадқиқотӣ

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР

оид ба ҳамкории муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо Маркази байналмилалии илмию техникӣ

 

Чи тавре, ки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ба Созишномаи таъсиси МБИТ, ки 27 ноябри соли 1992 аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия ва Ҷопон ба имзо расида буд, бо Қарори Маҷлиси намояндагон таҳти рақами 772 аз 5 феврали 2003, ки ин Созишномаро тасдиқ намуд ва Ҳуҷҷат дар бораи воридшавӣ, ки 5 марти 2003 аз тарафи Вазири корҳои хориҷии ҶТ  ба МБИТ фиристода шуд, ворид шуда буд.

Дар айни замон МБИТ 39 мамолики ҷаҳонро муттаҳид менамояд, ки    7-тои онҳо: Федератсияи Руссия, Белорус, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгиранда (аксептор) буда, боқимондаи онҳо маблағдиҳанда (донор) мебошанд.

Чи тавре, ки қайд шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МБИТ пас аз 11 соли таъсиси он ва пас аз 9 соли амалиёти он ворид шуд. Гумон меравад, ки сабаби асосии ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад.

Бо вуҷуди ин, дар зарфи қариб 11 соли ҳамкорӣ бо МБИТ 59 лоиҳаю барномаҳои олимону мутахассисони тоҷик ба маблағи зиёда аз 14 миллион доллари ИМА аз тарафи Шӯрои мудирони МБИТ дастгирӣ шуданд, ки ин барои илми тоҷик кӯмаки беандоза бузург аст.

Ба ғайр аз ин МБИТ ташкили семинару машваратҳо ва конфронсҳои илмиро ҳам ба   дошта, инчунин ба семинару машваратҳо ва конфронсҳои илмии дар хориҷи кишвар баргузор мегардида олимону мутахассисони тоҷикро равона месозад, ки барои ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ шомил гардидани олимони тоҷик кӯмаки калон аст.

Овардани баъзе мисолҳоро ҷоиз мешуморем:

  • Лоиҳаи Т-1105 “Таҳлили геномии ғалладонаҳои Тоҷикистон ва аҷдодони ёвоии онҳо”, 275 ҳазор доллари ИМА, роҳбараш (менеҷери лоиҳа) профессор, доктори илмҳои биология Фируза Носирова дар Институти ботаника, физиологияи растаниҳо ва генетикаи АИ ҶТ пиёда гардидааст, ки дар натиҷа усули баҳодиҳии маводи селексионии гандум ва аҷдоди он эгилопс кор карда баромада шудааст, каталоги намудҳои эгилокс тартиб дода шудааст. Ин каталог ҳамчун моликияти зеҳнии Институти номбурда ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Натиҷаҳои ба дастоварда имконият медиҳанд, ки бо пайванди навъҳои гуногуни гандум бо эгилопс навъҳои нави ба касалиҳои замбурӯғӣ  тобовар ҳосил карда шаванд. Барои иҷрои лоиҳа таҷҳизоти нодир барои таҳлили РСР генотипикунонии ДНК аз тарафи МБИТ харидорӣ шудааст, ки ин таҷҳизот ва таҷҳизоти дигаре, ки бо маблағи лоиҳа харидорӣ шудаанд, баъд аз хатми лоиҳа ба Институти номбурда супорида мешаванд. (Ин амал барои ҳамаи лоиҳаҳои МБИТ ҷой дорад.  Худи ҳозир МБИТ ҳозир аст, ки таҷҳизоти лоиҳаҳаои ба итмом расидаро ба маблағи  1 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА ба институтҳои ҷумҳурӣ супорад.) Оиди натиҷаҳои лоиҳа бештар аз 40 мақолаҳои илмӣ ва фишурдаҳои баромадҳо дар конфронсу семинару симпозиумҳо нашр карда шудаанд. Дар рафти иҷрои ин лоиҳа 3 рисолаи номзадӣ навишта ва ҳимоя карда шудаанд, ки аз онҳо 2-тоашон аз тарафи занон ҳимоя карда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки занон дар лоиҳаҳои МБИТ хеле фаъол иштирок доранд. Роҳбарии (менеҷерии) зиёда аз 20 лоиҳаро занон ба ӯҳда доранд. Лоиҳае нест, ки дар он занон иштирок надошта бошанд.

