Аъзои пайвастаи АИ ҶТ аз соли 1951

  

joomla

03:59, 18th August 2018
Август 2018
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
free templates joomla

Аъзои пайвастаи АИ ҶТ аз соли 1951



ҲАЙАТИ ШАХСӢ АЗ СОЛИ 1951 

 

АЪЗОИ ПАЙВАСТА

(АКАДЕМИКҲО)-И

 

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН

 

 

 Адҳамов Акобир Адҳамович (1928-1992)  

Донишгоҳи давлатии Ӯзбекис-тон ба номи А.Навоиро хатм кардааст (1950). Доктори илмҳои физикаву математика (1964). Академик (1968, ихтисос – «физика», узви вобаста, 1957).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назарияи молекулавию кинетикии газҳо ва моеъҳо, динамикаи панҷараҳои кристаллӣ, акустикаи молекулярӣ, назарияи интиқоли фазавӣ.

Мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ (1954-1956), декани факултаи физикаву математика (1956-1958), ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1958-1965). Директори Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶШС Тоҷикистон (1965-1968), академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаву математика, химия ва геология  (1976-1984), ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1991-1992).

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат» тақдир шудааст.

 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1877-1954) 

Қаҳрамони Тоҷикистон (1999). Нахустин президенти АИ ҶТ (1951-1954).

Доктори илмҳои филология (1949), профессор (1949). Академик (1951, ихтисос -  «адабиётшиносӣ»).

 Академики ифтихории АИ ҶШС Ӯзбекистон (1943).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърихи халқи тоҷик, адабиёти классикии тоҷику форс, забоншиносии тоҷик, луғатшиносӣ.

Бо ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи 1, 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1940).

Арбоби шоистаи илми ҶШС Ӯзбекистон (1949).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1950).

 

Алиев Ғулом Алиевич  (1915-2009) 

Институти кишоварзии ба номи Куйбишеви Самарқандро хатм кардааст (1934). Доктори илмҳои кишоварзӣ (1966), профессор (1973). Академик (1953, ихтисос - «зоотех-нияи хусусӣ», узви вобаста, 1951). Академики ВАСХНИЛ (Академияи илмҳои кишоварзии Россия, 1972), академики АИКТ (1994).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: генетика ва селексияи гӯсфандон.

 Директори Институти тадқиқотии ҳайвонотшиносии  Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1945-1949).  Ректори ДКТ  (1950-1953). Ноиби аввали президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1953-1957) ва и.в. президенти АИ ҶТ (1954-1957). Муовини вазир (1958-1961), вазири кишоварзии ҶШС Тоҷикистон (1961-1962). Котиби КМ ПК Тоҷикистон (1962-1973). Ректори ДКТ (1973-1981).  Мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи гӯсфандони Шӯъбаи  ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои  табиии АИ ҶШС Тоҷикистон (1981-1987). Шӯъбаи генетикаи умумии пахта (1987-1995) ва Институти физиологияи растаниҳо ва генетикаи АИ ҶТ (1996-2002). Мушовири Раёсати АИ ҶТ (1955-2009).

Бо чор ордени Байраки Сурхи Меҳнат,  медалҳои «Барои меҳнати шоистаи дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Ветерани меҳнат», ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶТ тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон. Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001).

 

Амонов Раҷаб  (1923-2002) 

Институти давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченкаи шаҳри Душанберо хатм кардааст (1947). Доктори илми филология (1968), профессор (1970). Академик (1981, ихтисос - «филология», узви вобаста,  1976,  ихтисос - «адабиётшиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиётшиносӣ, фолклор.

Мудири бахш (1954-1958), мудири шӯъбаи фолклор (1958-1991), сарходими илмии (1991-2002) Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1959).

Бо орденҳои Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 2-юм, «Дӯстӣ», медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Чилсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945», «50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», «60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Аълочии маорифи халқ (1960).

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1991).

Соҳиби Ҷоизаи ба номи С.Айнии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997).

 

Антипов – Каратаев Иван Николаевич (1888-1965) 

Донишгоҳи давлатии Москваи ба номи М.В.Ломоносовро хатм кардааст (1927). Доктори илми кишоварзӣ (1934), профессор (1940). Академик (1951, ихтисос - «хокшиносӣ»).

Самтхои асосии фаъолияти илмӣ: хокшиносӣ, физикохимияи хок, шароити биоиқлимии пайдоиши хок, обёрии хок.

Роҳбари илмии Бунгоҳи хокшиносиву обёрии Вахши Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1936-1951). Роҳбари илмии Институти хокшиносӣ, обёрӣ ва ирригатсияи АИ ҶТ (1951-1962).

