joomla

14:59, 16th December 2018
Декабр 2018
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
free templates joomla

Аъзои вобастаи АИ ҶТ аз соли 1951

 

ҲАЙАТИ ШАХСӢ АЗ СОЛИ 1951 

 

АЪЗОИ ВОБАСТАИ

 

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ

 ТОҶИКИСТОН

 

 

Берёзкин Николай Федорович  (1898-1958) 

Донишгоҳи якуми Москваро хатм кардааст (1921). Доктори илми тиб (1941). Узви вобаста (1951, ихтисос – «ҷарроҳӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ҷарроҳии таракалӣ.

Мудири кафедраи ҷарроҳии госпиталии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1945-1956). Мудири кафедраи ҷарроҳии Институти тиббии Калинин (1956-1958).

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1951).

 

Брагинский Израэли – Иосиф Самуилович (1905-1989) 

Институти шарқшиносии ба номи Н.Наримонови Москваро хатм кардааст (1931). Доктори илми филология (1954), профессор (1955). Узви вобаста (1951, ихтисос – «шарқшиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърихи адабиёти тоҷику форс, фолклор, шарқшиносӣ, таърихнигорӣ.

Роҳбари шўъбаи Сарраёсати сиёсии Артиши Шўравӣ ва Флоти ҳарбиву баҳрӣ (1940-1952). Сарходими илмии бахши фолклор, роҳбари гурўҳи омўзиши робитаҳои мутақобилаи адабиёти Ғарб ва Шарқи Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба номи А.М.Горкий (1955-1956). Муовини директор, мудири шўъбаи Шарқи Наздик ва Миёна, мудири шўъбаи адабиёт ва нашри ёдгориҳои Шарқи Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (Институти халқҳои Осиё, 1950-1976). Мушовири илмии Институти  шарқшиносии АИ ИҶШС (1978-1989), муҳаррири маҷаллаи «Народы Азии и Африки» (1957-1977). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1964).

Бо орденњои Ҷанги ватанӣ дараҷаи I, Ситораи сурх, медалҳои «Барои мудофиаи Москва», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,  «Барои хидматҳои ҷангӣ», Ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1955).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ (1974).

 

Глухов Иван Алексеевич (1913-2005) 

Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1956). Доктори илми химия (1966), профессор (1969). Узви вобаста (1981, ихтисос – «химия»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химия ва технологияи хлорноксозии пастҳароратӣ.

Мудири озмоишгоҳи Пойгоҳи осиёимиёнагии «Главпарфюмер» (1944-1946), мудири озмоишгоҳи химияи металлҳои нодири Институти химияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1956-1982), мудири гурўҳи технологияи хлори Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ (1982-1997).

Бо медали «Барои меҳнати шоиста», Ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973).

 

Ғаффоров Раззоқ  (1932-2001) 

Институти давлатии омўзгории Ленинободро хатм кардааст (1953). Доктори илми филология (1980), профессор (1986). Узви вобаста (1991, ихтисос - «забоншиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: забоншиносии тоҷик, шевашиносӣ, грамматика ва услубшиносии забони ҳозираи тоҷик.

Мудири шўъбаи шевашиносии тоҷик (1965-1991), сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶШС Тоҷикистон (1991-1994). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989).

Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин» тақдир шудааст.

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ (1989).

 

Запрягаева Вера Ивановна (1912-1994) 

Институти давлатии омўзгории Душанберо хатм намудааст (1945). Доктори илмҳои биологӣ (1965), профессор (1969). Узви вобаста (1978, ихтисос – «ботаника»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: набототи ҷангалӣ, дендрофлора, захираҳои наботот.

Директори Пойгоҳи кўҳиву ботаникии Варзоб (1941-1947; 1955-1967), мудири бахши геоботаника (1947-1951), мудири озмоишгоњи дендрологияи (аз 1967). Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон.

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», Дўстии халқҳо, медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тољикистон (1972).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абўалӣ ибни Сино (1977).