 

  • Лоиҳаи Т-1635 “Тадқиқи таъсири тағирёбии иқлим  ба инкишоф, нашъунамо ва ҳосилнокии растании гандум дар Тоҷикистон”, 255 ҳазор доллари ИМА, роҳбараш (менеҷери лоиҳа) узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биология Абдуманнон Абдуллоев дар Институти ботаника, физиологияи растаниҳо ва генетикаи АИ ҶТ пиёда гардидааст. Тадқиқотҳо оид ба таъсири омилҳои  иқлимтағйирдиҳанда ба монанди ҳарорати баланд, консентратсияи барзиёди гази карбонат, озон ва сенарияҳои  гуногуни тағйирёбии иқлим ба динамикаи рушду нумуи зироати гандум дар камераҳои махсуси вегетатсионии танзимшаванда ва гармхонаҳо гузаронида шудааст. Таъсири ин омилҳо  ба динамикаи рушду нумуи зироати гандум, шидатнокии оббухоркунӣ, танқисии обӣ, қобилияти обнигоҳдории баргҳои гандум, шидатнокии фотосинтез, метаболизми фотосинтетикии карбон ва миқдори пигментҳои фотосинтетикӣ дар барги растанӣ муайян карда шудааст. Ин лоиҳа ҳоло давом дорад ва умедворем, ки дар натиҷа модели математикии  таъсири омилҳои иқлим ба ҳосилнокии растании гандум дар шароити тағйирёбии иқлим сохта мешавад ва системаи имитатсионии компютерӣ барои муайян кардани ҳосилнокии гандум дар шароитҳои гуногуни иқлим сохта ва ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад. Натиҷаҳои тадқиқот дар маҷаллаҳои илмӣ нашр шудаанд.

 

  • Лоиҳаҳои Т-1419 «Коркард ва таҳлили таркибҳои пектинӣ/сафедагӣ барои ба ҷои лозима расонидани маводи доругӣ» ва Т-1420 «Коркарди усули нави каммасрафи истеҳсоли пектинҳо» дар Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ таҳти роҳбарии доктори илмҳои химия, профессор Зайниддин Муҳиддинов пиёда шудаанд. Вазорати (Департаменти) хоҷагии қишлоқи ИМА  ба воситаи МБИТ барои ҳардуи ин лоиҳаҳо 917 ҳазор доллари ИМА ҷудо кардааст. Оиди лоиҳаи аввал усулҳои ҷудо кардани сафедаҳо (албуминҳо, глобулинҳо ва глиодинҳо) аз партовҳои пахта,  зеинҳо аз орди ҷуворимакка ва β-лактоглобулин аз фаллаи шир кор карда баромада шуда шароити мувофиқи аз ин маводҳо бо истифодаи пектинҳо истеҳсол кардани капсулаҳои барои нақли доруҳо ба ҷои лозима мувофиқро пайдо кардаанд. Ҳоло таркибҳои пайдо карда шуда (кашфшуда) дар санҷиши фармаколоҷӣ мебошанд. Оиди лоиҳаи дуввум технолоҷии нави истеҳсоли пектинҳо коркард шуда ва корхонаи хурди истеҳсоли пектинҳо аз афшураи меваҳо сохта шудааст. Бо маблағи лоиҳаҳо таҷҳизоти нодир ба мисли электрофорези каппилярӣ, спектрофотометрҳо, реометрҳо ва ғайра харидорӣ шудааст. Ҳайвонгоҳи (вивариум) Институт ва чанд хонаҳои лабораторӣ таъмир карда шудаанд. Иштирокчиёни лоиҳаҳо дар 28 семинару конфронсу сипозиумҳои байналмилалӣ (Испания, ИМА, Финландия, Туркия, Сингапур, Курия ва ғайра) баромад кардаанд. Ҷамъулҷамъ 72 мақолаҳои илмӣ ва фишурдаи маърӯзаҳо ба чоп расидаанд. 2 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуда 3 рисолаи дигар барои ҳамин сол ҳимоя кардан омода шудаанд.