Бо се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1996).  

 

Баротов Рауф Баротович (1921 - 2012) 

Донишгоҳи Осиёи Миёна (ҳоло Тошкент)-ро хатм кардааст (1945). Доктори илмҳои геология ва минералогия (1966), профессор (1967). Академик (1968, ихтисос -«геология», узви вобаста, 1953).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: петрология, металлогения, геоэкология.

Директори Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1953-1988), академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаву математика, геология ва химия (1959-1976), ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1976-1984, директори ифтихории Институти геология (1988), мушовири Раёсати АИ ҶТ (1997-2011).

Барои саҳми Р.Б.Баротов дар илми геология ба маъдани нав номи «Баротовит» (1975) гузошта шудааст.

Бо ордени «Дӯстии халқҳо», 2 ордени «Нишони Фахрӣ», 9 медал, нишони тиллоии Конгресси ҷаҳонии геологӣ (1988) тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1970), Ҷоизаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ (2007).

 

 

Баҳоваддинов Аловуддин Маҳмудович (1911-1970) 

Академияи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм кардааст (1931). Доктори илми фалсафа (1951), профессор (1952). Академик (1953, ихтисос - «таърихи фалсафа», узви вобаста, 1951).

Самти асосии фаъолияти илмӣ: таърихи фалсафа.

Ходими калони илмии Институти таърих, забон ва адабиёти Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1946-1948). Мудири шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1959) ва ҳамзамон мудири кафедраи фалсафаи ДДТ ба номи В.И.Ленин (1955-1962), директори Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон (1962-1970).

Бо ордени Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медали «Барои  меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1961).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967).

 

 

Бойматов Камолиддин Ҳамроевич (1950-2006) 

Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро хатм кардааст (1971). Доктори илмҳои физикаву математика (1982), профессор (1991). Академик (2001, ихтисос – «математика», узви вобаста, 1993).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назарияи спектралии дифференсиалӣ ва операторҳои псевдодифференсиалӣ, назарияи бисёрандозаи системаи навъи таркибӣ ва назарияи ҳалли операторҳои интегралии сингулярӣ.

И.в. муовини директори Институти математика бо МҲ АИ ҶШС Тоҷикистон (1981-1986), мудири Шӯъбаи таҳлили функсионалии Институти математикаи АИ ҶТ (1986-2006).

Соҳиби Ҷоизаи комсомолии ленинии Тоҷикистон (1976).

 

 

Ғафуров Бобоҷон Ғафурович (1908-1977) 

Қаҳрамони Тоҷикистон (1999).

Институти умумииттифоқии коммунистии рӯзноманигориро хатм кардааст (1935). Доктори илмҳои таърих (1952). Академик (1951, ихтисос - «таърихи умумӣ»). Академики АИ ИҶШС (1968, ихтисос - «таърихи умумӣ», узви вобаста, 1958).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърихи халқҳои Шарқ, шарқшиносӣ.

Мудири бахши таърихи Институти таърих, забон ва адабиёти Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1942-1948). Котиби КМ ПК (б) ҶШС Тоҷикистон (1941-1944), котиби дуюм (1944-1948), котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон (1946-1956). Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (1946-1962, 1966-1970). Муҳаррири маҷаллаи «Шарқи муосир» («Осиё ва Африко имрӯз», 1954-1974). Директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1956-1977).

Бо шаш ордени Ленин, орденҳои Инқилоби Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст.

Арбоби шоистаи илмии ҶШС Тоҷикистон (1967).

Узви хориҷии АИ Босния ва Герсеговина (1973).

Доктори ифтихории Донишгоҳи Алигарҳ (1970) ва Донишгоҳи Теҳрон (1973).

Соҳиби Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1965).

 

Искандаров Баҳодур Искандарович (1912-2004) 

Институти таърих, фалсафа, адабиёт ва забоншиносии Ленинградро хатм кардааст (1936). Доктори илмҳои таърих (1959), профессор (1966). Академик (1973, ихтисос – «таърихи ИҶШС», узви вобаста, (1966).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, шарқшиносӣ, таърихи Бухорои Шарқӣ ва Помир ва кишварҳои ҳамҷавор дар асрҳои ХIХ-ибтидои қарни ХХ.

Директори Институти таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон (1962-1988). Директори ифтихории Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Дониши АИ ҶТ (1994-2004).

Бо орденҳои Ситораи Сурх, Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В,И.Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1967).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974).