 

Исмоилов Маҳмуд Исмоилович (1929-2010) 

Донишгоҳи давлатии Ўзбекистон ба номи А.Навоиро хатм кардааст (1949). Доктори илмҳои биологӣ (1976), профессор (1980). Узви вобаста (1981, ихтисос – «ботаника»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фитосенология, систематика ва интродуксияи растаниҳо.

Ходими хурд ва калони илмӣ (1955-1960), директори Боғи ботаникии Душанбеи Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1960-1967). Мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1967-1993). Директори Институти ботаникаи АИ ҶТ (1993-1998). Сарходими илмии Институти ҷангали ЛХПО «Тоҷикҷангал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998-2008).

Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон.

Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Кимсанов Бўрӣ Ҳакимович (1941-2004) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1964). Доктори илми химия (1988), профессор (1990). Узви вобаста (1997, ихтисос – «химия»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи органикӣ, синтез, структура, хусусиятҳои физикаву химиявӣ ва биологии хаттӣ ва доиравии глитсерин, омода кардани воситаҳои нави камзаҳри фармасевтӣ ва танзимкунандаҳои рушди растаниҳо.

Профессори кафедраи химияи органикӣ (1989-1992), мудири кафедраи пайвастагиҳои калонмолекулавӣ ва технологияи химиявии ДМТ (1992-2004).

Бо ордени «Шараф» тақдир шудааст. Аълочии маорифи халқ (1991).

 Ихтироъкори ИҶШС (1985).

Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992). 

 

Куканиев Муҳамадшо Аҳмадович (1960 - 1912 ) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1983). Доктори илми химия (1997), профессор (2001). Узви вобаста (2004, ихтисос – «химия»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ, маводи фаъоли биологӣ, маводи табиии органикие, ки дар таркиби растаниҳои шифобахши Тоҷикистон мавҷуданд, фаъолнокии адсорбсиониву каталитикаи гилҳои бентонитии Тоҷикистон, таҳқиқи нафти қисмати ҷануби Тоҷикистон.

Ходими хурд ва калони илмӣ (1986-1996), мудири озмоишгоҳи пайвастагиҳои гетеросиклии Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ (1996 – то имрўз).

Бо ордени «Шараф» тақдир шудааст (2003).

 

Кухтиков Михаил Михеевич (1919-1995) 

Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А.Ждановро хатм кардааст (1946). Доктори илмҳои геология ва минералогия (1966), профессор (1969). Узви вобаста (1973, ихтисос – «геология»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: геотектоника.

Ходими илмии Институти қишри замини ДДЛ ба номи А.А.Жданов (1949-1950), дотсенти кафедраи геология ва палеонтологияи ДДТ ба номи В.И.Ленин (1950-1959), ходими калони илмӣ (1951-1959), муовини директор (1959-1987), мудири шўъбаи геотектоникаи (1987-1995). Институти геологияи АИ ЉШС Тоҷикистон.

Бо медали  «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин» тақдир шудааст. 

 

Маниёзов Абдуқодир  (1930-2008) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1953). Номзади илми филология (1960). Узви вобаста (1981, ихтисос – «филология»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, нақди адабӣ, забоншиносӣ.

Муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶШС Тоҷикистон (1962-1969), муовини муҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик (1969-1972), директор (1972-2000), директори фахрии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ (2000-2008). Раиси Кумитаи иҷроияи анҷумани «Пайванд», муовини аввали раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон (2000-2008).

Бо ордени «Шараф», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаҳои Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994).

Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон (1996).

 

Махсумов Музаффар Нусратуллоевич (1937-2013) 

Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро хатм намуда-аст (1961). Доктори илмҳои физикаву математика (1988). Узви вобаста (1997, ихтисос –«астрофизика»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: динамикаи системаи ситораҳо, физикаи галактикаҳо (масъалаҳои устуворӣ ва эволютсияи галактикаҳо).

Директор (1978-1992), мудири шўъбаи сохтор ва динамикаи системаи ситораҳо (1992-2005), роҳбари гурўҳи «Сохтор ва динамикаи системаи ситораҳо»-и (2005-2011) Институти астрофизикаи АИ ҶТ. 