 

Албатта ҳар чори ин лоиҳаҳо барои илми ҷаҳонӣ саҳм доранд (акси ҳол МБИТ барои онҳо маблағ ҷудо намекард), вале дар айни ҳол барои ҳал кардани масоили озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ низ саҳмгузор шуда метавонанд. Лоиҳаҳои аввал барои селексияи навъҳои нави гандум муфид бошанд, лоиҳаҳои охир барои истифодаи партовҳои хоҷагии қишлоқ ва саноати хӯрокворӣ муфид мебошанд. Худи пектинҳо бошанд, барои саноати хӯрокворӣ маводи пурқиммат мебошанд. Истифодаи онҳо ба ивази рангҳои маснӯъии зараровар,  барои саломатӣ фоидаовар мебошад. Бинобар ин, истеҳсоли пектинҳоро тибқи технолоҷии худӣ (Институти химияи АИ ҶТ) дар ҳамаи корхонаҳои шарбатбарорӣ ба роҳ мондан, айни муддао мебуд. Дар ин ҳолат мо метавонистем на танҳо саноати хӯроквории худамонро таъмин намоем, балки аз содироти пектинҳо фоидаи зиёд ҳам ба даст орем.

 

  • Лоиҳаҳои Т-1000 “Тадқиқоти муштараки байналмилалии (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон) олудагии радиоактивии дарёҳои байнимарзии Осиёи Марказӣ”(170 ҳазор доллари ИМА) ва Т-1063 “Сохтани модели коршоям ва оперативии мувозинат ва сифати обҳои ҳавзаи байнимарзии баландоби Сирдарё дар Осиёи Марказӣ” (315 ҳазор доллари ИМА) дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ таҳти роҳбарии марҳум номзади илмҳои физикаю математика Акрам Ҷӯраев пиёда шуда буданд. Дар натиҷаи иҷрои лоиҳаи аввал исбот карда шуд, ки олудагии радиоактивии обҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шудаистода аз меъёри стандарти байналмилалӣ зиёд нест, яъне ин обҳо тоза мебошанд. Дар рафти иҷрои лоиҳаи дуюм обанбори Қайроқумро тадқиқ карда харитаи таҳшинҳои ин обанбор тартиб дода шуд. Ҳамин усулро барои тартиб додани харитаи таҳшинҳои дигар обанборҳо ҳам истифода бурдан мумкин аст. Таҷҳизоти харидоришуда имконият медиҳад, ки бо қаиқ шино карда таҳшинҳоро пурра тадқиқ намоед. Ин тадқиқот нишон дод, ки оби Сирдарё дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд нӯшиданибоб мебошад. Мақсади ниҳоии тадқиқот - сохтани прогроми компютерӣ барои идораи оптималии обҳои байнимарзӣ низ иҷро карда шуд.

 

  • Лоиҳаи Т-1688 “Тадқиқоти таъсири олудагии аэрозолии ҳаво ба тағйирёбии иқлим, ки дар натиҷаи бӯронҳои чангӣ ба амал меояд” (348 ҳазор доллари ИМА) дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ таҳти роҳбарии номзади илмҳои физикаю математика Сабур Абдуллоев пиёда шудааст. Дар натиҷаи тадқиқоти олудагии ҳаво аз бӯронҳои чангӣ базаи натиҷаҳои метерологӣ сохта шудааст. Аз ҷумла таъсири чангҳо ба ҳарорат оварда шудааст. Тадқиқоти рӯзмарра ба роҳ монда шудааст, ки натиҷаҳои он дар сайти http://aeronet.gsfc.nasa.gov дастрас аст. Дар лоиҳа 6 олими ҷавон иштирок менамоянд, 2 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ барои ҳимоя омода карда шудаанд. Натиҷаҳои лоиҳа дар 38 мақолаҳои илмӣ ва фишурдаи маърӯзаҳо ба чоп расидаанд.

 

  • Лоиҳаи Т-2076 «Омӯзиши ҳаракати  изотопҳо дар таркиби чангу-ғубори қисми ҷанубу-марказӣ ва партофњои уран дар қисми шимолии Тољикистон» аз як тараф давоми лоиҳаи Т-1688 бошад, аз тарафи дигар ба омӯзиши партовҳои урани қисми шимолли ҷумҳурӣ равон карда шудааст.