 

Каримов Хуршед Ҳилолович  (1935-2014)

 

Донишгоҳи давлатии Москваи  ба номи М.В. Ломоносовро хатм намудааст (1958). Доктори илмҳои биологӣ (1984), профессор (1989). Академик (1985, ихтисос- «селексия, растанипарварӣ», узви вобаста, 1981).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физиология,  биохимия ва экологияи растаниҳо, растанипарварӣ.

Ходими хурд ва калони илмӣ, мудири озмоишгоҳ (1961-1966), муовини директор (1966-1986), директори (1986-2011) Институти физиология ва биофизикаи растании  (аз с.1996 Институти физиологияи растанӣ ва генетика) АИ ҶТ. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биологӣ ва тиб (1995-2001), ноиби президент (2001-2010), узви Раёсати АИ ҶТ (2010). Сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ (2011). Депутати Халқии ИҶШС (1989-1991).

Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ», ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).

 

Красичков Вячеслав Прокофевич (1898-1978) 

Институти кӯҳистонии кишоварзӣ (ш. Владикавказ) хатм кардааст  (1929). Номзади илми кишоварзӣ (1948). Академик (1957, ихтисос – «селексия ва тухмпарварии пахта», узви вобаста, 1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: селексия ва тухмпарварии пахта.

Директори Институти тоҷикистонии тадқиқотии илмии зироаткорӣ (1956-1957). Ноиби президент, академик-котиби Шӯъбаи илмҳои табиатшиносии (аз с.1959 Шӯъбаи биология ва кишоварзӣ) АИ ҶТ (1957-1960). Мудири шӯъбаи селексияи пахтаи Институти тоҷикистонии тадқиқотии илмии кишоварзӣ (1960-1978).

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966).

Бо ду ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Барои меҳнати аъло» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1952).

Агрономи  шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1957).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1950),

Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972).



Литвинский Борис Анатолевич (1923-2010) 

Донишгоҳи давлатии омӯзго-рии Москваро хатм кардааст (1946). Доктори илми таърих (1970), профессор (1971). Академик (1985,  ихтисос - «таърих, бостоншиносӣ», узви вобаста, 1978, ихтисос – «бостоншиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, бостоншиносӣ, таърихи фарҳанг.

Муовини директори ИТИ санъатшиносии Тошкент (1949-1951), мудири бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1971), ходими калони илмӣ, мудири бахшҳои муносибатҳои таърихӣ ва фарҳангии Шарқи шӯравӣ ва хориҷӣ (1971-1973), даврони қадим ва асрҳои миёнаи ИШ АИ ИҶШС (АИР, 1973-2010), ҳамзамон сардори Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶТ (1973-1991).

Бо ордени Ситораи Сурх, Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).

Ба дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Р.Гиршмани Академияи катибаҳо ва каломи бадеъ (Франсия) ноил гаштааст.


Мансуров Ҳамид Ҳусенович  (1925 - 2013) 

Институти тиббии Самарқандро ба поён расондааст (1947). Доктори илми тиб (1960), профессор (1961). Академик (1978, ихтисос – «тиб», узви вобаста, 1962, ихтисос – «бемориҳои дарунӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: гастроэн-терология, гепаталогия.

Мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1959-1974). Директор (1962-2002), директори фахрии (2002) Институти гастроэнтерологияи АИ ҶТ. Ноиби президенти АИ ҶТ (1989-1995).

Бо ордени Ленин, Инқилоби Октябр, «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи III, медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1976).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1981), ҷоизаи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ (2003).

 

Махсумов Акбар Нусратуллоевич (1928-2001) 

Донишгоҳи кишоварзии Тоҷи-кистонро хатм кардааст (1948). Доктори илми кишоварзӣ (1966). Академик (1968, ихтисос – «растани-парварӣ», узви вобаста, 1962). Академики  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (1994), академики Академияи илмҳои кишоварзии Россия.

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: зироаткорӣ ва растанипарварӣ.

Ходими хурд ва калони илмӣ, мудири шӯъбаи Бунгоҳи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон (1951-1956). Мудири шӯъба (1956-1959), муовини директор (1959-1961), директори Институти тадқиқотии кишоварзӣ (1961-1962). Саркотиби илмии Раёсати АИ ҶТ (1962-1965). Вазири кишоварзии ҶШС Тоҷикистон (1965-1971). Ноиби президенти АИ ҶШС (1971-1975). Муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1975-1986), муовини аввали раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон – раиси Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон (1986-1988). Директори Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1988-1991). Мушовири Раёсати АИ ҶТ (1994-2001).

Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои Инқилоби Октябр, «Нишони Фахрӣ», медали  «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967).