 

Маъсумӣ Носирҷон Асадович (1915-1974) 

Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм кардааст (1940). Номзади илми филология (1955). Узви вобаста (1966, ихтисос – «филология»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, фолклор, забоншиносӣ.

Мудири кафедраи забон, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбе (1940-1959). Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶШС Тоҷикистон (1959-1972), академик-котиби Шўъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1972-1974). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1940).

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1960).

  

Мирзоев Рустам Қурбонович (1942-1998) 

Институти хоҷагии халқи ба номи Г.В.Плеханови Москваро хатм кардааст (1969). Доктори илми иқтисодӣ (1984), профессор (1987). Узви вобаста (1994, ихтисос – «иқтисодиёт, ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: рушд ва ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда, иқтисоди бозоргонӣ ва самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ.

Сардори шўъбаи Кумитаи давлатии нархи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1972-1975). Ходими калони илмӣ (1977), и.в. мудири бахши робитаҳои байнисоҳавӣ (1977-1978), и.в. мудири бахши прогресси илмиву техникии (1978-1980) Институти иқтисодиёти АИ ҶТ. Ходими калони илмӣ, мудири бахш, и.в. муовини раис, раиси Шўрои омўзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии АИ ҶТ (1980-1993). Мушовири давлатии  Раиси Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ (1991), муовини раиси Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), вазири иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), раиси Шўрои омўзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии АИ ҶТ (1997-1998).

Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992).

 

Назаров Ҳақназар (1931-2006) 

Донишгоњи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1953). Доктори илми таърих (1977), профессор (1979). Узви вобаста (1987, ихтисос – «таърих»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, шарқшиносӣ.

Мудири бахши Шарқи муосири шўъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶШС Тоҷикистон (1958-1963), мудири бахши Афғонистон (1981),  мудири шўъбаи таърих, иқтисодиёт ва афкори иҷтимоии кишварҳои Шарқи хориҷӣ (1982-1986), мудири Шўъбаи афғоншиносӣ (1996-2006), директори Институти шарқшиносии АИ ҶТ (1932-1993).

Бо медали «Ветерани меҳнат» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986).

Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1970). 

 

Парадоксов Леонид Фёдорович  (1890-1954) 

Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм намудааст (1921). Доктори илми тиб (1980), профессор (1951). Узви вобаста (1951, ихтисос – «офталмология»).

Самти асосии фаъолияти илмӣ: офталмология.

Мудири шўъбаи бемориҳои чашми Бемористони ҷумҳуриявӣ (1925-1942), мудири кафедраи бемориҳои чашми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1942-1949), сарофталмологи ҷумҳурӣ (1949-1954).

Бо ордени Ленин, «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоиста» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1945).

Духтури шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1942).

 

Петров Вячеслав Фёдорович (1889-1969) 

Институти кишоварзии Москваро хатм кардааст (1911). Номзади илмҳои кишоварзӣ (1951). Узви вобаста (1951, ихтисос – «агротехникаи пахта»).

Самти асосии фаъолияти илмӣ: пахтакорї.

Роҳбари Шўъбаи пахтакории АИ ҶШС Тоҷикистон (1952-1954), мудири шўъбаи агротехникаи пахтаи Институти зироаткории Вазорати кишоварзии ҶШС Тоҷикистон (1956-1964).

Бо орденҳои Ситораи Сурх, Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои мудофиаи Сталинград», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоиста», «Бистсолагии ғалаба дар  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» тақдир шудааст.

Агрономи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1952).

 

Пўлодов Аъзам Тоҳирович  (1928-2007) 

Институти якуми тиббии Москва ба номи И.М.Сеченовро хатм намудааст (1949). Доктори илми тиб (1963), профессор (1966). Узви вобаста (1985, ихтисос – «тиб»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ҷарроҳии барқароркунандаи рўй, ҳолати функсионалии қабати гурдаҳо ҳангоми ҷарроҳӣ, анестизиология ва реаниматологияи бачаҳо, ҷарроҳии барқароркунандаи роҳи пешоб ҳангоми уролитиаз.

Дотсенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ (1956-1964), мудири кафедраи ҷарроҳии бачагонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1964-1996). Сарҷарроҳи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967-1993). Сарходими илмии Институти педиатрияи АИТР (1997-2007).

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).

Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1956).

 

Пустовой Иван Фёдорович (1926-1981) 

Институти кишоварзии Одессаро хатм кардааст (1952). Доктори илми ветеринарӣ (1971), профессор (1972). Узви вобаста (1973, ихтисос – «гелминтология»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: паразитология, гелминтология, эпизоотология ва пешгирии бемориҳо.

Мудири шўъбаи гелминтология (1961-1963), директори Институти тадқиқотии ветеринарии ВК ҶШС Тоҷикистон (1963-1981).

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои мудофиаи Кавказ», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Бистсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин» тақдир шудааст.

 

 

Ранов Вадим Александрович (1924-2006) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1954). Доктори илми таърих (1988). Узви вобаста (1994, ихтисос – «бостоншиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, бостоншиносӣ.

Мудири бахши бостоншиносӣ (1971-1989), сарходими илмии шўъбаи бостоншиносии (1989-2006) Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶТ,

Бо ду ордени Ситораи Сурх, ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I, ордени «Дўстӣ» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1990).

Узви вобастаи Институти бостоншиносии Олмон (Берлин, 1986).

Узви пайвастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия (1997).

 

Расулов Қурбон Расулович (1947-2007) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1968). Доктори илми фалсафа (1990), профессор (1991). Узви вобаста (2001, ихтисос – «экологияи иҷтимоӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: биология, фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҷанбаҳои иҷтимоиву сиёсии масъалаҳои экологӣ.

Мудири кафедраи коммунизми илмӣ, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1985-1993), мушовири калон, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-1995). Ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Қ.Ҷўраев (1995-2007). Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2005).

Бо медали «10-солагии ҷаласаи ХVI Шўрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдир шудааст.

 Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).

 

Расулова Муҳаррам Расуловна (1926-2006) 

Институти давлатии омўзгории ба номи С.М.Кирови Ленинободро хатм кардааст (1947). Номзади илми биология (1959). Узви вобаста (1981, ихтисос – «ботаника»).

Самти асосии фаъолияти илмӣ: флора ва систематикаи растаниҳо.

Муовини директор (1962-1966), мудири бахши флора ва систематикаи растаниҳои олӣ (1966-1976; 1988-1991), директори Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1976-1988).

Бо медали «Барои меҳнати шоиста», Ифтихорномаҳои Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

 

Раҳимов Яҳё Абдуллоевич  (1916-1993) 

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст (1943). Доктори илми тиб (1967), профессор (1967), Узви вобаста (1951, ихтисос – «анатомияи инсон»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физиологияи экологӣ, биохимия, морфология, деонтология.

Мудири кафедраи анатомияи мўътадил (1950-1972), ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1950-1957). Вазири тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1957-1963). Мушовири илмии озмоишгоҳи таҳқиқоти тиббиву биологии баландкўҳ (1971).

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаҳои Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1957).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абўалӣ ибни Сино (1987).

 

Раҷабов Маъруф Саидович  (1955-2001) 

Институти давлатии омўзгории Кўлобро хатм кардааст (1976). Доктори илми филология (1998). Узви вобаста (2000, ихтисос – «адабиёти кишварҳои хориҷии нав»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиётшиносӣ, рушди жанрҳои таърихӣ, таърихи нақди адабӣ.

Мудири шўъбаи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ (1984-2000). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993).

Соҳиби Ҷоизаи ба номи С.Айнии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

 

Рустамов Шарофиддин   (1931-2007) 

Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм кардааст (1954). Доктори илми филология (1972), профессор (1980). Узви вобаста (2087, ихтисос – «филология»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: забоншиносӣ, грамматикаи забони тоҷикӣ.