 

Ҳамин тариқ, ҳар як лоиҳаи МБИТ барои ҷумҳурӣ муфид мебошад.

  • Лоиҳаҳои муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва Вазорати кишоварзӣ ҳамаашон ба омӯхтан ва пешгирӣ кардани касалиҳои сирояткунанда ба мисли тоун, оқсил, сӯхтанӣ(доғи сибирӣ), касалиҳои арбовирусӣ, брутселлёз, касалиҳои сирояткунандаи ба воситаи об гузаранда, гепатитҳои ҷигар ва ғайра бахшида шудаанд, ки бевосита барои аҳолии ҷумҳурӣ ва муассисаҳои табобатии ҷумҳурӣ лозиманд.

 

  • Ду лоиҳа T-1082.3 ва T-1508 ба омӯзиш ва коркарди технолоҷии бехатаргардонӣ ва истифодабарии партовгоҳҳои радиоактивӣ равон карда шудаанд, ки онҳо ҳам бевосита ба бехатаргардонии партовгоҳҳои Файзобод ва шимоли ҷумҳурӣ равона карда шудаанд.

 

  • Лоиҳаи Т-1159.2 “Омӯзиши комплексии хомӯшакҳои хунмаки касалии вараҷа, душманони табиии онҳо ва кор карда баромадани тавсияномаҳо оид ба мубориза бар зидди хомӯшакҳо дар Тоҷикистони Ҷанубӣ” (455 ҳазор доллари ИМА) дар Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ таҳти роҳбарии номзади илмҳои биология Замониддин Хабиров пиёда карда шудааст. Муаллифони ин лоиҳа тавсия медиҳанд, ки барои нест кардани хомӯшакҳои хунмаки касалии вараҷа, истифодаи химикатҳои заҳрноки барои саломатии мардум ва муҳити зист зарари зиёд дошта маън карда шуда, истифодаи душманони табии хомӯшакҳо (алафҳои заҳрнок, моҳичаҳо ва ғайра) ба роҳ монда шавад. Дар рафти ин лоиҳа 1 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуда 1 рисолаи номзадӣ ба ҳимоя омода карда шудааст.

 

Як қатор лоиҳаҳои дигар ҳастанд, ки ба тадқиқотҳои фундаменталӣ бахшида шуда, барои илми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардан муфид мебошанд. Масалан:

 

  • Лоиҳаҳои Т-1086 “Селаҳои метеорҳо ҳамчун нишондиҳандаҳои табиати кометии астероидҳои ба Замин наздикшаванда ва хосиятҳои физикавии метеоридҳо” (175 ҳазор доллари ИМА) ва Т-1629 “Шабакаи болидии Тоҷикистон ва ҷустуҷӯи объектҳои наздизаминии бо селаҳои боллидҳо вобаста буда” (246 ҳазор доллари ИМА) дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ таҳти роҳбарии (менеҷерии) номзади илмҳои физикаю математика Гулчеҳра Кохирова ва роҳбарии илмии академик Пӯлод Бобоҷонович Бобоҷонов пиёда карда шудаанд. Дар рафти лоиҳаи аввал нишон дода шуд, ки аз 2842 астероиди омӯхташуда 140 тоашон табиати кометӣ доранд ва ядроҳои кометаҳои хомӯшшуда мебошанд. Инчунин 240 ассотсиатсияи метеорҳои қаблан номаълум нишон дода шуданд. Дар рафти лоиҳаи дуюм, ки давоми мантиқии лоиҳаи аввал мебошад, Шабакаи болидии Тоҷикистон (дар Осиёи Марказӣ аввалин) ташкил карда шуд, ки аз 5 назоратгоҳ иборат мебошад. Дар давоми 3500 соат ҳамзамон аз ҳамаи ин 5 назоратгоҳҳо назорати болидҳо ба воситаи суратгирӣ гузаронида шуд ва дар натиҷа 600 болид суратгирӣ шуд, ки аз онҳо 200 тоашон аз якчанд назоратгоҳ суратгирӣ шудаанд. Координатҳо ва хосиятҳои ин боллидҳо ҳисобкарда шуданд. Натиҷаҳои ин ду лоиҳа дар 2 монография, 20 мақолаи илмӣ,  аз онҳо 11 тоашон дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ,  ба чоп расидаанд. Иштирокчиёни лоиҳа дар конфронсу сипозиумҳои байналмилалӣ баромадҳо кардаанд.