 

Мирзоев Абдулғанӣ Муҳаммадович (1908-1976) 

Донишгоҳи давлатии Ленин-градро хатм кардааст (1939). Доктори илми филология (1957), профессор (1960). Академик (1957, ихтисос – «адабиётшиносӣ», узви вобаста, 1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: филология, шарқшиносӣ, таърих.

Мудири бахши адабиёт (1945-1947), директори Институти таърих, забон ва адабиёти Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1947-1951), мудири бахши адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1958), мудири Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶШС Тоҷикистон (1958-1970), директори Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1970-1976). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз с.1948).

Бо ду ордени «Нишони фахрӣ», ду ордени Байраӣи Сурхи Меҳнат, медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуд В.И.Ленин», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1952).

Арбоби шоистаи илми ҶШС Ӯзбекистон (1976).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972).

 

Мухторов Аҳрор  (1924-2007) 

Институти давлатии омӯзгории ба номи Т.ГШевченкои ш.Душанберо ба поён расондааст (1951). Доктори илми таърих (1971), профессор (1982). Академик (1991, ихтисос – «таърих», узви вобаста, 1978, ихтисос – «таърихи ИҶШС»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, сарчашмашиносӣ.

Котиби илмӣ, и.в. директор (1958-1959), мудири бахши таърихи асрҳои миёна (1959-1991), сарходими илмии (1991-2007) Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶТ.

Бо ордени «Шараф», медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои озодкунии Прага», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Бистсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1987).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007).

 

Нарзиқулов Ибодулло Қосимович (1909-1974) 

Институти индустриалии Ленинградро хатм кардааст (1935). Номзади илмҳои иқтисодӣ (1950), профессор (1968). Академик (1953, ихтисос – «иқтисоди саноат», узви вобаста, 1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисоди саноат.

Ёвари раиси Шӯрои комиссариати халқ (1941-1943), раиси Госплани ҶШС Тоҷикистон (1943-1946). Муовини сардори Раёсати Бахши тоҷикистонии АИ ИҶШС Тоҷикистон (1951-1953). Ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1954-1956). Муовини раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (1956-1957). Ноиби аввали президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-1967), и.в. президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1966-1968), раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии АИ ҶШС Тоҷикистон (1966-1973).

Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964).

 

Нарзиқулов Муҳаммад Нарзиқулович (1914-1985) 

Донишгоҳи давлатии Ӯзбекис-тонро хатм кардааст (1937). Доктори илмҳои биологӣ (1958), профессор (1961). Академик (1966, ихтисос – «энтомология», узви вобаста, 1957).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: энтомология, фаунистика, систематика, зоогеография, усулҳои ҳамгироии мубориза бар зидди зарароварони зироати кишоварзӣ.

Мудири шӯъбаи систематикаи ҳайвоноти бесутунмӯҳра (1996-1974), директори (1948-1967; 1972-1984) Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶШС Тоҷикистон. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биологии АИ ҶШС Тоҷикистон (1967-1984). Саркотиби илмии Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон (1968-1971).

Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои меҳнати шоён», «Бистсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Сисолагии ғалаба дар  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1980).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1984).

 

Неъматов Нӯъмон  (1923-2011) 

Институти омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм намудааст (1948). Доктори илми таърих (1969), профессор (1972). Академик (1994, ихтисос-«бостоншиносӣ», узви вобаста, 1978).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, бостоншиносӣ.

Мудири шӯъбаи таърихи фарҳанг ва санъат (1971-1999), сарходими илмии (1991-2011) Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶТ. Роҳбари экспедитсияи комплексии бостоншиносии Тоҷикистони Шимолӣ (1971-2011). Директори Мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990-1993). Роҳбари Маркази илмии таҳқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Ғафуров (1996-2011).

Бо ордени «Дӯстӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1987).

 

Недзветский Антон Петрович  (1902-1992) 

Институти кӯҳии Ленинградро хатм кардааст (1934). Академик (1953, ихтисос – «геология»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ:  геологияи Помир, Тоҷикистони Марказӣ, Қаромазор.

Саргеологи Садорати геологии Тоҷикистон (1947-1953), ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1953-1957), муовини Раиси Кумитаи давлатии ҳамоҳангсози корҳои илмиву тадқиқотии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1957-1972), мушовири Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1972-1992).

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», Дӯстии халҳҳо, медалҳои «Барои меҳнати аъло», «Барои меҳнати шоиста», «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945).

Геологи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1972). 

 

Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович (1906-1979) 

Институти омӯзгории Тошкент-ро хатм кардааст (1929). Доктори илми филология (1948), профессор (1952). Академик (1951, ихтисос – «забоншиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: забоншиносии тоҷик, шевашиносӣ.

