joomla

21:54, 19th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

Аъзои хориҷии АИ ҶТ аз соли 1951



 ҲАЙАТИ ШАХСӢ АЗ СОЛИ 1951

 

АЪЗОИ ХОРИҶИИ 

 

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Кудрявтсев Владимир Николаевич (1923-2007) 

Академияи харбиву ҳуқуқшиносиро хатм кардааст (1949). Доктори илми ҳуқуқ (1963), профессор, академики АИ ИҶШС (1984, ихтисос «фалсафа ва хуқуқ»). Узви хориҷии АИ ҶТ (1997).

Самтхои асосии фаъолияти илми: фалсафа, хуқуқ, криминология ва хуқуқи ҷинояти.

Муаллим, муаллими калон, муовини сардори шӯъбаи илмиву тахқиқоти, котиби илми, дотсенти кафедраи хуқуқи ҷиноятии Академияи харбиву хуқуқшиноси (1952-1956). Муаллими калони кафедраи хуқуқи ҷинояти ва судии Академияи харбиву сиёсии ба номи В.И.Ленин (1956-1960). Муовини сардор, сардори шӯъбаи ташкиливу назоратии Коллегияи харбии Суди Олии ИҶШС (1960-1963). Ба Прократураи ИҶШС интиқол шудааст (1963-1973). Ноиби президенти АИ ИҶШС (1988-1991), ноиби президенти АИР (аз соли 1992).

Бо ордени Ленин, Инқилоби Октябр, ду ордени «Нишони Фахри», ордени «Барои хизмат бахри Ватан» дараҷаи 3-юм, медалхои зиёд тақдир шудааст.

Арбоби шоистаи илми РСФСР (1991).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1984).

 

Мокроносов Адолф  Трофимович (1928 - 2000) 

Донишгоҳи давлатии Урал ба номи А.М.Горкийро хатм кардааст (1951). Доктори илмҳои биологи (1966), профессор (1967). Академики АИ ИҶШС (АИР, 1987, ихтисос-«физиологияи растанихо», узви вобаста, 1981).

Узви хориҷии АИ ҶТ (1997).

Самтҳои асосии фаъолияти илми: экологияи фотосинтез, биохимия ва физиологияи растанихо.

Мудири кафедраи физиологияи растанихо (1960-1983), ноиби ректори Донишгохи Урал (1973-1977). Мудири озмоишгох (1983-2000), муовини директор (1984-1987), директори Институти физиологияи растанихои ба номи К.А.Тимирязеви АИ ИҶШС (АИР, 1987-2000). Мудири кафедраи физиологияи растанихои ДДМ ба номи М.В.Ломоносов (1985-1994). Мушовири АИР (1997-2000).

Арбоби шоистаи илми РСФСР (1981).

Бо орденхои Дӯстии халқхо, «Нишони Фахри», Шӯхрат сарфароз гардидааст. 

 

Платэ Николай Алфредович(1934 - 2007)

Донишгохи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро хатм кардааст (1956). Доктори илми химия (1966), профессор (1970). Академики АИ ИҶШС (1987, ихтисос-«таркибхои молекулавии баланд», узви вобаста, 1974). Узви хориҷии АИ ҶТ (1997).

Самтҳои асосии фаъолияти илми:  равандхои модификатсияи полимерхо; назарияи қобилияти вокунишии гурӯххои фаъол ва бахшхои микромолекулахо; полимерхои термотропии моеъу кристали ва мезофази; маводи полимерии тиббиву биологи; мембранхои  полимерии селективи; сенсорхои химияви; технологияи мембрани; бесилохгардонии химияви.

Рохбари гурӯх (1963-1985), директори Институти синтези нафту химияви ба номи А.В.Топчиеви АИР (1985-2007). Ноиби президенти АИР (2001-2007).

Бо орденхои «Нишони Фахри», Дӯстии халқхо, «Барои хизмат бахри Ватан» дараҷахои 2, 3, 4, медалхо тақдир шудааст.

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1985), Ҷоизаи давлатии ФР (2002), ҷоизаи ба номи В.А.Каргин (АИ ИҶШС, 1981), ҷоизаи байналмилалии  «Гурги тиллои» (1988), ҷоизаи ба номи С.В.Лебедев (АИР, 1995). Бо ҷоизаи байналмилалии олии Анҷумани полимерии Япония сарфароз гардидааст (2001).

Бо унвони «Химиядони ифтихории ИҶШС», «Химиядони ифтихории ФР», «Муҳандиси шоистаи Россия» шарафёб гаштааст.