Мудири шўъбаи забони адабии ҳозираи тоҷик (1976-1991), сарходими илмии  Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ (1991-2007).

Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин, «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (2001).

 

Салибоев Геннадий Ҳотамович  (1937-2000) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1959). Доктори илмҳои геология ва минералогия (1988). Узви вобаста (1991, ихтисос – «геология»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таҳқиқи палеонтологиву стратиграфии таҳшинҳои мезозою кайнозойии минтақаҳои Шарқии Осиёи Миёна.

Ходими хурд, калон ва пешбари илмии Институти геологияи АИ ҶТ (1966-1991), и.в. саркотиби илмии Раёсати АИ ҶТ (1991-1995), ходими пешбари Институти геологияи АИ ҶТ (1995-2000).

Бо Ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1963) тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1989).

 

Станюкович Кирилл Владимирович (1911-1986) 

Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст (1936). Доктори илмҳои биологӣ (1954), профессор (1957). Узви вобаста (1978, ихтисос – «ботаника»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: геоботаника, флористика, география, ҳифзи табиат.

Ходими калони илмӣ (1946-1951), директори  Пойгоҳи биологии Помир (1951-1959). Ходими калони илмӣ (1959-1965), мудири бахш (1965-1969; 1971-1975) Шўрои омўзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии АИ ҶШС Тоҷикистон. Мудири бахши географияи Шўъбаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии АИ ҶШС Тоҷикистон (1975-1982).

Бо орденҳои Ситораи Сурх, Дўстии халқҳо, медалҳои «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати аъло», «Барои меҳнати шоиста», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», Ифтихорномаҳои Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1971).



Стариков Виктор Андреевич  (1898-1983) 

Институти муҳандисиву нақлиёти Ленинградро хатм намудааст. Номзади илмҳои техникӣ (1950). Узви вобаста (1953, ихтисос – «ирригатсия»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ирригатсия, гидроэнергетика.

Мудири бахши хоҷагии оби Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсии АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1958), муовини директори Институти масъалаҳои оби АИ ҶШС Тоҷикистон (1958-1961), мудири озмоишгоҳи энергетикаи умумӣ ва масъалаҳои хоҷагии оби Шўъбаи энергетикаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1961-1972), мудири бахши масъалаҳои энергетикаи хоҷагии оби Шўрои омўзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии АИ ҶШС Тоҷикистон (1972-1974).

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоиста», «Барои меҳнати шоиста дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ», Ифтихорномаҳои Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Ирригатори шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1951).

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1968).

 

Стетсенко Владислав Яковлевич (1935-2007) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1958). Доктори илмҳои физикаву математика (1971). Узви вобаста (1985, ихтисос – «математика»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таҳлили  функсионалӣ, муодилаҳои интегралӣ, иқтисодиёти математикӣ, математикаи ҳисобӣ ва амалӣ.

Ассистент, муаллим, мудири кафедраи таҳлили функсионалии ДДТ ба номи В.И.Ленин (1958-1965), дотсенти Институти муҳандисиву сохтмони Воронеж (1965-1966), ходими калони илмии Институти автоматика ва телемеханикаи АИ ИҶШС (1966-1968), дотсенти Донишгоҳи давлатии Воронеж (1966-1968), мудири кафедраи математикаи олии Институти технологии Воронеж (1968-1970). Мудири кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ (1970-1984), ноиби ректор оид ба корҳои таълим (1984-1987), мудири кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии (1987-1990) ДДТ ба номи В.И.Ленин. Мудири кафедра ва профессор-мушовири кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи давлатии Ставропол (1990-2006).

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали  «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат» сарфароз гардидааст.

Аълочии маорифи ИҶШС. Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон.

 

Улуғзода Сотим (1911-1999) 

Институти тоҷикии маорифро хатм кардааст (Тошкент, 1929). Узви вобаста (1951, ихтисос – «адабиётшиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиёт, таърих.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1934). Раиси Садорати ИНТ (1944-1946). Узви Садорати Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1943-1971).