Мудири бахши таърих ва забоншиносии Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1939-1941), директори Институти таърих, забон ва адабиёти Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941-1945). Муовини сардори Раёсати Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1948-1951), ноиби президент (1951-1953), академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ (1953-1962), мудири бахши Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1956-1976).

Бо ордени  Байрақи Сурхи Меҳнат, се ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба  муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1964).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974).

 

Никитин Василий Иванович (1902-1973) 

Институти химияву технологии Ленинградро хатм намудааст (1933). Доктори илми химия (1961), профессор (1962). Академик (1968, ихтисос – «химия», узви вобаста, 1962).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ:  химияи асетилен ва ҳосилаҳои он.

Котиби илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири озмоишгоҳи Институти химияи органикии АИ ИҶШС (1935-1944), директори Институти химияи Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ҶШС Тоҷикистон (1944-1951), директори Институти химияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1970).

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Байрақи сурх», медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, «Барои меҳнати аъло» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1962).

 

Носиров Юсуф Саидович  (1932-2007)

Институти давлатии омӯзгории ба номи С.М.Кирови Ленинободро хатм намудааст (1950). Доктори илмҳои биологӣ (1966), профессор (1968). Академик (1981, ихтисос – «физиологияи растаниҳо», узви вобаста, 1966).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физиология, биохимия ва экологияи растаниҳо, растанипарварӣ.

Директори Институти физиологияи ва биофизикаи  растаниҳои АИ ҶШС Тоҷикистон (1964-1986). Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1986-2000). Раиси Хазинаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  (2002-2007).

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати аъло», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1990).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1996).

 

Нӯъмонов Эшонқул Усмонович  (1919-1992) 

Институти давлатии омӯзгории Ленинободро хатм кардааст (1947). Доктори илми химия (1972), профессор (1973). Академик (1985, ихтисос – «химия», узви вобаста, 1972).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи нафт, таркибҳои нафту химия.

Мудири кафедраи химияи умумии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1952-1959), мудири кафедраи химияи органикии ДДТ ба номи В.И.Ленин (1960-1965), мудири озмоишгоҳи химияи нафт (1958-1971), директор (1971-1988), директори ифтихории (1988-1992) Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶШС Тоҷикистон.

Бо орденҳои Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1 ва 2, медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945)», «Барои гирифтани Берлин», «Барои гирифтани Прага», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон.

 

Овчинников Павел Николаевич (1903-1979) 

Донишгоҳи Петроградро хатм кардааст (1925). Доктори илмҳои биологӣ (1946), профессор (1954). Академик (1957, ихтисос – «геоботаника ва систематикаи растаниҳо», узви вобаста, 1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ботаника, геоботаника, флора ва растаниҳо, захираҳои растанӣ.

Директори Институти ботаникаи Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941-1950). директори Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1977), мудири шӯъбаи флора ва систематикаи растаниҳои олии Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1977-1979). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биологии АИ ҶШС Тоҷикистон (1961-1967).

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Бо орденҳои «Ленин», «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1963).

 

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996) 

Президенти АИ ҶТ (1965-1988).

Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба поён расонидааст (1941). Доктори илми фалсафа (1971). Академик (1965, ихтисос – «фалсафа»).

Узви вобастаи АИ ИҶШС (1974, ихтисос – «фалсафа»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафаи табиатшиносӣ; таърихи фалсафа, илм, забон, адабиёт.

Муаллими калон, мудири кафедра, ноиби ректори ИДПЛ (ҳоло ДДХ ба номи Б.Ғафуров, 1946-1952), ректори ДПТ (ҳоло – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, 1956-1962), вазири маорифи ҶТ (1962). Раиси Комитети назорати партиявӣ ва давлатӣ, котиби КМ ПК Тоҷикистон, муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1962-1965). Раиси Анҷумани «Пайванд» (1988-1996).

Бо ду ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои Инқилоби Октябр, Ҷанги Ватании дараҷаи 1, Ситораи Сурх, «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён». Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «50-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС», «Чилсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978).

Соҳиби Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1980).

 

Панкратов Петр Андреевич (1907-1972) 

Институти индустриалии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1934). Доктори илмҳои геология ва минералогия (1971). Академик (1976, ихтисос – «гидрогеология», узви вобаста, 1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ:  гидрогеология ва мелиоратсия, гидрогеологияи минтақавӣ, режими обҳои зеризаминӣ, марзбандии гидрогеологӣ, назарияи ҳаракати обҳои зеризаминӣ.

Мудири шӯъбаи гидрогеология (1949-1975), директори Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1950-1953), мушовири Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1975-1979).