 

  • Лоиҳаи Т-1145 “Тадқиқоти сохт ва хосиятҳои физикавии полимерҳо дар ҳолати таъсири беруна” (450 ҳазор доллари ИМА) дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии профессор Шарофиддин Туйчиев пиёда шудааст. Ин лоиҳа ягона лоиҳаи олимони тоҷик аст, ки Ҳукумати Ҷопон дастгирӣ кардааст. Дар рафти лоиҳа полимерҳои табиӣ ба мисли пахта ва абрешим ҳаматарафа омӯхта шуда омехтаҳои (композитҳои) полимерии хосиятҳои гуногундошта навоварӣ карда шудаанд. Натиҷаҳои лоиҳа: 9 патенти ҷумҳурӣ, 51 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 54 маърӯза дар конфронсу семинарҳо ва симпозиумҳо, аз ҷумла  17 тоаш дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ. Дар рафти лоиҳа 3 рисолаи номзадӣ барои ҳимоя омода карда шудаанд. Ба ғайр аз ин 8 нафар донишҷӯён корҳои курсӣ ва дипломии худашонро иҷро кардаанд. 80 фоизи маводи чопшуда бо ҳаммуаллифии ҳамкор(коллаборатор) аз Ҷопон профессор Е.Осава мебошад.

 

Бояд қайд кард, ки дар ҳамаи лоиҳаҳои МБИТ, қисми зиёди корҳои илмии чопшуда ва ба чоп тайёр карда шуда бо ҳаммуаллифии ҳамкорони хориҷӣ мебошанд.

 

Дар ҷумҳурӣ 10 лоиҳаи кӯмаки комуникатсионӣ (зиёда аз 1 миллиону 350 ҳазор доллари ИМА) пиёда шудааст, ки дар натиҷа 65 ташкилоту идораҳо ба шабакаи интернет пайваст шудаанд.

Ба ғайр аз ин лоиҳаҳо, МБИТ барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шомил шудани олимону мутахассисони тоҷик саҳми назаррасе низ дорад, ки бо усулҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

  • Ташкил кардани бештар аз 25 конфронсу семинару машваратҳо ва курсҳои омӯзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ин МБИТ бештар аз 300 ҳазор доллари ИМА берун аз маблағи ба лоиҳаҳо ҷудошуда сарф кардааст;
  • Дастгирии бештар аз300 сафари хидматӣ ба хориҷи кишвар, ки МБИТ барои ин зиёда аз 600 ҳазор доллари ИМА маблағ сарф кардааст, аз ҷумла 400 ҳазор доллари ИМА барои дастгирии 170 сафари хидматӣ берун аз маблағи ба лоиҳаҳо ҷудошуда мебошад.
  • Дастгирии сафарҳои хидматии олимони мамолики мутараққӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани тадқиқоти муштарак, омӯзиш, конфронсу машварату семинарҳо ва ғайра.Чи тавре, ки маълум аст, ҳар як сафари хидматӣ берун аз ҷумҳурӣ ва ҳар семинару конфронсу машварат, ки дар он олимони варзидаи мамолики мутараққӣ иштирок менамоянд, барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шомил шудани олимону мутахассисони тоҷик аҳамияти махсус дорад.
  • Яке аз муҳимтарин масъалаҳои илму технолоҷии тоҷик дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмию техникӣ мебошад. Бо мақсади ба ҳалли ин масъала саҳм гузоштан МБИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се семинари омӯзишии кӯтоҳмуддат бо ҷалби доираи васеъи олимону мутахассисон ва9 курси аз 1 то 3 моҳаи омӯзишӣ барои олимону мутахассисони тоҷик гузаронид.

 

МАЪЛУМОТ  БАРОИ  ТАМОС:

Шўъбаи минтаќавии Тољикистонии  МБИТ

Хикматов  Мухабатшо, руководитель

Тел.:   227 87 37,

           227 93 94,

           919 13 95 98,

           918 64 71 07

           934 01 01 72

Факс: 227 93 94

Нишонаи электронї: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.   

                                          Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.