Депутати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, узви Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1961-1963).

Бо се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи I  (пас аз вафот), медалҳои «Барои хидматҳои ҷангӣ», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин», «Барои мудофиаи Москва», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи  Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1962).

 

Усмонов Очилбой  (1930-2006) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1955). Доктори илми ҳуқуқ (1975), профессор (1979). Узви вобаста (1997, ихтисос – «ҳуқуқи шаҳрвандӣ»).

Самти асосии фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи шаҳрвандӣ.

Мудири кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандӣ  (1972-1978), профессори кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандӣ (1978-1981), декани факултаи ҳуқуқ (1975-1982), мудири кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии (1982-2006)Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Узви Кумитаи назорати конститутсионии ИҶШС (1990). Раиси Шўрои санҷиши лоиҳасозии қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000).

Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», «Панҷоҳсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941-1945» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996).

Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). 

 

Фозилов Муллоҷон Фозилович (1914-1978) 

Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм намудааст (1941). Номзади илми филология (1951). Узви вобаста (1953, ихтисос – «забоншиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: забон ва адабиёти тоҷик, луғатшиносӣ, фразеология, паремиология.

Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1950-1951). Директор (1951-1958), ходими калони илмии (1958-1977) Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ.

Бо ордени Ҷанги ватанӣ, «Нишони Фахрӣ» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).

 

Холдоров Усмон Холдорович (1936-1996) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1958). Доктори илмҳои кишоварзӣ (1986), профессор (1988). Узви вобаста (1987, ихтисос – «растанишиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: азхудкунии комплексии растаниҳои сарзамини кўҳии Тоҷикистон, мевапарварии баландкўҳӣ, хоҷагии ҷангал.

Директори Пойгоҳи тоҷикистонии озмоишгоҳи ҷангали Институти илмию тадқиқотии Осиёи Миёнагии хоҷагии ҷангал (1964-1988). Директори Институти биологии Помири ба номи Х.Ю.Юсуфбекови АИ ҶТ (1988-1996). 

Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаи Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).

 

Ҷўраев Қандил Шарифович (1927-1990) 

Институти давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм кардааст (1948). Доктори илми география (1973), профессор (1974). Узви вобаста (1973, ихтисос – «географияи иқтисодӣ»).

Самти асосии фаъолияти илмӣ: географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.

Декани факултаи географияву табиатшиносии Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (1957-1967). Муовини вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон (1967-1970). Ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбеи ба номи Т.Г.Шевченко (1970-1979). Раиси Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1967-1971; 1975-1980). Мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (1984-1989), ректори ДДОД ба номи Т.Г.Шевченко (1989-1990).

Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», Байрақи Сурхи Меҳнат, медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977).

Аълочии маорифи ИҶШС (1971). Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1967).

 

Шукуров Ориф Шукурович  (1908-1989) 

Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1940). Номзади илмҳои биологӣ (1950), профессор (1966). Узви вобаста (1957, ихтисос – «биология»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: флора ва растаниҳои Тоҷикистон, географияи растаниҳо, захираҳои растаниҳо.

Директори Институти давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (1943-1953; 1961-1968). Ректори Институти кишоварзӣ (1953-1957). Саркотиби илмии Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-1961). Мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (1970-1989).

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1958).

 

Юсуфбеков Рустамбек   (1923-2000) 

Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм кардааст (1950). Доктори илмҳои иқтисодӣ (1972), профессор (1984). Узви вобаста (1975, ихтисос – «иқтисоди сиёсӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: самаранокии бахши кишоварзӣ, рушди беҳбуди моддӣ ва сатҳи фарҳангии мардум, самаранокии иқтисодии маорифи халқ.

Мудири кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956-1959). Муовини мудири шўъбаи илм ва мактабҳои КМ ПК Тоҷикистон (1959-1962), вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1963-1974), муовини раиси Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1974-1984), вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1981-1984). Профессори кафедраи иқтисоди сиёсии  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон   (1984-2000).

Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).