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоиста», «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945), «Барои меҳнати шоён. «Ветерани меҳнат, Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбекистон» сарфароз шудааст.

 

Плешко Семён Иванович  (1903-1957) 

Институти кишоварзии Полтаваро хатм кардааст (1927). Доктори илми кишоварзӣ (1948). Академик (1951, ихтисос – «ҳосилкунии хӯроки чорво»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: истеҳсоли хӯроки чорво, захираҳои хӯроки чорво.

Директор (1944-1946), мудири бахши омода кардани хӯроки чорвои (1946-1953) Институти ҳайвонотпарварии Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (аз с.1951 АИ ҶШС Тоҷикистон). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои табиатшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1953-1957).

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

 

Порошин Константин Титович (1907-1971) 

Институти саноати шири Вологдаро хатм кардааст (1931). Доктори илми химия (1952), профессор (1964). Академик (1960, ихтисос – «химияи органикӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи сафедаҳо ва пептидҳо (таркиби полипептидҳо, таркибҳои фаъоли биологӣ дар асоси α–аминокислотаҳо, пептидҳо, аналогҳои фосфинии пептидҳо, сафедаҳо ва алкалоидҳо).

Котиби илмии Шӯъбаи илмҳои химияи АИ ИҶШС (1948-1955), муовини академик-котиби Шӯъбаи илмҳои химияи АИ ИҶШС (1955-1957), ходими калони илмии Институти химияи органикии АИ ИҶШС (1957-1960). Ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1960-1971), роҳбари илмии озмоишгоҳи химияи таркибҳои табиии Институти химияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1960-1971).

Бо орденҳои Ситораи Сурх, «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои мудофиаи Москва», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоиста», «Бистсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон. 

 

Раҷабов Зариф Шарифович  (1906-1990) 

Институти таърих ва фалсафаи Москваро ба поён расондааст (1932). Доктори илми таърих (1959), профессор (1960). Академик (1962, ихтисос - «таърихи ИҶШС», узви вобаста, 1951).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, таърихи фарҳанг.

Мудири қисми илмии Академияи омӯзгории Душанбе (1932), мудири кафедраи таърихи ИҶШС  Институти омӯзгории тоҷик (Тошкент), мудири шӯъба, котиби илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи Пойгоҳи ӯзбекистонии АИ ИҶШС (1937-1943), директори Институти таърих ва бостоншиносии АИ ҶШС Ӯзбекистон (1943-1945), ректор (1948-1954), мудири кафедраи таърихи ИҶШС Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1954-1959), директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1959-1962), академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1962-1971).

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбекистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967).

 

Раҷабов Солеҳ Ашӯрхоҷаевич (1912-1990) 

Институти созмони шӯравӣ ва ҳуқуқи Тошкент (1933). Доктори илми ҳуқуқ (1949), профессор (1950). Академик (1957, ихтисос-«ҳуқуқ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи шӯравӣ.

Директори Институти ҳуқуқи Тошкент (1936-1940; 1943-1945; 1949-1954). Мудири кафедраи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Самарқанд, 1955-1956). Ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1956-1971).

Муовини сармуҳуррири сарредаксияи илмии Энсиклопедияи шӯравии тоҷик (1973-1975). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶШС (1975-1987), мушовири Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон (1987-1990).

Бо панҷ ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС  Ӯзбекистон сарфароз гардидааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1967).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1970).

 

Саидмуродов Ҳабибулло Муродович (1933-1999) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикис-тон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1955). Доктори илми иқтисодӣ (1972), профессор (1976). Академик (1987, ихтисос -«иқтисодиёт», узви вобаста, 1976, ихтисос- «таърихи хоҷагии халқ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисодиёт, таърихи хоҷагии халқ.

Мудири бахш, мудири шӯъбаи таърихи хоҷагии халқ ва иқтисоди сиёсии Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1963-1973). Раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии АИ ҶШС Тоҷикистон (1973-1980; 1982-1987), и.в. саркотиби илмӣ (1976-1977), саркотиби илмии Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон (1977-1989), ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1989-1991). Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1990). Муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶТ (1991-1992). Раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии АИ ҶТ (1992-1995), академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ (1995-1999).

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1991).

 

Семёнов Александр Александрович  (1873-1958) 

Институти забонҳои шарқии Лазаревро хатм кардааст (Москва, 1900). Доктори илми таърих (1942), профессор (1919). Академик (1951, ихтисос – «шарқшиносӣ»). Узви вобастаи АИ ҶШС Ӯзбекистон (1943).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: шарқшиносӣ. сарчашмашиносӣ. таърихнигорӣ, таърих, бостоншиносӣ, фолклор, мардумшиносӣ, таърихи фарҳанг.

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1958).

Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Ӯзбекистон (1944) ва ҶШС Тоҷикистон (1946).

 

Смолский Николай Владиславович (1905-1976)  

Академияи кишоварзии Си-бирро хатм намудааст (Омск, 1927). Доктори илмҳои биологӣ (1967), профессор (1969). Академик (1951, ихтисос – «растанипарварӣ»). Академики АИ ҶШС Белоруссия (1969).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: растани-парварии субтропикӣ.

Директори Институти илмию тадқиқотии Умумииттифоқии субтропикҳои хушк (1945-1955). Ноиби президент, академик-котиби Шӯъбаи илмҳои табиатшиносии АИ ҶТ (1951-1952). Директори Боғи марказии ботаникии Академияи илмҳои Белоруссия (1955-1976).

Бо ордени Инқилоби Октябр, ду ордени «Нишони Фахрӣ», ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳои «Барои мудофиаи Киев», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Белоруссия (1972).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ҶШС Белоруссия (1978). 


Тоҷиев Комил Тоҷиевич  (1910-1981) 

Институти якуми тиббии Моск-варо хатм кардааст (1937). Доктори илми тиб (1960), профессор (1961), Академик (1966, ихтисос – «тиб»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ҷарроҳии сина, ҷарроҳии дил.

Сарҷарроҳи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1958-1964). Мудири кафедраи ҷарроҳии умумӣ (1959-1981), ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1965-1973).

Бо орденҳои Ленин, Ҷанги Ватании дараҷаи 2, ду ордени Ситораи Сурх, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои мудофиаи Севастопол», «Барои мудофиаи Сталинград», «Барои озодии Прага», «Барои гирифтани Берлин», «Бистсолагии ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1963).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967).

 

Турсунзода Мирзо (1911-1977) 

Қаҳрамони Тоҷикистон (2001).

Институти омӯзгориро ба поён расондааст (Тошкент, 1930). Акаде-мик (1951, ихтисос – «адабиётшиносӣ»).

Самти асосии фаъолияти илмӣ: адабиёт, забони тоҷикӣ, фолклор.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1934). Раиси Садорати ИНТ (1939-1943), сардори Раёсати санъати ҶШС Тоҷикистон (1943-1946), раиси Садорати ИНТ (1946-1977).

Шоири халқии Тоҷикистон (1961). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967).

Бо чор ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Соҳиби Ҷоизаи ленинӣ (1960). Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1948), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1965), Ҷоизаи Байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1967), Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1971). 

 

Умаров Султон Умарович (1908-1964) 

Президенти АИ ҶТ (1957-1964).

Академияи омӯзгории Самар-қандро хатм кардааст (1930). Номзади илмҳои физикаву математика (1936), профессор (1949). Академики АИ ҶШС Ӯзбекистон (1943), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1957, ихтисос – «физика»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физикаи релетивистии статистикӣ ва назарияи кинетики газҳо, назарияи нисбат, электроникаи физикӣ ва физикаи нимноқилҳо, физикаи амалӣ.

Дотсенти Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (1936-1941), муовини директор, директори Институти омӯзгории Тошкент (1941-1942), ректори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (1942; 1945-1950), муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Ӯзбекистон (1942-1945). Мудири Шӯъбаи физикаи назариявӣ (1950-1956), директори Институти физикаву техникаи АИ ҶШС Ӯзбекистон. (1956-1957). Мудири кафедраи физикаи назариявии ДДТ ба номи В.И.Ленин ва мудири Шӯъбаи физика ва математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-1964).

Бо ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳои  «Барои меҳнати шоиста», «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» тақдир шудааст.

 

Усмонов Пӯлод Ҷӯраевич  (1935-2002) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1958). Доктори илмҳои биологӣ (1984), профессор (1990). Академик (1997, ихтисос – «генетика», узви вобаста, 1985).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: генетикаи растаниҳо, биологияи радиатсионӣ, таълимоти эволютсионӣ.

Мудири озмоишгоҳи генетикаи физиологии Институти физиология ва биофизикаи растании АИ ҶШС Тоҷикистон (1967-1975). Мудири Шӯъбаи генетикаи умумии пахтаи АИ ҶТ (1975-1995). Муовини директори Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи АИ ҶТ (1996-2002).

Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996).


Ҷалилов Манзур Раҳимович (1933-1994) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1956). Доктори илмҳои геология ва минералогия (1974). Академик (1991, ихтисос – «геология», узви вобаста,1981).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: стратиграфияи русубҳои депрессияи Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳамсоя, систематика, экология, тақсимоти палеозоогеографии гастроподи регзор ва давраҳои рушди онҳо.

Мудири шӯъбаи палеонтология ва стратиграфияи Институти геология (1978-1994), директори Институти геология (1988-1994), саркотиби илмии АИ ҶТ (1989-1991), ноиби президент, раиси Шӯъбаи илмҳои оид ба Замини АИ ҶТ (1991-1994).

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Ҷӯраев Абдуҳамид Ҷӯраевич (1932-2005) 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1956). Доктори илмҳои физикаву математика (1967), профессор (1970). Академик (1973, ихтисос – «математика», узви вобаста, 1968).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ.

Муовини мудири Шӯъбаи физикаву ва математика АИ ҶШС Тоҷикистон (1962-1964), муовини директори Институти физикаву техникаи ба номи С.Умаров (1964-1970), мудири Шӯъбаи математика бо МҲ АИ (1970-1973), директори Институти математикаи бо МҲ АИ ҶШС  Тоҷикистон (1973-1987), мудири шӯъбаи муодилаҳои Институти математикаи АИ ҶТ (1987-2005).

Бо ордени «Нишонии Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1997).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001).

 

Шукуров Муҳаммад Шарифович  (1926-2012) 

Институти давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро ба поён расондааст (1945). Доктори илми филология (1971), профессор (2011). Академик (1996, ихтисос – «филология», узви вобаста, 1981, ихтисос – «адабиётшиносӣ»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, масъалаҳои худшиносии миллӣ.

Мудири шӯъбаи адабиёти шӯравии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1959-1990), раиси Кумитаи ҷумҳуриявии истилоҳот дар назди АИ ҶТ (1990-1999). Сарходими шӯъбаи адабиёти муосир, мушовири илмии (2000- то имрӯз) Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (ҳоло Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1956).

Бо ордени Дӯстии халқҳо, «Дӯстӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаи  Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1996).

Узви Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон (1996).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1996), Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино (2009), Ҷоизаи байналмилалии «Чеҳраҳои мондагор» (ҶИЭ).

 

Юсуфбеков Худоёр Юсуфбекович (1928-1990) 

Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст (1954). Доктори илми кишоварзӣ (1969), профессор (1984). Академик (1976, ихтисос – «растанишиносӣ», узви вобаста, 1968).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: растанишиносӣ, зироаткории кӯҳӣ ва чарогоҳшиносӣ.

Директори Бунгоҳи биологии Помири АИ ҶШС Тоҷикистон (1962-1969). Директори Институти биологии Помири АИ ҶШС Тоҷикистон (1969-1981). Ректори Донишкадаи  кишоварзии Тоҷикистон  (1981-1986). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биологии АИ ҶТ (1986-1990).

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳои «Барои меҳнати шоиста.  Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978).

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989).

 

Юсуфова Сороҷон Михайловна (1910-1966) 

Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистонро хатм кардааст (1935). Доктори илмҳои геология ва минералогия (1948), профессор (1950). Академик (1951, ихтисос – «геология»).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: минералогия ва геохимияи ташкилаҳои таҳнишастӣ, таҳқиқи хусусиятҳои минералогиву геохимиявии таҳнишастаҳои мезокайназойи депрессияи Тоҷикистон.

Мудири озмоишгоҳи рентгеноминералогии Институти геологияи Бахши  ӯзбекистонии АИ ИҶШС (1940-1943). Мудири бахши геологияи ангишт ва нафти (1946-1952), мудири шӯъбаи геологияи умумии Институти геологияи Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1949-1952), мудири кафедраи геологияи ДДТ ба номи В.И.Ленин (1949-1955), мудири озмоишгоҳи усулҳои таҳлили физикаву химиявии Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-1959).

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶШС Тоҷикистон (1960).

 

Якубовский Александр Юревич  (1886-1953) 

Донишгоҳи Петербург (1913) ва ДДЛ-ро (1924) хатм кардааст. Докто-ри илми таърих (1935), профессор (1935), Академик (1951, ихтисос - «таърих ва бостоншиносӣ». Узви вобастаи АИ ИҶШС, 1943).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: шарқшиносӣ, таърих, бостоншиносӣ, таърихи фарҳанг.

Сардори экспедитсияи бостоншиносии суғдиву тоҷикии (баъдтар тоҷикӣ) Институти таърихи фарҳанги моддии ИҶШС, Эрмитажи давлатӣ ва Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1945-1953).

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.

Соҳиби Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1952),  Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997).